АҲАММИЯТИ ОБ ДАР ИСЛОМ
Худованд мефармояд: «Оё наменигаред ба он обе, ки менӯшед. Оё шумо ӯро фуруд овардаед, ё Мо ӯро фуруд овардаем».
ҳамчунин мефармояд: «Мо обро барои ҳамаи махлуқоти зинда сабаби ҳаёт гардонидаем».
Аз ин ояҳои муборака бармеояд, ки тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони боимон ва асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рўшноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист. Мо тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем, чун Худованди меҳрубон ин неъмати бузургашро бароямон арзонӣ фармудааст. Об аст, ки кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумуъ ва пояндагии ӯ карор дорад. Об аст, ки дар дами марг қатрае аз он ошомида, инсон нафас рост мекунад. Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бӯй, таровату пояндагӣ мегиранд. Бе об ҳаёт маъно надорад. Зиндагиро аз ҳастии об асос аст. Мутаассифона, бархе аз инсонҳои беандеша дидаю дониста обҳоро ифлос мегардонанд. Дар дарёҳо партовҳо мепартоянд. Обро бе сарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд, ки ин аз як ҷониб ношукрӣ ва куфрони неъмати Худованд аст ва аз ҷониби дигар ба касодиҳо оварда мерасонад. Дар ҳамаи динҳои осмонӣ, аз љумла дардини мубини Ислом, сарфакорона истифода бурдани неъматҳо, ҳамеша тақозо карда мешавад ва нопок накардани ҳар қатраи об вазифаи муқаддаси ҳар як шахси мусалмон дониста мешавад.
Боиси ифтихор аст, ки бо пешниҳоди сарвари давлати мо Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” қабул гардида, он аз ҷониби 192 давлати дунё эътироф карда шуд. Аз ин лиҳоз, моро мебояд ҳамчун сокинони кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили обии сайёра бо кору кирдори худ намунаи ибрати дигарон бошем.
Маъруф Одинаев,
имомхатиби масҷиди ба номи Имом Бухорӣ
Дигар мақолаҳо
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар