Савол № 01472
Пеш ман дар хоб медидам, ки роҳ гашта наметавонам ва баъзан вақт пойи чапам дард мекарду боз дардаш гум мешуд. Баъди чанде дигар ин гуна хоб намедидам, вале дар хобам асабонӣ мешудам...
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Пеш ман дар хоб медидам, ки роҳ гашта наметавонам ва баъзан вақт пойи чапам дард мекарду боз дардаш гум мешуд. Баъди чанде дигар ин гуна хоб намедидам, вале дар хобам асабонӣ мешудаму дандонҳои худро мегазидам ва дар ҳолати хобам гап зада наметавонистам. Таъбири ин хобҳои маро мегуфтед, аз Шумо миннатдор мешудам.
Саволдиҳанда:Муслим
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, хоб эҳтимоли рост ва дурӯғро дорад ва инсон хобҳои гуногун мебинад. Баъзе хобҳо шайтонӣ ҳастанд ва асос надоранд, аз ин рӯ, аз дидани он набояд ошуфтахотир гардид. Шумо пеш аз хоб “Оятул-Курсӣ” ва сураҳои “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”-ро хонда бар худ бидамед, иншоаллоҳ наҷот меёбед. Худованд ба шумо офият ва оромиш ато фармояд.