Question № 03164
Оё дар вақти саҷда бинӣ бояд дар замин расида бошад е не? Бисёр одамҳо меган, ки агар бинӣ дар замин расад, намоз макруҳ мешавад.
Question:
Ассалому алайкум. Оё дар вақти саҷда бинӣ бояд дар замин расида бошад е не? Бисёр одамҳо меган, ки агар бинӣ дар замин расад, намоз макруҳ мешавад.
Answer:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз бале, дар намоз саҷда бояд бо пешонӣ ва бинӣ анҷом дода шавад. Ин ҳукм дар мазҳаби ҳанафӣ чунин шарҳ дода мешавад:
1. Ҳукми асосӣ
Дар назди фуқаҳои ҳанафӣ воҷиб аст, ки дар саҷда пешонӣ ба замин расад.
Биниро гузоштан ҳам воҷиб аст, агар узр набошад.
Яъне саҷдаи комил чунин аст:
Пешонӣ, бинӣ, ду даст, ду зону ва нӯги ду по. Инҳо ҳафт узви саҷда мебошанд.
2. Далели ҳадис
Аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд:
«Ман амр шудаам, ки бар ҳафт устухон саҷда кунам: бар пешонӣ (ва бо дасташ ба бинӣ ишора кард), ду даст, ду зону ва нӯги ду по»
(Ривояти Бухорӣ ва Муслим)
3. Агар бинӣ ба замин нарасад
Фуқаҳои ҳанафӣ мегӯянд: Агар танҳо пешонӣ ба замин расад - намоз дуруст аст, вале макрӯҳ мешавад.
Агар танҳо бинӣ ба замин расад ва пешонӣ не бе узр намоз фосид мешавад
Беҳтарин ва суннат: ҳарду — пешонӣ ва бинӣ ба замин расанд.



