Вопрос № 00785

Барои чӣ сураи “Тавба” бе “Бисмиллоҳ” навишта шудааст? Оё ҳангоми хондани ин сура хондани “Бисмиллоҳ” дуруст аст?

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ, домуллои азиз. Барои чӣ сураи “Тавба” бе “Бисмиллоҳ” навишта шудааст? Оё ҳангоми хондани ин сура хондани “Бисмиллоҳ” дуруст аст? Сипосгузорам.

Саволдиҳанда: Султон.

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, “Бисмиллоҳ” надоштани сураи “Тавба” бо ду  сабаб  аст. Яке дар он аст, ки ин сура дар асл идомаи сураи “Анфол” аст ва чунонки  маълум аст, “Бисмиллоҳ”  на дар васати сура, балки дар оғози  сура  навишта  мешавад. Сабаби  дуюм бошад, ин аст, ки он бо ояти азоб шуруъ шудааст, зеро ки мазмуни “Бисмиллоҳ” маънои тараҳҳумро ифода мекунад, аз ин сабаб муносиб нест, ки он пеш аз ояти азоб зикр карда шавад.

2017-01-11
4956
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

27.11.2024

Подробнее
Фаджр05:42
Зухр12:40
Аср15:13
Магриб17:08
Иша18:38