Question № 00766
Мехоҳам дар масъалаи мустаҳаб пурратар маълумот гирам. Оё бидуни мустаҳаб фақат таҳорати дасту рӯй кунӣ ва намоз гузорӣ, дуруст аст? Дар ҳолати сармохӯрдагӣ доштан чӣ?
Question:
Салом домулло. Мехоҳам дар масъалаи мустаҳаб пурратар маълумот гирам. Оё бидуни мустаҳаб фақат таҳорати дасту рӯй кунӣ ва намоз гузорӣ, дуруст аст? Дар ҳолати сармохӯрдагӣ доштан чӣ?
Саволдиҳанда:Фаррух.
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, пас аз қазои ҳоҷат пок кардани мавзеъи он зарурӣ аст, бидуни пок кардани мавзеъи истинҷо бо таҳорати дасту рӯй намоз гузоридан мумкин нест, зеро дар чунин ҳолат таҳорат эътибор надорад. Касоне, ки сармохӯрда ҳастанд ё узре доранд, метавонанд, ки он мавзеъро ба воситаи коғазҳои махсуси ташноб (салфетка) пок кунанд, то ки асари наҷосат дар он мавзеъ боқӣ намонад, сипас таҳорати дасту рӯй карда, намозашонро гузоранд.