Question № 02066
Ғайбат кардани бародари мўъмин аз нигоҳи Қуръон ва суннати Расули акрам (с) чӣ ҳукм дорад?
Question:
Ассалому алайкум. Ғайбат кардани бародари мўъмин аз нигоҳи Қуръон ва суннати Расули акрам (с) чӣ ҳукм дорад?
Саволдиҳанда:Хоҷамурод
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ғайбат кардани бародари мусулмон аз нигоҳи шариат гуноҳи кабира ва амали ҳаром аст, зеро Худованд дар Қуръон мефармояд: “Эй мўъминон, аз гумони бисёр иҷтиноб кунед, ҳар оина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст; ва ҷосусӣ макунед ва якдигарро ғайбат макунед. Оё касе аз шумо дўст медорад, ки гўшти бародари мурдаи худро бихўрад? Балки аз вай нафрат хоҳед кард. Ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ ки Худо Тавбапазирандаи Меҳрубон аст”. (Сураи “Ҳуҷурот”, ояти 12) Инчунин Расули акрам (с) фармудаанд: “Оё медонед, ки ғайбат чист?” Гуфтанд: Аллоҳ ва Расулаш донотар аст. Фармуданд: “Бародаратро бо сухане ёдовар шавӣ, ки бадаш меояд”. (Ривояти Муслим) Уламо мегўянд, ки дар ҳар гуноҳе як тавба лозим аст, аммо дар ғайбат ду тавба мебояд, як тавба барои берун омадан аз ҳаққи Худованд ва дигар биҳилӣ хостан аз касе, ки мавриди ғайбат қарор гирифтааст.