Вопрос № 00766

Мехоҳам дар масъалаи мустаҳаб пурратар маълумот гирам. Оё бидуни мустаҳаб фақат таҳорати дасту рӯй кунӣ ва намоз гузорӣ, дуруст аст? Дар ҳолати сармохӯрдагӣ доштан чӣ?

Вопрос:

Салом домулло. Мехоҳам дар масъалаи мустаҳаб пурратар маълумот гирам. Оё бидуни мустаҳаб фақат таҳорати дасту рӯй кунӣ ва намоз гузорӣ, дуруст аст? Дар ҳолати сармохӯрдагӣ доштан чӣ?

Саволдиҳанда:Фаррух.

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, пас аз қазои ҳоҷат пок кардани мавзеъи он зарурӣ аст, бидуни пок кардани мавзеъи истинҷо бо таҳорати дасту рӯй намоз гузоридан мумкин нест, зеро дар чунин ҳолат таҳорат эътибор надорад. Касоне, ки сармохӯрда ҳастанд ё узре доранд, метавонанд, ки он мавзеъро ба воситаи коғазҳои махсуси ташноб (салфетка) пок кунанд, то ки асари наҷосат дар он мавзеъ боқӣ намонад, сипас таҳорати дасту рӯй карда, намозашонро гузоранд.

2017-01-05
4534
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

24.12.2024

Подробнее
Фаджр06:04
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:13
Иша18:43