مسألة № 03164

Оё дар вақти саҷда бинӣ бояд дар замин расида бошад е не? Бисёр одамҳо меган, ки агар бинӣ дар замин расад, намоз макруҳ мешавад.

مسألة:

Ассалому алайкум. Оё дар вақти саҷда бинӣ бояд дар замин расида бошад е не? Бисёр одамҳо меган, ки агар бинӣ дар замин расад, намоз макруҳ мешавад.

إجابة:

 Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз бале, дар намоз саҷда бояд бо пешонӣ ва бинӣ анҷом дода шавад. Ин ҳукм дар мазҳаби ҳанафӣ чунин шарҳ дода мешавад:

                                                        1. Ҳукми асосӣ

       Дар назди фуқаҳои ҳанафӣ воҷиб аст, ки дар саҷда пешонӣ ба замин расад.

Биниро гузоштан ҳам воҷиб аст, агар узр набошад.

Яъне саҷдаи комил чунин аст:

Пешонӣ, бинӣ, ду даст, ду зону ва нӯги ду по. Инҳо ҳафт узви саҷда мебошанд.

2. Далели ҳадис

        Аз Ибни Аббос (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар ﷺ фармуданд:

        «Ман амр шудаам, ки бар ҳафт устухон саҷда кунам: бар пешонӣ (ва бо дасташ ба бинӣ ишора кард), ду даст, ду зону ва нӯги ду по»

(Ривояти Бухорӣ ва Муслим)

                                         3. Агар бинӣ ба замин нарасад

       Фуқаҳои ҳанафӣ мегӯянд: Агар танҳо пешонӣ ба замин расад - намоз дуруст аст, вале макрӯҳ мешавад.

       Агар танҳо бинӣ ба замин расад ва пешонӣ не бе узр намоз фосид мешавад

      Беҳтарин ва суннат: ҳарду — пешонӣ ва бинӣ ба замин расанд.

2026-03-11
107
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

16.03.2026

أكثر
الفجر05:06
الظهر12:40
العصر16:35
المغرب18:41
العشاء20:11