Question № 00591

Аввалин бор кадом оят ба Ҳазрати Пайғамбар Муҳаммади Мустафо (с) омадааст. Илтимос, суоли ман таъҷилист.

Question:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Аввалин бор кадом оят ба Ҳазрати Пайғамбар Муҳаммади Мустафо (с) омадааст. Илтимос, суоли ман таъҷилист.

Саволдиҳанда:Абдуллоҳ

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Нахустин оёте, ки ба Пайғамбар (с) фуруд омадааст, ин панҷ ояти сураи «Алақ» мебошад: «Бихон ба номи Парвардигори худ, ки офарид. Одамиро аз хуни баста офарид. Бихон. Ва Парвардигори ту Бузургвор аст. Он, ки ба дастёрии қалам илм омӯхт; одамиро он чи намедонист, омӯхт». Нузули ин оятҳо дар ғори Ҳиро дар Маккаи мукаррама воқеъ шудааст.

2016-09-06
4214
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

15.07.2026

More
Fajr03:37
Zuhr12:40
Asr17:59
Maghrib19:59
Isha21:29