Questions and answers
03138:
Агар мард тарики ватсап нависад, ки «туда се минут вақт, симкартата накушӣ, сеталоқ», вале «се талоқат мекунам» ё «се талоқ ҷавобат додагӣ» ё ки «се талоқат кардам» нанависад ва мақсади мард талоқ додан набошад, оё занаш талоқ мешавад, дар ҳоле ки зан симкартаро накушад?
Categories:
Other categories03136:
03132:
Бар асоси Қуръон ва суннат кадом васият барои ворисон дуруст аст? Масалан, волидайн дар васият яке аз фарзандонро аз мерос маҳрум кунанд ё дастур диҳанд, ки баъди марг ҷасадашонро дар қабристони зодгоҳашон, ки шояд даҳҳо ё садҳо километр дур аз маҳалли зисташон қарор дорад, ба хок супоранд. Оё ин гуна васият карданро, ки боиси харҷу масраф мегардад ва даҳҳо одамро саргардон мекунад, Ислом иҷозат додааст?
Categories:
Other categories03126:
Ба сабаби нофаҳмиҳои оилавӣ шавҳарам боре ба ман талоқ гуфт. Пас аз он боз никоҳ кардем. Аз сабаби мушкилоти оилавӣ ў тасмим гирифт, ки мо иҷора гирифта, алоҳида зиндагӣ мекунем. Вақте ки мо ҷудо зиндагӣ мекардем, ў бо оилаашон мушкилот пайдо кард. Як саҳар ў бо як дўсташ ба хона маст баргашт. Мо ҷанг кардем ва боз талоқ гуфт. Ба наздикӣ аз ҷудо шудани мо ду сол мешавад. Мехоҳад, ки якҷоя бошем. Оё мо метавонем никоҳ кунем?
Categories:
Family