Савол № 00624

То чандмоҳагӣ тифли дар батни модарбударо исқоти ҳамл кардан мумкин аст? Агар дар вақти муайяншуда бошад, чӣ гуноҳ ё зарар аст ё ин ки дар сурати аз вақти муайяншуда гузашта бошад, чӣ гуна гуноҳ аст

Савол:

Ассалому алайкум. Саволи ман чунин аст, ки то чандмоҳагӣ тифли дар батни модарбударо исқоти  ҳамл кардан мумкин аст? Агар дар вақти муайяншуда бошад, чӣ гуноҳ ё зарар аст ё ин ки дар сурати аз вақти муайяншуда гузашта бошад, чӣ гуна гуноҳ аст.

Саволдиҳанда:Искандарзода.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар ҳамли дар батнбудаи зан ҳанӯз чормоҳа нашуда бошад, исқоти он ҷоиз аст, вале дар сурати чормоҳа ё бештар будани ҳамл исқоти он ҷоиз нест, зеро ин амал қатли нафс маҳсуб мешавад ва он гуноҳи кабира аст.

2016-10-03
3595
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:44
Пешин12:40
Аср17:43
Шом19:44
Хуфтан21:14