Муроҷиатномаи Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми мардуми Тоҷикистон
Муроҷиатномаи
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми мардуми Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз!
Имрўз ҳамаи мо аз воқеаҳои фоҷеабор дар ҷаҳони ислом нигаронӣ дорем. Бо дасисаи доираҳои харобкору манфиатҷў иддае аз кишварҳои мусулмонӣ дар гирдоби мухолифатҳою даргириҳои шадид қарор гирифта, ҳазорон нафар одам куштаву беватан мегарданд ва маҳалҳои зисташон ба харобазор табдил меёбад.
Аҷаб он аст, ки ҳамаи ин ваҳшоният бо номи ислом ва бо зикри исми мубораки Худои таборак ва таъоло сурат мегирад. Дар ҳоле, ки кирдорҳои мазкур мухолифи фармудаҳои Илоҳӣ ва кулли қавонини башарӣ буда, даст задан ба чунин аъмол гуноҳҳои нобахшиданианд.
Ҷаҳони ислом асосан ба он ҷиҳат гирифтори инчунин фоҷеа гардидааст, ки ба арзишҳою муқаддасоти асили исломиамон хурофот, зоҳирбинию зоҳирписандӣ дар Ислом таҳдид дорад. Ин чизи нав нест. Кўшишҳои бо шиорҳои авомфиребонаи ба ном исломӣ қонеъ сохтани ғаризаҳои нопоки гурўҳию шахсӣ ва ба манфиатҳои хеш истифода кардани ислом дар таърихи башарият бисёр буданд. Талошҳои мазкур имрўз густаришу тақвияти бештар ёфтанд, ки заминаҳояш фақру нодорӣ, бесаводию тангназарӣ ва бехабарии иддае мусулмонон аз дини муқаддаси Ислом мебошанд.
Каломи Худовандӣ кирдорҳои мазкурро маҳкум намуда, касонеро, ки миёни мусулмонон тафриқа эҷод мекунанд ва бо номи ислом аъмоли зиддиисломӣ содир менамоянд, «мушрикону мунофиқон» унвон гузоштааст ва мусулмононро даъват кардааст, то аз пайравӣ ба онҳо худдорӣ намоянд. Худованд мефармояд:
«Аз зумраи касоне мабошед, ки дини Худоро пора-пора карданд ва фирқа-фирқа шуданд ва ҳар фирқае ба ҳарчи дошт, дилхуш буд». (Рум; 32).
Ҳамчунин Пайғамбари гиромии Ислом дар ин маврид мегўянд: «Касе, ки ҷудоӣ ва тафриқа меандозад, аз ҷумлаи мо нест».
Бузургони гузаштаамон ҳам ба суханони «Каъба чӣ меравӣ? Дилеро дарёб» ва садҳо ҳикматҳои ҷовидонаи дигар ҷомеаи мусулмониро даъват ба исломи асил намуда, онҳоро аз нораво будани пайравии кўркўрона, авомфиребӣ ва зоҳирписандӣ дар Ислом огоҳ сохтаанд.
Вале мутассифона, дар ҷомеаи имрўзаи ҷаҳон, сарфи назар аз ҳамаи огоҳкуниҳои мазкур чи бисёранд ҳизбу ҷунбишҳо, гурўҳу дастаҳое, ки ба худ унвони исломиро часпонидаю шиорҳои исломиро боло карда, ин дини поку бегазандро ба арсаи муборизаҳои сиёсӣ миёни қувваҳои мухталиф мекашонанд. Гузашта аз ин, бо номи ислом ба худ ноҷавонмардонатарин ва зиддисломитарин аъмолро раво мебинанд, то дараҷае, ки одамонро зинда ба зинда месўзонанд. Ҳол он ки Ислом чунин амали нангинро манъ кардааст. Ҳазрати Пайғамбар (с) дар ҳадисе мефармоянд: «Фақат Парвардигор ба василаи оташ азобу шиканҷа мекунад».
Ҳамагон бояд бидонанд, ки ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб ниёз надорад. Ислом дар табиати худ фарогирандаи тамоми мусулмонон аст.
Имрўз мо дар арафаи интихобот қарор дорем, ки дар он ҳизбҳои сиёсӣ ширкат меварзанд. Бояд қайд кард, ки дар ин маъракаи сиёсӣ сўиистифода аз номи ислом бо ҳар навъ назару ақидаҳои ботили авомфиребона аз рўи хираду тафаккури солим нест.
Интихобот аз рўи фаҳму идроки ҳар як аъзои бошуури ҷомеа ва тибқи қонунҳо сурат мегирад. Зимнан, ин ҳуқуқи инсонию муслмонии ҳар фарди ҷомеа мебошад, ки ба кадом ҳизбу барномаи он ва номзади алоҳидаи пешбаришуда раъй медиҳад. Ба ҳеҷ ваҷҳ бояд ҳизбҳо ва номзадҳо аз боварии мардум ба дини мубини Ислом сўистифода накунанд. Чунин шеваи кору роҳнамоӣ на ба муқаррароти Ислом, на ба ягон қонуни демократия, озодии баёну афкор ва изҳори иродаи сиёсӣ мувофиқат намекунад.
Дар зимни ин, бояд гуфт, ки чи бисёранд аҳзобу ашхосе, ки бидуни ягон ғараз, бидуни рўи саҳна кашидани ислому истифодаи он ҳамарўза дар зикри Худоянд, барои рушду густариши Ислом ва ҷомеаи мусулмонӣ пайи хидмат қарор доранд.
Қазовати ҳама гуна аъмол дар дасти Худои бузург аст. Танҳо қарзи имонӣ ва инсонии хеш медонем, дар ин даврае, ки вақти интихоб пеш омадааст, ҳамватанони азизамонро, ба ташхиси ҳушмандонаи роҳи ояндаамон, фардои сарзаминамон даъват кунем. Пас мебояд, ки ҳар як мусулмон вақти интихоб илму дониш, ақлу заковатро рўи кор гирифта, барои фардои ободу осудаи Ватанамон ва сулҳу суботи он масъулиятро дар ҷои аввал қарор бидиҳад.
Муроҷиатнома дар ҷаласаи
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии
Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст,
16-02-2015.