Главная Статьи НАҲЗАТИЁН МАСОҶИДРО БА МАКОНИ ГАРАВГОНГИРӢ ТАБДИЛ ДОДА БУДАНД...

НАҲЗАТИЁН МАСОҶИДРО БА МАКОНИ ГАРАВГОНГИРӢ ТАБДИЛ ДОДА БУДАНД...

НАҲЗАТИЁН МАСОҶИДРО БА МАКОНИ ГАРАВГОНГИРӢ ТАБДИЛ ДОДА БУДАНД...
2020-04-01
1511

Барои ҳаёти инсоният дар рӯи замин равшанӣ аз ҳама чиз муҳимтар аст, бе нуру зиё зиндагонӣ ҳеч аст.

Аслан аз рӯи ҳикмат ҳакимони дунё илму маърифатро ба нуру зиё ва ҷаҳлу беилмиро ба зулумоту торикӣ ташбеҳ мекарданд ва аз ин ҷониб  олимону хирадмандонро аҳли зиё ном карданд.
Дар ин айёми ҷашни Наврӯзи муборак рӯ ба рӯ шудани аҳли зиёи кишвар бо  Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон як тафоули нек аст.

Аз ин мулоқот ва суҳбати озоди Ҷаноби Олӣ, ки аз тариқи телевизионҳои кишвар ва васоити ахбори умум намоиш дода шуд, мардум истифода карданд, суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат мардумро ба илму дониш, пешравии хаёти мардуми Тоҷикистон даъват мекард ва лаҳзае назар ба таърихи айёми нооромиҳо ва сабабгорони асосии он ҳам буд, ки ҳоли ҳақиқатро гӯё буд.

Бояд ёдовар шуд, ки масҷид дар асл ин ибодатгоҳ ва саҷдагоҳи мардум мебошад,аммо афсӯс, дар вақтҳои нооромӣ чуноне, ки даҳҳо нафарон бо чашми худ дида шоҳидӣ додаанд, муллоҳои наҳзатӣ дар водии Вахш ва атрофи шаҳри Душанбе масҷидхоро ба макони гаравгонгирӣ,ҷои азобу шиканҷа ва маҳалли қатлу куштор табдил дода, мехостанд ошӯбу низоъҳо байни мардум зиёд шавад ва дар охир табаддулоти давлатӣ карда, самти давлатдории Тоҷикистонро мувофиқи супоришнома ва дастуру фармонҳои хоҷагони хориҷиашон тағйир диханд, лекин шукри Худо онҳо ба ин ниятҳои нопоки худ ноил нашуданд, зеро онҳо ҷои муқаддасро  ба макони зулму бедодгарӣ табдил доданд,ба ғазаби Худо гирифтор шуда, аксари онҳо аз дунё гузаштанд, боқимондаҳои наҳзатӣ то ҳол дар хориҷи кишвар ҳамчун хоини Ватан ва миллат барои бурдаи нон хизмати хоҷагонашонро мекунанд.

Ҳочӣ Ҳусайн Мӯсозода,

Ҷонишини Раиси Маркази исломӣ

Время намаза в Душанбе

26.04.2024

Подробнее
Фаджр03:55
Зухр12:40
Аср17:24
Магриб19:23
Иша20:54
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее