Главная Статьи Ҳаққи мо бар худи мо

Ҳаққи мо бар худи мо

Ҳаққи мо бар худи мо
2020-05-19
241

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Инсон мавҷудест иборат аз ҷону тан. Аз ин рў,  уҳдадориҳои мо ба ду қисм ҷудо мегардад:

 

Якум. Ҳаққи тан дар назди мо

Дувум. Ҳаққи ҷон дар назди мо

 

Ҳаққи тан

  1. Ғизои дуруст. Ба хотири тани солиму бардам доштан ҳатман ба он чизе, ки мехўрему менўшем, бояд диққати ҷиддӣ диҳем. Худованди бузург дар Қуръони карим дар ин маврид фармудааст: “Эй одамон! Аз он чизҳое, ки дар замин мавҷуданд, танҳо чизҳои пок ва Аллоҳ иҷозатдодаро бихўред. (Сураи “Бақара”, ояти 168)

            Паёмбар (с) фармудаанд: “Муъмини зўру тавоно, нисбати муъмини сусту заиф беҳтар ва дўстоштатарини Аллоҳ аст” (Муслим, “Қадар”-34, Ибни Моҷа, “Зуҳд”-14).

                        Аз ин ҷо маълум мешавад, ки Паёмбар (с) хоҳони он буд, ки мусалмонон на танҳо рўҳан, балки ҷисман ҳам бардаму бақувват бошанд.

  1.   Ҳифзи саломатӣ. Мусалмон вазифадор аст, ки ба саломатии худ диққат диҳад. Агар бемор шуда монад, худро табобат кунад. Яке аз саҳобагон аз Расули Худо (с) суол кард: “Ё Расулаллоҳ! Табобат иҷозат аст?” Паёмбар (с) гуфтанд: “Эй бандагони Аллоҳ! Дардҳои худро табобат кунед, ба дурустӣ ки Аллоҳ таъоло ягон бемориеро нозил накардааст, ки  табобати он ва ё роҳи аз он халос гаштанро надода бошад ба ғайри як чиз”. Пурсиданд: “Эй Паёмбар (с) ин чист? Ў ҷавоб доданд: “Пирӣ”. (“Ҷомиъу-с-сағир”)

            Дини мубини Ислом истеъмоли нўшокиҳои спиртӣ ва маводи мухаддирро манъ карда, ҳукм менамояд, ки аз ҳама гуна чизҳои ба тану ҷисм зараровар дурӣ ҷўем.

            Яке аз неъматҳои бузурги Аллоҳ таъоло саломатӣ ва тани сиҳат мебошад. Инсон қодир аст, ба қадри ин неъмати илоҳӣ бирасад. Агар саломатӣ набошад, гузаронидани ҳаёти шоиста ва фараҳбахш хеле мушкил аст. Инсон аксар вақт ба қадри саломатии худ намерасад. Паёмбар (с) фармудаанд: “Аксарияти мардумон дар ду чиз фиреб мехўранд (яъне, ки ба қадри ду чиз намерасанд): яке саломатӣ, дигаре вақти холӣ” (“Ҷомиъу-с-сағир”).

             Барои нигоҳ доштани саломатӣ мебояд ба маслиҳати табибон гўш дод ва барои пешгирии баъзе аз бемориҳо парҳез кардан зарур аст. Ба ҷойҳое, ки манбаъи сирояти бемориҳо мебошанд, набояд наздик омад. Паёмбар (с) дар ҳадиси муборак мефармоянд: “Аз ҷузом (як навъ беморӣ) чун шер дар гурез бошед”. (Бухорӣ)

             Дини мубини Ислом ба тиб аҳамияти калон медиҳад. Худи Расули акрам (с) аз беморӣ табобат гирифтааст ва дигаронро низ маслиҳат додааанд, ки мувофиқи имконияти ҳамон давр табобат гиранд.  Паёмбар (с) мефармоянд: “Аз мусалмонҳо касе нест, ки Аллоҳ таъоло дар беморӣ ўро аз гуноҳ пок нагардонида бошад, монанди он ки Ў дарахтонро аз гаронии баргҳо озод мегардонад”. (Бухорӣ “Тиб”-1, Муслим “Салом”-69)

              “Ҳар чизе ки ба мўъмин фиристода мешавад: дарди сар, хастагӣ, беморӣ ё ки ғам, ҳатто ғуссаи оддӣ, ҳамаи ин каффорати гуноҳони вай мебошад”. (Муслим “Бирр”-52)

               Дар олами Ислом чунин табибон ба монанди Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино маълуму машҳуранд. Дар тамоми олам то ба имрўз асарҳои онҳо омўхта мешаванд. Табобат зидди таваккул бар Аллоҳ нест. Баръакс, баъди он ки бемор ҳамаи амалҳои барои табобат заруриро анҷом медиҳад, таваккули самимӣ ва дуо ҳатмӣ мебошад.

