Question № 00337
Агар зан ҳамеша дар мавриди шабхонадорӣ кардан доимо рад намуда, танҳо баъди нороҳатӣ ва муноқиша бо ӯ маҷбуран роҳ диҳад...
Question:
Муҳтарам домулло! Агар зан ҳамеша дар мавриди шабхонадорӣ кардан доимо рад намуда, танҳо баъди нороҳатӣ ва муноқиша бо ӯ маҷбуран роҳ диҳад, чӣ ақидаҳо вуҷуд дорад. Бо вуҷуди ин муноқишаҳо доимо гапҳое беист ба сӯроғаи шавҳар шунида мешавад, ки гуфтан нашояд. Инак 9 сол боз дар азобам, оё ин муносибат боиси бурида шудани никоҳ мегардад ё не? Хуб мешуд, ки ҷавоби ин суолро бо тариқи махфӣ равон мекардед.
Саволдиҳанда: махфӣ
Answer:
Шавҳар ҳақ дорад, ки бо ҳамсари худ ҳар замоне ки майли ӯ пайдо шавад, ҳамхобагӣ кунад. Магар ҳолатҳое, ки шариат манъ мекунад (ҳангоми ҳайзу нифос), ҳатто бо таври маҷбурӣ ҳам бошад. Дар ин ҳолат зан гунаҳкор мешавад, на мард. Суханони ноҷо гуфтани ҳамсар ва шикоятҳои ӯ нисбати шавҳараш дар никоҳашон ягон халале эҷод намекунад.(«Шарҳи Мухтасарул-виқоя», китоби ҳудуд, саҳ. 124-126)