МУРОҶИАТНОМАИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон ва дуруду салом бар Паёмбари акрам (с)
Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифу сарбаланди кишварро бо фаро расидани моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният гуфта, дар ин моҳи муборак сабру таҳаммул, бурдборӣ ва саодат тамманно дорад, зеро моҳи мубораки Рамазон моҳи нузули қуръон, моҳи кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд, моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳост.
Рўза яке аз ибодатҳои пурмашаққате аст, ки сабру таҳаммул мехоҳад. Аз ин рў, баъзе одамон талаботи онро иҷро карда наметавонанд. Бинобар ин, шариати исломӣ ба хотири осонӣ ва рафъи мушкилот барои ин гурўҳи одамон хўрдани рўзаро рухсат додааст.
Аз ҷумла, шахсони бемор, мусофир, занони ҳомиладор, заноне, ки кўдаки ширхора доранд, гуруснагӣ ё ташнагии шадид, ки боиси ҳалокат ва ё беморшавии рўзадор мегардад, пиронсолӣ, инчунин дар ҳолати маҷбур кардан барои хўрдани рўза бо роҳи зўроварӣ.
Дар ҳолатҳои зикршуда, вақте ки узрҳои шаръӣ бартараф шуд, қазо воҷиб мешаваду бас.
Далелҳое, ки дар боло зикрашон рафт ва ба хўрдани рўза сабаб мегарданд, дар «Мухтасар-ул-виқоя» ва шарҳҳои он, «ҳидоя» ва шарҳҳои он ва дигар китобҳои фатвои муътабари мазҳаби ҳанафӣ дарҷ шудаанд.
Аз сарчашмаҳои муътабари фиқҳи ҳанафӣ бармеояд, ки саломатии инсон ва ҳифзи ҳаёти одамон яке аз фарзҳои муҳими дини ислом аст.
Инро ба инобат гирифта, бояд зикр намуд, ки агар шахсе, ки машғули корҳои пурмашаққати ҷисмонӣ ва равонӣ бошад ва дар фасли гармо муддати беш 15 соат хўрок истеъмол накунад, тибқи хулосаи мутахассисони соҳаи тиб ҷисми ў бо витамину минералҳои лозима таъмин намегардад. Баъди 10-12 рўзи чунин ҳолат масунияти бадан сусту заъиф гашта, аз ҷиҳати сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус осебпазир мегардад. Бинобар ин, дар чунин ҳолат барои ба хатар нагузоштани худ ва атрофиён ба ин ашхос тавсия дода мешавад, ки то ба эътидол омадани вазъият ва бартараф гаштани таҳдиди бемории коронавирус аз рўзадорӣ худдорӣ намуда, сипас дар рўзҳои мувофиқ қазо доранд.
Айни замон, ҷиҳати пешгирии сироятёбии аҳолии ҷумҳурӣ аз бемории коронавирус ва ташхиси ҳолатҳои эҳтимолӣ, табибон, ҳамшираҳои шафқат ва кормандони дигар ниҳодҳои давлатӣ дар нуқтаҳои карантинӣ ва беморхонаҳо шабу рўз заҳмат кашида истодаанд. Муҳити кории ин гуна ашхос аз ҷиҳати сироят осебпазиртарин буда, рўзадорӣ эҳтимолияти сироятёбиро дучанд мегардонад. Аз ин рў, бо такя ба фатвоҳои муътабари уламои мазҳаби ҳанафӣ дар чунин ҳолат рўза доштан зарурат надорад ва барои онҳо танҳо қазо лозим мегардад.
Дар баробари ин, таъмини амнияти ҷомеа ва ҳифзи марзу буми Ватан-модар ба дўши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидааст. Хизматчиёни ҳарбии мақомоти зикршуда дар шароити вазнин барои адои ин вазифаи муқаддас ва пурмасъулият шабонарўзӣ заҳмат мекашанд. Рўзадории хизматчиёни ҳарбӣ дар чунин шароит ба саломатӣ зараровар буда, иҷрои вазифаҳои ба дўш доштаашонро ғайриимкон мегардонад. Дар асоси сабукиҳое, ки аз ҷониби уламои ислом дар бораи рўзадорӣ таъкид мегардад, шахсоне, ки осоиши ҷомеа аз касбу кори онҳо вобаста мебошад ва ба ибораи дигар, дар хизмати мардум ва ҳифзи марзу буми Ватан ҳастанд, метавонанд рўзаи худро дар вақти мувофиқ ба таври қазоӣ гиранд.
Аксари уламои аҳли суннат ва ҷамоат муқаррар намудаанд, ки ба соҳибони касбу кори пурмашаққат, ки хавфи зарарро дар гармиҳои тобистон ба саломатӣ эҳсос мекунанд, хўрдани рўза иҷозат аст. Ин далел дар китоби Ваҳба Зуҳайлӣ «Ал-фиқҳул-исломӣ ва адиллатуҳу» (Бейрут, ҷ.3, с.1701-1702) таъкид шудааст.
Тибқи фатвои китоби «Фатовои Оламгирӣ» (ҷ.1, с.227, боби 5, китоби рўза), шахси рўзадоре, ки вакили султон ўро дар айёми гармо барои сохтмони иморати пураҳаммият сафарбар мекунад, дар ҳолати эҳсос намудани зарар ба саломатиаш метавонад рўзаро сарфи назар кунад. Дар ҳолати бартараф шудани монеаҳо ў рўзаро дар вақти муносиб қазо медорад.
Вобаста ба вазъи кунунӣ ба шаҳрвандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатианд ё дар хориҷи кишвар сукунати доимӣ доранд, тавсия дода мешавад, ки низом (тавсияҳо)-и муайяннамудаи давлати будубошро вобаста ба пешгирии бемории сироятии «COVID-19» қатъиян риоя намуда, дар ҳолати ҳис намудани нишонаҳои беморӣ таъҷилан ба табибон муроҷиат намоянд.
Дар шароити кунунӣ ҳаёти муътадил ва бонизоми ҷомеа аз меҳнати пурмашаққати табақаи муайяни одамон вобастагии бевосита дорад. Ин қабил кормандон ба кори саҳро ва муҳайё намудани маҳсулоти хўрокворӣ машғул буда, таъмини бозори истеъмолии ҷомеа ва ризқу рўзии оилаҳои худашон низ аз натиҷаи корашон вобаста мебошад. Дар сурати аз фаъолият боз мондани ин гурўҳ одамон шароити зиндагии мардум дар тирамоҳу зимистон вобаста ба таъмини маҳсулоти хўрокворӣ вазнин хоҳад шуд. Мардуми шарифи Тоҷикистон аз вазъи ҷаҳони муосир дар робита ба хуруҷи бемории сироятии коронавирус хуб огоҳанд. ҳоло ояндаро пешгўӣ кардан имкон надорад, аксарияти давлатҳо марзҳояшонро баста, муомилоти иқтисодӣ, аз ҷумла доду гирифти молу маҳсулот миёни кишварҳои гуногун душвор шудааст. Табиист, ки бо идома ёфтани чунин вазъият таъмини мардум бо маводи ғизоӣ дар тирамоҳу зимистон мушкил хоҳад шуд.
Аз ин рў, бо назардошти вазъи ҳозираи ҷумҳурӣ ва низоми мушкили муносибатҳои байналмилалӣ, онҳое, ки ба кишту кори зироат ва омода намудани маҳсулоти хўрокворӣ ва таъмини мардум бо маҳсулоти худӣ машғуланд, дар ҳолати эҳсос намудани зарар ба саломатиашон, ки ин ҳолати пурмашаққат узр ҳисоб меёбад, метавонанд рўзаро сарфи назар кунанд ва дар ҳолати бартараф шудани монеаҳо рўзаро дар вақти муносиб қазо доранд.
Хулоса, тамоми аҳкоми шаръӣ ба зиндагии моддиву маънавии инсон созгор буда, дар анҷом додани ибодот барои ў осонгириҳо фароҳам оварда шудааст, аз ин рў, мусулмонони маъзур набояд ба ҷони худ ҷабр кунанд.
Анъана ва суннати неки дигар дар моҳи Рамазон ба ниёзмандон хайру саховат кардан аст. Дар қуръони карим хайру садақа кардан дар тамоми ҳолатҳо – дар шабу дар рўз, пинҳону ошкоро ва ҳини тавонгариву аснои тангдастӣ таъкид шудааст.
Дар моҳи Рамазон садақаи ҷория савоби беандоза дорад. Таъмир ва азнавсозӣ намудани роҳҳо, кўпрукҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, мактабу синфхонаҳо аз ҷумлаи садақаи ҷория мебошанд, ки анҷомдиҳандаи он ҳам дар дунё ва ҳам дар охират аз ин амалҳои нек савоб мегирад.
Анҷом додани садақаи ҷория, инчунин дастгирӣ намудани ятимону бенавоён ба хотири ба даст овардани ризои Худованд, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ, роҳ надодан ба маъракаҳои серхарҷу зиёдатӣ волотарин арзишҳо дар дини мубини ислом ба шумор мераванд. Бинобар ин, тавсия дода мешавад, ки ҳар як шавҳрванд садақаи фитр ва закоти молашро барои анҷом додани амалҳои солеҳи зикргардида сарф намояд.
Шўрои уламои Маркази исломӣ