  1.      Ба тозагӣ бояд диққат дод. Тану либос ва манзили мусалмон бояд тозаву озода бошад. Тозагӣ барои тансиҳатӣ нақши намоёнро бозӣ мекунад. Паёмбар (с) фармудаанд: “Покизагӣ ними имон аст”. (Муслим “Таҳорат”-1, Аҳмад ибни Ҳанбал -260)

          Пайғамбари Худо (с) фармудаанд: “Вақте, ки касе аз шумоён аз хоб бармехезад, бигзор пеш аз он ки ба зарфи обдоштае (ё дигар асбобу анҷоми хона) даст расонад, аввал дастони худро бишўяд, зеро ки номаълум аст, дасташ  дар хоб ба чӣ мерасад”. (Бухорӣ “Вузў”-26, Муслим “Таҳорат”-87)

           Расули Худо (с) ба нигоҳубини дандонҳо аҳамияти зиёд медоданд. Ў мефармоянд: “Мисвокро истифода баред” (Байҳакӣ “Мисвок”)

         “Намози баъд аз истифодаи мисвок барпошуда, ҳафтод дараҷа афзалият дорад” (Аҳмад ибни Ҳанбал, “Муснад”-272)

         “Мисвокро истифода баред, зеро ки он даҳонро тоза мекунад. Ин ба Аллоҳ таъоло хушоянд аст. Фариштаи муқарраб Ҳазрати Ҷабраил (а) исроркорона ба ман маслиҳати истифодаи мисвокро медод, ки ман тарсидам мабодо ба ман ва уммати ман чун фарз дониста нашавад”. (Ибни Моҷа, “Таҳорат”-7, Аҳмад ибни Ҳанбал “Муснад”-263).

 

Ҳаққи рўҳу ҷон

  1. Дилро аз ақидаи ботил ҳифз намудан
  2. Дар дил парвариш додани эътиқоди ҳақиқӣ ва ақидаи росту дуруст.
  3. Фитратро бо диниши ҳақиқӣ ва аҳамиятнок зебу зинат додан.

          Паёмбар (с) дар бораи моҳияти илм чунин мефармоянд: “Саъю кўшиш барои илм ба ҳар як мусулмон фарз аст” (Ибни Моҷа, “Муқадимма”-23).

          “Касе барои омўзиши илм саъю кўшиш мекунад, дониши омўхтааш каффорати гуноҳҳои ў мегарданд” (Тирмизӣ “Илм”-2, Ибни Моҷа “Муқаддима”)

           “Ҳар касе ки барои гирифтани илм роҳ тай мекунад, то бозпас баргаштанаш дар роҳи Аллоҳ аст” (Тирмизӣ “Илм”-2)

          “Ҳар касе ки роҳи гирифтани донишро пеш мегирад, Аллоҳ роҳи Ҷаннатро барояш осон мегардонад” (Тирмизӣ “Илм”-2)

          “Ҳар касе ки ҷавобро  медонад, вале ба саволи додашуда  ҷавоб намегўяд, дар рўзи Қиёмат дар даҳонаш лаҷоми оташин зада мешавад” (Тирмизӣ, “Илм”-3, Аҳмад ибни Ҳанбал, “Муснад-499)

        “Ҳар касе, ки аз барои Аллоҳ таҳсили илм накардааст ва мехоҳад, ки аз барои кадом касе ба ғайр аз Аллоҳ илму дониш бигирад, бигзор худ дар Дузах ҷой тайёр кунад” (Тирмизӣ, “Илм”-6)

  1. Аз фикру ақида ва тамоюлҳои рўйрости ҳалокатовар худро раҳо кунед!
  2. Дар сиришти худ нишонаҳои мусбати хислатро ҷойгир кунед!

        Нишонаҳои манфии хислат: душманӣ, бухлу бахилӣ, ҳасудӣ, дурўғгўй, ба аҳд вафо накардан, мунофиқӣ, бешармӣ, беҳаёӣ, беэҳтиромӣ ба мусалмонон, беадолатӣ, бесабрӣ, дағалӣ, бе иҷозат истифодабарии он чизе, ки барои нигоҳдорӣ дода шудааст, сангдилӣ...

Нишонаҳои мусбати хислат:   муҳаббат, шафқату меҳрубонӣ, ростӣ, ҳақгўӣ, саховатмандӣ, шуҷоатмандӣ, меҳнатдўстӣ, тоқатпазирӣ, ҳаёю ҳилм доштан, эҳтиром ба калонсолон намудан, ба аҳди худ вафо кардан, хулқи хуш доштан, хушодобӣ, ҳалимӣ, бахшида тавонистан, хоксорӣ, ғазабро фурў нишонидан, забонро дошта тавонистан...

Шайх Абдуқодири Гелонӣ (рҳ) мегуфт: “Эй писар! Ба касоне, ки туро дар лаҷом задани нафс мадад мекунанд, дўстӣ намо. Ба суҳбатҳои онон ҳозир шав ва ба он касоне, ки ба ту мадад мекунанд то аз паси нафс шитобӣ, дўстӣ макун. Аввал бо доштани нафси худ машғул бош, вақте ки онро дошта тавонистӣ, ба тарбияи дигарон машғул шав. Ба тарбияи дигарон машғул гардида, тарбия кардани худро аз хотир набарор”. 

Дар шароити кунунӣ, ки хатари бемориҳои сирояткунанда ҳамаи оламро фаро гирифтааст, амал намудан ба ин тавсияҳои Паёмбари гиромӣ (с) ва риоя намудани қоидаҳои беҳдошт омили муҳими эмин мондан аз ҳар гуна сирояти вирусҳои хатарнок ба  саломатии инсон мебошад. Умед дорем, ки ҳар як фарди солимфикри ҷомеа ин тавсияҳо ва насиҳатҳои судмандро дар зиндагии худ амалӣ намуда, баҳри ҳифзи саломатии худ ва ҷомеа саъйу талош мекунад.

Другие статьи

Время намаза в Душанбе

12.07.2020

Подробнее
Фаджр03:33
Зухр12:40
Аср17:56
Магриб20:02
Иша21:32
Выступления Президента
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Подробнее