Home Questions and answers Namaz Question № 00304

Question № 00304

Илтимос ба мо мегуфтед, ки фарқи намози зан аз мард дар чист. Инчунин тартиби намози бо ҷамоат дар хона хондан бо аҳли оиларо низ мефаҳмондед!

Question:

Илтимос ба мо мегуфтед, ки фарқи намози зан аз мард дар чист. Инчунин тартиби  намози бо ҷамоат дар хона хондан бо аҳли оиларо низ мефаҳмондед!. Бо эҳтиром, бародари исломӣ Самандар, аз Раштонзамин.


 

 


 

Answer:

Тартиби намоз хондани зан монанди намоз хондани мард аст, фақат дар баъзе ҳолатҳо аз ҳамдигар тафовут дорад.

  1. Мард азон ва иқомат мегӯяд, аммо зан намегӯяд.
  2. Мард дар вақти такбири таҳрима дастҳояшро баробари нармиҳои гӯш мебардорад, аммо зан дастҳоро баробари китфҳояш боло мекунад.
  3. Дар вақти саҷда мард шикамашро аз рон дур мегирад, аммо зан шикамашро ба рон мечаспонад ва низ мард оринҷҳои худро аз замин дур медорад, вале зан оринҷҳои худро бо замин мечаспонад.
  4. Дар вақти қироат мард дастҳоро дар зери ноф мегузорад, аммо зан дастҳоро дар болои сина мегузорад.
  5. Дар вақти қаъда мард ба боли рони чап нишаста, пои росташро бар замин насб карда, ангуштони онро ба тарафи қибла мегардонад, аммо зан бар болои сурини чап нишаста, ду пои худро аз ҷониби рост мебарорад.
  6. Тартиби истодани занон дар намози бо ҷамоат чунин аст, ки дар сафи аввал мардҳо, дар сафи дувум писарон ва дар сафи сеюм занҳо қарор мегиранд.
2016-02-16
4352
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

11.01.2025

More
Fajr06:06
Zuhr12:40
Asr15:30
Maghrib17:27
Isha18:57