Главная Статьи НАҚШИ НАВРӮЗ ДАР РОҲИ БЕДОРИИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

НАҚШИ НАВРӮЗ ДАР РОҲИ БЕДОРИИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

 НАҚШИ НАВРӮЗ ДАР РОҲИ БЕДОРИИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
2024-03-20
531

Ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон

Мову шумо дар айёми баҳорон, рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз қарор дорем. Ин иди аҷдодии мо дорои фазилатҳои неку созанда ва муттаҳидкунандаи башарият буда, ҳазорсолаҳо инҷониб дар муҳити фарҳангии халқҳои олам ҷойгоҳи сазовор пайдо намудааст. Маҳз унсурҳои инсондӯстонаи ҷашни Наврӯзро ба эътибор гирифта, Созмони умумиҷаҳонии ЮНЕСКО онро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф намуд. Ин иқдоми башардӯстона мояи ифтихору сарбаландии мо-тоҷикон мебошад. Ҷашни Наврӯз миллати моро ба таври шоиста ҳамчун миллати бостониву дорои фарҳангу тамаддуни қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.

Калимаи “Наврӯз” аз ду вожаи сирф тоҷикӣ – “нав” ва “рӯз” иборат буда, тамоми миллатҳое, ки ин иди аҷдодии моро ҷашн мегиранд, онро бо забони тоҷикӣ – Наврӯз мегӯянд.

Роҳбари давлати мо бо талошҳои худ дар роҳи эҳёи суннатҳои наврӯзӣ ба ҷаҳониён паём доданд, ки Наврӯз таърихан ҷашни тоҷикон буда, дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ унсурҳои башардӯстонаи он дар фарҳангу тамаддуни ҳамаи кишварҳои олам ҷойгоҳ пайдо намудааст. Ин аст, ки миллати мо дар таърих ҳамчун як миллати озода зикр мешавад. Сарчашмаи озодагии миллати мо маҳз чунин мероси таърихиву фарҳангие чун Наврӯзи бостон аст ва имрӯз Наврӯзи бостонии мо дар чандин кишварҳои сайёра таҷлил мегардад. 

Аз ин рӯ, мо бояд бо ин ҷашни оламшумул ифтихор намоем, зеро Наврӯз мероси аҷдодӣ ва мояи ифтихори миллат аст, Наврӯз фарҳанги мост! Иди Наврӯз ва миллати тоҷик аз ҳам ҷудонопазиранд ва ҳазорҳо сол инҷониб миллати тоҷикро бо Наврӯз мешиносанд. Мо бояд Наврӯзро бо тамоми ҳастӣ дӯст дорем ва онро ҳифз намоем, зеро ҳифзи анъанаҳои наврӯзӣ бо ҳифзи Ватан ва фарҳангу миллат баробар аст.

Наврӯз нуқтаи эътидоли баҳорӣ ё баробаршавии шабу рӯз дар ҳаёти мардуми ориёӣ, махсусан тоҷикон нақши муҳиме дорад. Наврӯз ҳамчун яке аз ҷашнҳои байналмилалӣ дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид шинохта шудааст.

Вожаи «Наврўз» дар забонҳои қадимаи эронӣ, аз ҷумла суғдӣ, ки унсурҳои он дар гуфтори кунунии шохаи тоҷикии забони форсӣ маҳфуз аст, ба маънии рӯзи тоза, рӯзи рӯшан ва рӯзи дурахшида тафсир шудааст. Наврӯз оғози соли нав ва бедоршавии табиат буда, он рӯзи аввали моҳи фарвардин (21 март) аст, ки бо гузариши Офтоб аз бурҷи Ҳут ба Ҳамал фаро мерасад. Берунӣ ба ин ҷиҳат дар «Ат-тафҳим» оид ба ин рӯз овардааст: «Нахустин рўз аст аз фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рўзи нав ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст». Яъне, Берунӣ ин рӯзро «рӯзи нав» номгузорӣ карда, онро «пешонии сол» хондааст.

Ҷашни бузурги аҷдодии мо – Наврӯз ва дигар идҳои суннати мардуми эронитабор ба ҳодисаҳои табиат ва ҳаракати ҷирмҳои мунири кайҳонӣ пайванди амиқ доранд.

