Question № 00942
Домуллои гиромӣ, мегуфтед, ки ин шиор: “Ҳама барои як кас, як кас барои ҳама” аз Расули Худо - Муҳаммад Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст?
Question:
Ассалому алайкум. Домуллои гиромӣ, мегуфтед, ки ин шиор: “Ҳама барои як кас, як кас барои ҳама” аз Расули Худо - Муҳаммад Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст? Агар ҳа, ба кадом маъно гуфта шудааст? Яъне Аллоҳ барои ҳама, ҳама бозгашт ба Аллоҳанд? - Қаблан ташаккур. Худои меҳрубон илматонро зиёд гардонад!
Саволдиҳанда: Абдулҳамид
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шиорҳое, ки имрӯз дар олам ҷилвагар ҳастанд, ғолибан манбаъи динӣ доранд, зеро адёни осмонӣ хайрхоҳи банӣ Одам ҳастанд. Чунонки Шайх Саъдӣ (р) фармудааст:
Банӣ Одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Тавре маълум аст, ин гуфтаи Саъдӣ (р) аз маъдани рисолат сарчашма гирифтааст. Шиори зикрнамудаи шумо ҷанбаи тарбиявӣ дошта, барои инсоният судманд аст ва метавон онро ба маъноҳои гуногун шарҳ дод.