Question № 00737
Аз шумо бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки дар бораи муносибат ва никоҳ бо каниз маълумоти фиқҳӣ медодед.
Question:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Аз шумо бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки дар бораи муносибат ва никоҳ бо каниз маълумоти фиқҳӣ медодед.
Саволдиҳанда:Сироҷиддин.
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дини мубини Ислом ҳамеша бар озод кардани ғуломону канизон тарғибу тавсия кардааст. Албатта агар шумо никоҳи канизони замони пешро дар назар дошта бошед, он инчунин буд, ки агар мавло канизеро мехарид, метавонист, ки бидуни никоҳ бо ӯ ҳамбистар шавад, чунки он каниз дар милкияти мавло қарор дошт. Аммо феълан каниз вуҷуд надорад, бинобар ин, никоҳи ҳамаи занони мусулмон бояд тибқи фармудаи шариат сурат гирад, яъне бо ризояти тарафайн, иҷобу қабул ва ҳузури ду шоҳиди оқилу болиғ.