Савол № 01298

Мегуфтед, ки қурбонӣ ба кӣ фарз аст, моли қурбонишаванда бояд чигуна бошад ва шахси қурбоникунанда пеш аз қурбонӣ кадом амалҳоро бояд анҷом диҳад.

Савол:

Ассалому алайкум муҳтарам домулло. Мегуфтед, ки қурбонӣ ба кӣ фарз аст, моли қурбонишаванда бояд чигуна бошад ва шахси қурбоникунанда пеш аз қурбонӣ кадом  амалҳоро бояд анҷом диҳад.

Саволдиҳанда: Соҳиб

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, қурбонӣ кардан барои инсонҳое, ки соҳиби нисоби закот ҳастанд, воҷиб аст. Моли қурбонӣ бояд аз гӯсфанду буз яксола, аз гов дусола ва аз шутур панҷсола бошад. Аз гӯсфанду буз барои як кас дуруст аст, аммо аз гову шутур то ҳафт кас шарик шудан ҷоиз аст. Ҳайвони қурбонишаванда бояд аз ҳама айбу нуқсон солим бошад. (“Мухтасару-л-виқоя”, с.134-135) 

2017-06-19
3334
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39