Question № 00857
Мехостам фаҳмам, ки вақте ягон чизи қиматбаҳоятро медузданд, ин ягон хубӣ дорад ё на. Ман аз аввал камтар ғамгин шудам, аммо шукронаи Аллоҳро мекунам, ки...
Question:
Ассалому алайкум. Мехостам фаҳмам, ки вақте ягон чизи қиматбаҳоятро медузданд, ин ягон хубӣ дорад ё на. Ман аз аввал камтар ғамгин шудам, аммо шукронаи Аллоҳро мекунам, ки ба ман беҳтарин неъматҳоро додааст. Барои инсонҳои дузд камтар маълумот медодед, зеро айни замон ҳамин падидаи номатлуб бисёр шудааст.
Саволдиҳанда: Ҷомӣ
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дини мубини Ислом ба ҳифз ва нигаҳдории амвол дастур дода, ҳамзамон ба касби он аз роҳи ҳалол амр намуда ва дарёфти онро аз роҳи ҳаром манъ кардааст. Дуздӣ низ аз ҷумлаи касбҳои ҳаром буда, гуноҳи кабира ба шумор меравад. Дар ҳадиси шариф Расули гиромӣ (с) фармудаанд: “(Ҳуқуқи) ҳар як мусулмон назди мусулмони дигар муқаддас аст, хуни ӯ ва моли ӯ ва шарафу обрӯи ӯ”. (Ривояти Муслим)