Савол № 00337

Агар зан ҳамеша дар мавриди шабхонадорӣ кардан доимо рад намуда, танҳо баъди нороҳатӣ ва муноқиша бо ӯ маҷбуран роҳ диҳад...

Савол:

Муҳтарам домулло! Агар зан ҳамеша дар мавриди шабхонадорӣ кардан доимо рад намуда, танҳо баъди нороҳатӣ  ва муноқиша бо ӯ маҷбуран роҳ диҳад, чӣ ақидаҳо вуҷуд дорад. Бо вуҷуди ин муноқишаҳо доимо гапҳое беист ба сӯроғаи шавҳар шунида мешавад, ки гуфтан нашояд. Инак 9 сол боз дар азобам, оё ин муносибат боиси бурида шудани никоҳ мегардад ё не? Хуб мешуд, ки ҷавоби ин суолро бо тариқи махфӣ равон мекардед.

Саволдиҳанда: махфӣ



 

Ҷавоб:

Шавҳар ҳақ дорад, ки бо ҳамсари худ ҳар замоне ки майли ӯ пайдо шавад, ҳамхобагӣ кунад. Магар ҳолатҳое, ки шариат манъ мекунад (ҳангоми ҳайзу нифос), ҳатто бо таври маҷбурӣ ҳам бошад. Дар ин ҳолат зан гунаҳкор мешавад, на мард. Суханони ноҷо гуфтани ҳамсар ва шикоятҳои ӯ нисбати шавҳараш дар никоҳашон ягон халале эҷод намекунад.(«Шарҳи Мухтасарул-виқоя», китоби ҳудуд, саҳ. 124-126)



 

2016-03-15
4030
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:28
Шом17:25
Хуфтан18:55