Question № 00696
Домуллои азиз, аз сабаби бемор буданам ва шароити хуб набудан намозҳоямро 10 рӯз нахондам. Ин намозҳоеро, ки ман нахондам, дар назди Худои бузург чӣ шуд? Пас он намозҳоро ҳамчун қазоӣ гуфта хонам, мешавад?
Question:
Бори дигар саломи маро қабул кунед. Домуллои азиз аз сабаби бемор буданам ва шароити хуб набудан намозҳоямро 10 рӯз нахондам. Ин намозҳоеро, ки ман нахондам, дар назди Худои бузург чӣ шуд? Пас он намозҳоро ҳамчун қазоӣ гуфта хонам, мешавад? Агар шавад, дар кадом вақт (масалан пас аз бомдод ё ки пешин) ва ҳамаашро дар як рӯз? Илтимос пурра мефаҳмондед. Қаблан ташаккури зиёд!
Саволдиҳанда:Абдуҳамид.
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, намоз аз нигоҳи шариати Ислом ҳеҷ гоҳ соқит намешавад, инсон дар тамоми аҳволи худ то замоне ки ҳуш дар сар дорад, бояд намозашро адо намояд. Он чи аз шумо сар задааст, сазовори пушаймонӣ ва тавбаву надомат аст. Шумо метавонед намозҳои қазокардаи худро ҳар рӯз баъд аз анҷоми фаризаи вақтӣ як-як адо кунед. Ё ин ки агар мушкил набошад, дар як рӯз ҳамаи ин намозҳои қазошударо ба ҷуз суннатҳояш адо намоед. («Хулосат-ул-фатово», ҷ.1, саҳ.190-192)