Questions and answers
03119:
Дар корхонаи мо ҳар сол нафароне, ки аз ҳисоби худ ба санатория мераванд, пас аз бозгашт дар асоси ҳуҷҷати хароҷотшуда то 70% хароҷотро корхона барои онҳо пардохт мекунад. Истироҳат дар санатория ба ман лозим нест, лекин мехоҳам маблағашро гирам ва барои ин бояд ҳуҷҷати хароҷот биёрам. Агар дар санатория истироҳат накарда ҳамин ҳуҷҷатро аз санатория гирифта биёрам ва маблағро гирам, оё ин маблағ барои ман ҳалол аст ё не?
Categories:
Other categories03112:
Ба сабаби нофаҳмиҳои оилавӣ шавҳарам боре ба ман талоқ гуфт. Пас аз он боз никоҳ кардем. Аз сабаби мушкилоти оилавӣ ў тасмим гирифт, ки мо иҷора гирифта, алоҳида зиндагӣ мекунем. Вақте ки мо ҷудо зиндагӣ мекардем, ў бо оилаашон мушкилот пайдо кард. Як саҳар ў бо як дўсташ ба хона маст баргашт. Мо ҷанг кардем ва боз талоқ гуфт. Ба наздикӣ аз ҷудо шудани мо ду сол мешавад. Мехоҳад, ки якҷоя бошем. Оё мо метавонем никоҳ кунем
Categories:
Family