Вопрос № 00304
Илтимос ба мо мегуфтед, ки фарқи намози зан аз мард дар чист. Инчунин тартиби намози бо ҷамоат дар хона хондан бо аҳли оиларо низ мефаҳмондед!
Вопрос:
Илтимос ба мо мегуфтед, ки фарқи намози зан аз мард дар чист. Инчунин тартиби намози бо ҷамоат дар хона хондан бо аҳли оиларо низ мефаҳмондед!. Бо эҳтиром, бародари исломӣ Самандар, аз Раштонзамин.
Ответ:
Тартиби намоз хондани зан монанди намоз хондани мард аст, фақат дар баъзе ҳолатҳо аз ҳамдигар тафовут дорад.
- Мард азон ва иқомат мегӯяд, аммо зан намегӯяд.
- Мард дар вақти такбири таҳрима дастҳояшро баробари нармиҳои гӯш мебардорад, аммо зан дастҳоро баробари китфҳояш боло мекунад.
- Дар вақти саҷда мард шикамашро аз рон дур мегирад, аммо зан шикамашро ба рон мечаспонад ва низ мард оринҷҳои худро аз замин дур медорад, вале зан оринҷҳои худро бо замин мечаспонад.
- Дар вақти қироат мард дастҳоро дар зери ноф мегузорад, аммо зан дастҳоро дар болои сина мегузорад.
- Дар вақти қаъда мард ба боли рони чап нишаста, пои росташро бар замин насб карда, ангуштони онро ба тарафи қибла мегардонад, аммо зан бар болои сурини чап нишаста, ду пои худро аз ҷониби рост мебарорад.
- Тартиби истодани занон дар намози бо ҷамоат чунин аст, ки дар сафи аввал мардҳо, дар сафи дувум писарон ва дар сафи сеюм занҳо қарор мегиранд.
2016-02-16
4351