Question № 01472

Пеш ман дар хоб медидам, ки роҳ гашта наметавонам ва баъзан вақт пойи чапам дард мекарду боз дардаш гум мешуд. Баъди чанде дигар ин гуна хоб намедидам, вале дар хобам асабонӣ мешудам...

Question:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Пеш ман дар хоб медидам, ки роҳ гашта наметавонам ва баъзан вақт пойи чапам дард мекарду боз дардаш гум мешуд. Баъди чанде дигар ин гуна хоб намедидам, вале  дар хобам асабонӣ мешудаму дандонҳои худро мегазидам ва дар ҳолати хобам гап зада наметавонистам. Таъбири ин хобҳои маро мегуфтед, аз Шумо миннатдор мешудам.

Саволдиҳанда:Муслим

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, хоб эҳтимоли рост ва дурӯғро дорад ва инсон хобҳои гуногун мебинад. Баъзе хобҳо шайтонӣ ҳастанд ва асос надоранд, аз ин рӯ, аз дидани он набояд ошуфтахотир гардид. Шумо пеш аз хоб “Оятул-Курсӣ” ва сураҳои “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”-ро хонда бар худ бидамед, иншоаллоҳ наҷот меёбед. Худованд ба шумо офият ва оромиш ато фармояд.

2017-10-24
2857
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

26.11.2024

More
Fajr05:41
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:09
Isha18:39