Вопрос № 00942

Домуллои гиромӣ, мегуфтед, ки ин шиор: “Ҳама барои як кас, як кас барои ҳама” аз Расули Худо - Муҳаммад Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст?

Вопрос:

Ассалому алайкум. Домуллои гиромӣ, мегуфтед, ки ин шиор: “Ҳама барои як кас, як кас барои ҳама” аз Расули Худо - Муҳаммад Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам аст? Агар ҳа, ба кадом маъно гуфта шудааст? Яъне Аллоҳ барои ҳама, ҳама бозгашт ба Аллоҳанд? - Қаблан ташаккур. Худои меҳрубон илматонро зиёд гардонад!

Саволдиҳанда: Абдулҳамид 

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шиорҳое, ки имрӯз дар олам ҷилвагар  ҳастанд, ғолибан манбаъи динӣ доранд, зеро адёни осмонӣ хайрхоҳи банӣ Одам ҳастанд. Чунонки Шайх Саъдӣ (р) фармудааст:

Банӣ Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Тавре маълум аст, ин гуфтаи Саъдӣ (р) аз маъдани рисолат сарчашма гирифтааст. Шиори зикрнамудаи шумо ҷанбаи тарбиявӣ дошта, барои инсоният судманд аст ва метавон онро ба маъноҳои гуногун шарҳ дод.

2017-03-10
2867
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

13.01.2025

Подробнее
Фаджр06:06
Зухр12:40
Аср15:32
Магриб17:29
Иша18:59