Question № 00624
То чандмоҳагӣ тифли дар батни модарбударо исқоти ҳамл кардан мумкин аст? Агар дар вақти муайяншуда бошад, чӣ гуноҳ ё зарар аст ё ин ки дар сурати аз вақти муайяншуда гузашта бошад, чӣ гуна гуноҳ аст
Question:
Ассалому алайкум. Саволи ман чунин аст, ки то чандмоҳагӣ тифли дар батни модарбударо исқоти ҳамл кардан мумкин аст? Агар дар вақти муайяншуда бошад, чӣ гуноҳ ё зарар аст ё ин ки дар сурати аз вақти муайяншуда гузашта бошад, чӣ гуна гуноҳ аст.
Саволдиҳанда:Искандарзода.
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар ҳамли дар батнбудаи зан ҳанӯз чормоҳа нашуда бошад, исқоти он ҷоиз аст, вале дар сурати чормоҳа ё бештар будани ҳамл исқоти он ҷоиз нест, зеро ин амал қатли нафс маҳсуб мешавад ва он гуноҳи кабира аст.