Вопрос № 02066

Ғайбат кардани бародари мўъмин аз нигоҳи Қуръон ва суннати Расули акрам (с) чӣ ҳукм дорад?

Вопрос:

Ассалому алайкум. Ғайбат кардани бародари мўъмин аз нигоҳи Қуръон ва суннати Расули акрам (с) чӣ ҳукм дорад? 

Саволдиҳанда:Хоҷамурод

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ғайбат кардани бародари мусулмон аз нигоҳи шариат гуноҳи кабира ва амали ҳаром аст, зеро Худованд дар Қуръон мефармояд: “Эй мўъминон, аз гумони бисёр иҷтиноб кунед, ҳар оина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст; ва ҷосусӣ макунед ва якдигарро ғайбат макунед. Оё касе аз шумо дўст медорад, ки гўшти бародари мурдаи худро бихўрад? Балки аз вай нафрат хоҳед кард. Ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ ки Худо Тавбапазирандаи Меҳрубон аст. (Сураи “Ҳуҷурот”, ояти 12) Инчунин Расули акрам (с) фармудаанд: “Оё медонед, ки ғайбат чист?” Гуфтанд: Аллоҳ ва Расулаш донотар аст. Фармуданд: “Бародаратро бо сухане ёдовар шавӣ, ки бадаш меояд”. (Ривояти Муслим) Уламо мегўянд, ки дар ҳар гуноҳе як тавба лозим аст, аммо дар ғайбат ду тавба мебояд, як тавба барои берун омадан аз ҳаққи Худованд ва дигар биҳилӣ хостан аз касе, ки мавриди ғайбат қарор гирифтааст.

2019-04-09
2795
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

24.11.2024

Подробнее
Фаджр05:39
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39