Яке аз сабабҳои аз аҳди бостон ҷашни байналмилалӣ гардидани Наврӯз дар он аст, ки он дар ҳайати давлатҳои ориёӣ, аз қабили Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён, Ҳахоманишиниён, Кушониён, Ҳайтолиён, Сосониён, Сомониён, Ғӯриён, Сарбадорон ва ғайра, ки дар онҳо ба ғайр аз ақвоми эронитабор халқиятҳои гуногуни ориёнӣ ва ғайриэронӣ зиндагӣ мекарданду таҳти нуфузи тамаддуни ориёӣ қарор доштанд ва ногузир арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ҷашну маросимҳои эронитаборонро мепазируфтанд. Аз ин рӯ, аз аҳди қадим ҷашни Наврўз дар баробари дар байни ақвоми ориёитабори Хуросону Мовароуннаҳру Варорӯд, ки манотиқи бузурги нахустмеҳани ориёиҳо эътироф шудаанд, густариш доштанаш, дар миёни халқҳои шимоли Африқо, Ҷанубу Шарқи Аврупо, Ховари Наздику Миёна, Қафқоз, Шимолу Ғарби Чин ва Шибҳи Қораи Ҳинд доман густурда, ҳамчун ҷашни байналмилалӣ таҷлил карда мешавад.

Аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум аст, ки аҷдодони мо, то давраи зуҳури дини мубини Ислом ба аъанаву суннатҳои наврӯзӣ пойбанд буданд ва Иди Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хоса ботантана таҷлил мекарданд. Ҷашни фарҳангии Наврӯз ба дини мубини Ислом ихтилофе надошт ва надорад. Агар ҷашни анъанаҳои Наврӯз ба муқаррароти динҳо ихтилоф медошт, ин қадар умри дарози таърихӣ намедид. Дини мубини Ислом аз анъанаҳои алоҳидаи наврӯзӣ аз қабили тозагиву озодагӣ, аёдати ниёзмандон, бурдани дасти навозиш ба сари ятимон, шод гардонидани дили ношоде ҳамеша истиқбол намудааст.

Табиист, ки чунин мероси оламшумули фарҳангӣ на ҳамеша қобили пазириши қудратҳо ва гурӯҳу ҷараёнҳои динӣ-ифротӣ мебошад. Дар замони муосир агар касе нобудии ягон қавму миллатро хоҳад, аввал аз нобуд кардани мероси фарҳангии он шурӯъ мекунад. Ин намунаро мо дар нооромиҳои сиёсии кишварҳои арабӣ, махсусан Сурияву Ироқ мушоҳида намудем. Мо бо чашмони худ дидем, ки гурӯҳи даҳшатафкани ба ном “Давлати исломӣ” чӣ гуна мероси таърихиву фарҳангии ин кишварҳоро ба хок яксон намудааст. Албатта чунин рафтор аз хостаҳову ҳадафҳои гурӯҳҳои алоҳида сарчашма мегирад. Наврӯзи бостонӣ ҳам дар тӯли таърих садҳо чунин ҳуҷумҳои ғайриинсониро пушти сар кардааст. Аммо новобаста аз ин, чун ин ҷашни бостонӣ дар шуур ва фазои иҷтимоии мардуми мо мавқеъ дошт, ҳамчунон поку беолоиш то ба имрӯз ҳифз гардид.

Мутаассифона, имрӯзҳо дар сомонаҳои алоҳидаи интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мо шоҳиди ҳуҷумҳои фарҳангӣ мегардем, ки баъзе гурӯҳҳо талош мекунанд, ки бо роҳи зид нишон додани арзишҳои исломӣ бо чунин ҷашни миллӣ-фарҳангӣ дар ҷомеа ихтилоф ва тафриқа эҷод кунанд. Дар ҳамин марҳилаи ҳассос мову шумо бояд беш аз пеш зирак бошем, нагузорем, ки касе нисбат ба муқаддасоти фарҳангии мо беэҳтиромӣ зоҳир намояд. Мо ишора намудем, ки Наврӯз ва анъанаву суннатҳои наврӯзӣ то зуҳури дини поки Муҳаммадӣ дар муҳити маънавию фарҳангии мо мақоми барҷаста дошт ва ин мақом ҳамчун нишони ифтихорофар ва сарфарозии таърихи чандҳасорсолаи мо бояд чун гавҳараки чашм ҳифз шавад. Мо бояд ба суханони дурӯғину фиребандае, ки дар асл мақсади муқобил гузоштани идҳои миллӣ ба дину мазҳаб ва фарҳанги миллии моро доранд, дода нашавем.

