Главная Новости Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи муайян кардани рўзи Иди саиди қурбон

Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи муайян кардани рўзи Иди саиди қурбон

Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи муайян кардани рўзи Иди саиди қурбон
2025-05-29
3096
Имрӯз 29.05.2025 соати 10.00 дар маҷлисгоҳи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Дар ин ҷаласа аъзои Шӯрои уламо дар бораи муайян кардани рўзи Иди саиди қурбон қарор қабул карданд. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳозиринро ба муносибати омад-омади Иди саиди қурбон табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки мувофиқи ҳисоби илмӣ оид ба рўъяти ҳилол Иди саиди қурбон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи ҷумъа 6-уми июни соли 2025 фаро мерасад.
Пас аз баррасии масъалаҳо Шӯрои уламо чунин қарор намуд:
1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди қурбон дар тамоми қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи ҷумъа 6-уми июни соли 2025 таҷлил карда шавад.
2. Вақти баргузоршавии намози иди саиди қурбон соати 05:45 дақиқа муайян карда шавад.
Дар анҷоми ҷаласа Раиси Шўрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аз аъзои Шўро ва имомхатибон талаб карданд, ки дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон, танзими идгардаки кўдакон ва зери назорат қарор додани онҳо, пешгирии исрофкориҳо ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намоянд. 
Маҷлиси Шўрои уламо бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллату мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.
Время намаза в Душанбе

21.06.2025

Подробнее
Фаджр03:17
Зухр12:40
Аср17:59
Магриб20:01
Иша21:31
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Подробнее