Вопрос № 00696

Домуллои азиз, аз сабаби бемор буданам ва шароити хуб набудан намозҳоямро 10 рӯз нахондам. Ин намозҳоеро, ки ман нахондам, дар назди Худои бузург чӣ шуд? Пас он намозҳоро ҳамчун қазоӣ гуфта хонам, мешавад?

Вопрос:

Бори дигар саломи маро қабул кунед. Домуллои азиз аз сабаби бемор буданам ва шароити хуб набудан намозҳоямро 10 рӯз нахондам. Ин намозҳоеро, ки ман нахондам, дар назди Худои бузург чӣ шуд? Пас он намозҳоро ҳамчун қазоӣ гуфта хонам, мешавад?  Агар шавад, дар кадом вақт (масалан пас аз бомдод ё ки пешин) ва ҳамаашро дар як рӯз? Илтимос пурра мефаҳмондед. Қаблан ташаккури зиёд!

Саволдиҳанда:Абдуҳамид.

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, намоз аз нигоҳи шариати Ислом ҳеҷ гоҳ соқит намешавад, инсон дар тамоми аҳволи худ то замоне ки ҳуш дар сар дорад, бояд намозашро адо намояд. Он чи аз шумо сар задааст, сазовори пушаймонӣ ва тавбаву надомат аст. Шумо метавонед намозҳои қазокардаи худро ҳар рӯз баъд аз анҷоми фаризаи вақтӣ як-як адо кунед. Ё ин ки агар мушкил набошад, дар як рӯз ҳамаи ин намозҳои қазошударо ба ҷуз суннатҳояш адо намоед. («Хулосат-ул-фатово», ҷ.1, саҳ.190-192)

2016-12-02
3306
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

10.01.2025

Подробнее
Фаджр06:07
Зухр12:40
Аср15:29
Магриб17:26
Иша18:56