Question № 00785
Барои чӣ сураи “Тавба” бе “Бисмиллоҳ” навишта шудааст? Оё ҳангоми хондани ин сура хондани “Бисмиллоҳ” дуруст аст?
Question:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ, домуллои азиз. Барои чӣ сураи “Тавба” бе “Бисмиллоҳ” навишта шудааст? Оё ҳангоми хондани ин сура хондани “Бисмиллоҳ” дуруст аст? Сипосгузорам.
Саволдиҳанда: Султон.
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, “Бисмиллоҳ” надоштани сураи “Тавба” бо ду сабаб аст. Яке дар он аст, ки ин сура дар асл идомаи сураи “Анфол” аст ва чунонки маълум аст, “Бисмиллоҳ” на дар васати сура, балки дар оғози сура навишта мешавад. Сабаби дуюм бошад, ин аст, ки он бо ояти азоб шуруъ шудааст, зеро ки мазмуни “Бисмиллоҳ” маънои тараҳҳумро ифода мекунад, аз ин сабаб муносиб нест, ки он пеш аз ояти азоб зикр карда шавад.