Question № 00820

Дар мазорҳо қадамҷоҳо куштани чорво дуруст аст? Дар бисёр ҳолатҳо чунин мегӯянд: “Агар ман фарзанддор (саломатӣ ва ғайра) шавам, дар фалон мазор худоӣ мекунам”. Оё ин дар мазҳаби Имоми Аъзам (р) иҷозат аст?

Question:

Ассалому алайкум. Суоли ман чунин аст: 1. Дар мазорҳо қадамҷоҳо куштани чорво дуруст аст? Дар бисёр ҳолатҳо чунин мегӯянд: “Агар ман фарзанддор (саломатӣ ва ғайра) шавам, дар фалон мазор худоӣ мекунам”. Оё ин дар мазҳаби Имоми Аъзам (р) иҷозат аст? 2. Дар вақти омин кардан дастҳоро ҷафс кардан ё накардан ягон фарқ дорад? 3. Дар вақти намоз дар ҳолати рост истодан пойҳоро баробари китф мондан мумкин аст? Илтимос тезтар ҷавоб гӯед.

Саволдиҳанда: Наврӯз.

Answer:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, дар мазорҳо куштани чорво аз нигоҳи мазҳаби Имоми Аъзам (р) ҳаром нест, вале хубтар он аст, ки чорворо дар маҳалли зисти худ забҳ кунад ва ба дигарон ба таври хом ва ё пухта тақсим намояд. Сипас оёте чанд аз Қуръон тиловат намуда, савоби онро ба соҳиби мазор ё дигар гузаштагон бибахшад. Муҳим он аст, ки дар вақти забҳи чорво “Бисмиллоҳ”-ро қасдан тарк накунад. 2. Дар вақти дуо кардан дастҳоро на бо ҳам ҷафс кунад ва на аз ҳам ҷудо, балки баробари синаи худ қарор диҳад, зеро дар вақти дуо кардан раҳмати илоҳӣ меборад. Пас аз он дастҳояшро дар рӯи худ бимолад, зеро Расули Худо (с) чунин мекарданд. 3. Дар вақти рост истодан мустаҳаб аст, ки фосилаи мобайни пойҳо ба миқдори чор ангушти даст бошад. (“Фиқҳи муяссар”, с. 91-95).

2017-01-27
3328
Ask a question

Categories

Pray time in Dushanbe

27.11.2024

More
Fajr05:42
Zuhr12:40
Asr15:13
Maghrib17:08
Isha18:38