Главная Статьи ҲАР ЧӢ КОРӢ ҲАМОНРО БИДРАВӢ

ҲАР ЧӢ КОРӢ ҲАМОНРО БИДРАВӢ

ҲАР ЧӢ КОРӢ ҲАМОНРО БИДРАВӢ
2020-12-30
1620

    Асри 21 асре аст, ки илму техника дар авҷи тараққиёти худ қарор дорад.Дунё дигар дунёи 70-80 соли пеш нест! Агар 70-80 соли пеш ё бештар аз ин барои расонидани як хабар, чӣ рост ва чӣ дурӯғ нома навишта, бо машаққатҳои зиёд онро ба шахси дар назардошта мерасонданд, имрӯз дар арзи фақат чанд сония чунин хабарҳоро аз тариқи шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ-иттилоотӣ ба  маълумоти миллионҳо ва ҳатто аз ин ҳам зиёд одамон расонида мешавад. Хабар рост бошад, ки хело хуб, мардум огоҳ мешаванд. Вале як хабри дурӯғ ва фитнангез метавонад, ки садҳо ва ҳатто ҳазорҳо одамонро гумроҳ намуда, садҳо ҳазор одамонро ба воҳима андозад. Имрӯз қариб, ки тамоми кишварҳои дунё ба тамоми шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ дастрасӣ доранд. Мешавад, ки хабарҳои чӣ рост ва чӣ дурӯғро дар зарфи ҳатто чанд сония аз як гӯшаи дунё ба гӯшаи дигари он расонд. Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ гарчанде дорои паҳлуҳои мусбати зиёде ҳам бошад, инчунин дорои як қатор паҳлуҳои манфӣ низ ҳаст. Махсусан вақте, ки ҷавонон аз он бештар истифода мебаранд. Истифодабарандагони шабакаҳои иттилоотӣ аксаран ҷавононанд. Имрӯз алалхусус дар кишвари мо тақрибан ҷавоне нест, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода набурда бошад. Тақрибан беш аз 70%-и аҳолии кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҷавонон ташкил медиҳанд. Яъне бо шумули баъзе калонсолон тақрибан 60-70%-и аҳолии кишвар ба шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва тақрибан ҳамаи сокинони мамлакат ба дигар шабакаҳои иҷтимоӣ-иттилоотӣ, аз он ҷумла телевизион ва радио дастрасӣ доранд. Шояд беш аз нисфи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилоотӣ аз тарзи дурусти истифодабарии он ноогоҳанд ва аз он нодуруст истифода мебаранд.

      Мағзи сари инсон ба ҳар ҳол холӣ намемонад. Аз ду чиз пур мешавад: 1) афкори мусбат ва 2) афкори манфӣ. Ҷавонони мо бояд, ки аз маърифати дурусти истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ бархурдор буда, дорои тафаккури мусбат ва созанда бошанд ва онро ба манфиати ҷомеа ва давлат истифода баранд. Дар ин ҳолат аст, ки ҷомеа ва давлат бо тафаккури созандаи хеш ва бо алоқамандии ба ҳамдигар дар зудтарин фурсат ба муваффақиятҳои чамдоште даст меёбанд ва ба авҷи тараққиёт мерасанд. Зеро ҳам тараққиёт ва ҳам заволи давлат ба ҷомеа ва алалхусус ба ҷавонон вобаста аст. Аз ҳамин сабаб аст, ки имрӯз  шабакаҳои иҷтимоӣ силоҳе гаштаанд, ба дасти террористон ва шахсони алоҳида, ки ободӣ ва осудагии кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлоро намехоҳанд. Ҳар як аъзои ҷомеа ба монанди як хиште ҳаст, ки бо ҳамдигар як бинои ободу зебо ва мустаҳкамеро ба номи Ватан бунёд кардаанд ва ба монанди девори баланде ҳастанд, ки ҳамдигарро ва алалхусус Ватани хешро аз ҳар гуна тавтеа ва ҳамлаҳои душманон дар амон нигоҳ медоранд. Таҳкурсии он ҷавононанд. Наҳзатиён ва ҳам миллатфурӯшони ҳамроҳашон ин девори баланд ва бинои зебои моро мебананд, вале ба дунболи чанд хишт мегарданд, то онро фурӯ нишонанд ва силоҳашонро ба тарафи таҳкурсии он яъне ҷавонон нишона гирифтаанд. Хиште, ки пухта нарасидааст ва дорои нуқсонҳои зиёде мебошад, бешак ҳамон вайрон хоҳад шуд. Аммо хиште, ки пухта расидааст ва хуб обу тоб ёфтааст, асрҳо поянда хоҳад монд. Яъне ташбеҳи ман ба он далел аст, ки ҷавонон нерӯи созандаи ватананд ва ояндаи кишвари азизамон

          Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дастони онҳост. Мо бояд саъй намоем, то аз худ як насли солимақл ва созандаеро барҷо гузорем, то кишвари азизамонро асрҳо ва ҳатто то абад поянда нигоҳ доранд. Ба ҷавонон бояд аз ҳар ҷониб омӯзонем. Саъй намоем, ки афкори ин ҳомиёни Ватан бо тафаккури созанда ва ватандӯстона лабрез гардад. Меҳри Ватанро дар дилашон ба ҷӯш биоварем. Аз тамоми илмҳои муосир чӣ динӣ ва чи дунявӣ огоҳашон кунем, то ба доми паҳн намудаи террористон наафтанд. Зеро ҷавоне, ки аз илм бохабар аст ва дорои ақли солим аст, ҳеҷ гоҳ фирефтаи суханони хоми наҳзатиёни ватанфурӯш намешавад. Беҳуда нагуфтаанд, ки илм рӯшноии ақл аст. Дар ҳақиқат вақте ки рӯшаноӣ бошад, мо роҳгум намезанем ва аз оқибати роҳе, ки мераваем огоҳ мегардем. Оқибати хуб ва бади роҳҳоро фаҳмида, ба масири дуруст қадам мемонем, то ба масири хуб бирасем. Вале вақте ки рӯшаноӣ нест ва тамоми тафаккури инсонро торикӣ фаро гирифтааст, масири мақсудро пайдо наменамояд ва ҳамеша роҳгум мезанад. Тибқи маълумотҳо аксаран инсонҳое, ки аз илм бархӯрдор нестанд, ба доми паҳннамудаи террористон меафтанд ва ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дохил мешаванд. Аксарияти аъзоёни ТЭТ ҲНИ бесаводанд ва мехоҳанд, ки ҷомеаи моро низ ҳаммонанди худ бесавод бубинанд. Имрӯз аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслаконашон силоҳҳои худро бар тарафи ҷавонони мо нишон гирифтаанд, то ақидаҳои ифротӣ ва ғаразноки худро ба ҷавонон таҳмил ва онҳоро мағзшӯйӣ намоянд.

          Хулоса, мо ходимони динро зарур аст, ки дар канори Пешвои муаззами миллат ва дигар ниҳодҳои ҷумҳурӣ ба ҷавонон роҳи дурустро нишон диҳем. Онҳоро аз воқеияти ислом, ки саршор аз меҳру муҳаббат ва ватандӯстист, бохабар намоем. Ва дар канори ин фарзандонамон ва тамоми ҷавонони кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлолро барои омӯхатни илмҳои замони муосир ташвиқ кунем, зеро талаби илм аз ибодат ҳам болотар меистад. Расули акрам (с) дар яке аз ҳадисҳояшон мефармоянд, ки аз гаