News
5 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалӣ зери унвони «Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат» баргузор гардид. Ин ҳамоиш зимни даъвати расмии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода аз ҷониби Муфтиёти Туркия доир карда шуд. Дар Симпозиуми мазкур ходимони динии Тоҷикистон ва Туркия, олимон, унвонҷӯён, мутахассисони самти мубориза бар зидди терроризм, дипломатҳои кишварҳои хориҷии муқими Анқара, Шӯрои донишҷӯёни тоҷик дар Туркия, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва Анҷумани тоҷикон дар Туркия ширкат доштанд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.
Рўзи 16-уми декабри соли 2018 як гурўҳ хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хоруғи вилояти Кўҳистони Бадахшон аз масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи «ҳоҷӣ Яъқуб» дидан карданд.
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно дорад.
Баъди чанде дар мамлакат ҷашни Конститутсия – қонуни асосӣ ва муҳимтарин санади танзимкунандаи ҳама соҳаҳои ҳаёти мардум ва давлат таҷлил мешавад. Дар мантиқи одии ифода, Конститутсия зиндагии иҷтимоиро дар давлат мураттаб мекунад, яъне вазифаи асосиаш он аст, ки ҳаёт бо тартиби муайян ва дуруст ҷараён гирад. Дар ин ҳуҷҷати ҳаҷман хеле хурд муҳимтарин ва асоситарин соҳаҳои муносибат танзим шудаанд, ки яке аз онҳо масъалаи диндорӣ ва озодиҳои эътиқодист.
Шоми 18 октябри соли равон дар толори конфронсии “Маркази тадқиқоти байналмилалии шаҳри Қоҳира” вохӯрии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ва устоди забони форсӣ-тоҷикии факултети адабиётшиносии Донишгоҳи Айни Шамс профессор Аҳмад Сомӣ бо аъзои Ҷамъияти тоҷикони Миср доир гардид.
Speeches by the President
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
More