Такроран таъкид менамоем, ки ҷашни Наврӯз ҳеҷ рабте ба дину мазҳаб надорад. Баръакс, мо шоҳиди як навъ омезиши зебои ваҳдатгарое миёни суннатҳои наврӯзӣ ва муқаррароти динӣ ҳастем. Масалан, аз қадимулайём хонатаконӣ ва поку озода гардонидани муҳити атроф ва саховату ҷавонмардӣ аз анъанаҳои хоси наврӯзӣ будааст, ки шариати исломӣ ҳам ба чунин суннату анъанаҳо арҷ мегузорад.

Тавре аз мазмуни ҳадиси саҳеҳи Расули акрам (с) бармеояд:

“Худованди таъоло Пок аст, покиро дӯст медорад, Сахӣ аст ва саховатро дӯст медорад...”.

Ҷашни Наврӯзро дар баъзе аз минтақаҳои кишвари мо “Ҷашни деҳқон” ҳам ном мебаранд, ки бесабаб нест. Дар айёми баҳор, ки вақти киштукор аст, бояд ҳар лаҳзаро ғанимат дониста, софдилона меҳнат кунем. Дар хотир дорем, ки деҳқонон заҳмат мекашанд, то шароити зиндагии мардум беҳтар гардад ва маҳз тавассути арақи ҷабини деҳқон одамон ризқу рӯзии худро пайдо намуда, аз анвои маҳсулот баҳраманд мешаванд. Дар мавриди меҳнати ҳалол Паёмбар (с) фармудаанд: «Ҳеҷ кас таъомеро нахӯрда, ки беҳтар аз дастранҷи худи ӯ бошад ва Паёмбари Худо Довуд алайҳиссалом аз дастранҷи худ мехӯрд».

Имрӯз мо бояд ифтихор аз он дошта бошем, ки бо талошҳои Пешвои миллат мо ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашн мақоми байналмилалӣ касб кард. Воқеан, ҷои ифтихори мо –тоҷикон аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамасола аз Наврӯз ба сифати як андешаи бузурги ваҳдатгаро шинохти бештар ҳосил мекунад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо доштани чунин як мероси бузурги фарҳангӣ воқеан боиси ифтихор аст. Бубинед, қавму миллатҳои дигар хурдтарин дастовардҳои фарҳангии худро талош мекунанд, ки хеле бузуругу назаррас нишон диҳанд. Пас, чаро мо-тоҷикон бо чунин мероси беҳамтои фарҳангии ниёкони худ ифтихору сари баланд надошта бошем? Имрӯз Наврӯз яке аз сарчашмаҳои ифтихорофарин барои миллати мост! Пас, моро мебояд дар радифи ҳифзи ин осори пурарзиши фарҳангӣ барои таҳкими унсурҳои он кӯшиш ба харҷ диҳем. Ба фарзандон талқин намоем, ба онҳо фаҳмонем, ки Иди Наврӯз мероси фарҳангии аҷдодони мо буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ дурри ноёб ва гавҳари гаронарзиш аст. Талош намоем, то аз тариқи корҳои хайру савоби мо суннатҳои инсонгароёнаи наврӯзиро ҳар як оилаи ниёзманд, ҳар як инсони фақиру муҳтоҷ эҳсос намояд. Яъне, анъанаҳои неки наврӯзӣ бояд дар роҳи худошиносиву худогоҳии насли оянда нақшгузор бошанд.

Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай самимона табрику таҳният гуфта, дуо мекунем, ки Худованд ба хонадони ҳар яки шумо хушбахтӣ, файзу баракат, саломативу сарбаландӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзунро арзонӣ дорад. Дуо мекунем, ки Худованд ин баҳорро барои мову шумо пурфайзу пурбаракат гардонад, соли навро барои башарият соли холӣ аз дарду ранҷ ва пур аз бахту саодат гардонад. Худованд деҳқонони моро офият ва қувват насиб гардонад, то ба баракати меҳнати ҳалоли онҳо дастурхони ҳамаи ҳамватанон пурнозу неъмат гардад.

 Омин, ё Раббал оламин.

Время намаза в Душанбе

06.11.2024

Подробнее
Фаджр05:21
Зухр12:40
Аср15:31
Магриб17:26
Иша18:56
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее