Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи муайян кардани рўзи Иди саиди қурбон
2025-05-29
5519
Имрӯз 29.05.2025 соати 10.00 дар маҷлисгоҳи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Дар ин ҷаласа аъзои Шӯрои уламо дар бораи муайян кардани рўзи Иди саиди қурбон қарор қабул карданд. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳозиринро ба муносибати омад-омади Иди саиди қурбон табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки мувофиқи ҳисоби илмӣ оид ба рўъяти ҳилол Иди саиди қурбон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи ҷумъа 6-уми июни соли 2025 фаро мерасад.
Пас аз баррасии масъалаҳо Шӯрои уламо чунин қарор намуд:
1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди қурбон дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи ҷумъа 6-уми июни соли 2025 таҷлил карда шавад.
2. Вақти баргузоршавии намози иди саиди қурбон соати 05:45 дақиқа муайян карда шавад.
Дар анҷоми ҷаласа Раиси Шўрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аз аъзои Шўро ва имомхатибон талаб карданд, ки дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон, танзими идгардаки кўдакон ва зери назорат қарор додани онҳо, пешгирии исрофкориҳо ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намоянд.
Маҷлиси Шўрои уламо бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллату мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

More news
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намози Ҷумъа дар Масҷиди Ҷомеи Имом Бухорӣ иштирок намуданд
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муфтии кишвар муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода бо имом ва хатиби Масҷидулҳаром, Шайх доктор Солеҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумайд мулоқот намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “СИЁСИСОЗИИ ИСЛОМ ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТИ СИЁСӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА”
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More