Савол № 00737

Аз шумо бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки дар бораи муносибат ва никоҳ бо каниз маълумоти фиқҳӣ медодед.

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Аз шумо бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки дар бораи муносибат ва никоҳ бо каниз маълумоти фиқҳӣ медодед. 

Саволдиҳанда:Сироҷиддин.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дини мубини Ислом ҳамеша бар озод кардани ғуломону канизон тарғибу тавсия кардааст. Албатта агар шумо никоҳи канизони замони пешро дар назар дошта бошед, он инчунин буд, ки агар мавло канизеро мехарид, метавонист, ки бидуни никоҳ бо ӯ ҳамбистар шавад, чунки он каниз дар милкияти мавло қарор дошт.  Аммо феълан каниз вуҷуд надорад, бинобар ин, никоҳи ҳамаи занони мусулмон бояд тибқи фармудаи шариат сурат гирад, яъне бо ризояти тарафайн, иҷобу қабул ва ҳузури ду шоҳиди оқилу болиғ.

2016-12-20
2979
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38