Вопрос № 00857

Мехостам фаҳмам, ки вақте ягон чизи қиматбаҳоятро медузданд, ин ягон хубӣ дорад ё на. Ман аз аввал камтар ғамгин шудам, аммо шукронаи Аллоҳро мекунам, ки...

Вопрос:

Ассалому алайкум. Мехостам фаҳмам, ки вақте ягон чизи қиматбаҳоятро медузданд, ин ягон хубӣ дорад ё на. Ман аз аввал камтар ғамгин шудам, аммо шукронаи Аллоҳро мекунам, ки ба ман беҳтарин неъматҳоро додааст. Барои инсонҳои дузд камтар маълумот медодед, зеро айни замон ҳамин падидаи номатлуб бисёр шудааст.

Саволдиҳанда: Ҷомӣ

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дини мубини Ислом ба ҳифз ва нигаҳдории амвол дастур дода, ҳамзамон ба касби он аз роҳи ҳалол амр намуда ва дарёфти онро аз роҳи ҳаром манъ кардааст. Дуздӣ низ аз ҷумлаи касбҳои ҳаром буда, гуноҳи кабира ба шумор меравад. Дар ҳадиси шариф Расули гиромӣ (с) фармудаанд: “(Ҳуқуқи) ҳар як мусулмон назди мусулмони дигар муқаддас аст, хуни ӯ ва моли ӯ ва шарафу обрӯи ӯ”. (Ривояти Муслим)

2017-02-10
3068
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

13.01.2025

Подробнее
Фаджр06:06
Зухр12:40
Аср15:32
Магриб17:29
Иша18:59