Главная Статьи АҲАММИЯТИ ОБ ДАР ИСЛОМ

АҲАММИЯТИ ОБ ДАР ИСЛОМ

АҲАММИЯТИ ОБ ДАР ИСЛОМ
2020-01-15
1833

Худованд  мефармояд: «Оё наменигаред ба он обе, ки менӯшед. Оё шумо ӯро фуруд овардаед, ё Мо ӯро фуруд овардаем».

ҳамчунин мефармояд: «Мо обро барои ҳамаи махлуқоти зинда сабаби ҳаёт гардонидаем».

Аз ин ояҳои муборака бармеояд, ки тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони боимон ва асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рўшноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист. Мо тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем, чун Худованди меҳрубон ин неъмати бузургашро бароямон арзонӣ фармудааст. Об аст, ки кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумуъ ва пояндагии ӯ карор дорад. Об аст, ки дар дами марг қатрае аз он ошомида, инсон нафас рост мекунад. Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бӯй, таровату пояндагӣ мегиранд. Бе об ҳаёт маъно надорад. Зиндагиро аз ҳастии об асос аст. Мутаассифона, бархе аз инсонҳои беандеша дидаю дониста обҳоро ифлос мегардонанд. Дар дарёҳо партовҳо мепартоянд. Обро бе сарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд, ки ин аз як ҷониб ношукрӣ ва куфрони неъмати Худованд аст ва аз ҷониби дигар ба касодиҳо оварда мерасонад. Дар ҳамаи динҳои осмонӣ, аз љумла дардини мубини Ислом,  сарфакорона истифода бурдани  неъматҳо, ҳамеша тақозо карда мешавад ва нопок накардани ҳар қатраи об вазифаи муқаддаси ҳар як шахси мусалмон дониста мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки бо пешниҳоди сарвари давлати мо Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, ‎2018-2028” қабул гардида, он аз ҷониби 192 давлати дунё эътироф карда шуд. Аз ин лиҳоз, моро мебояд ҳамчун сокинони кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили обии сайёра бо кору кирдори худ намунаи ибрати дигарон бошем.

Маъруф Одинаев,

имомхатиби масҷиди ба номи Имом Бухорӣ

Время намаза в Душанбе

19.04.2024

Подробнее
Фаджр04:09
Зухр12:40
Аср17:18
Магриб19:16
Иша20:47
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее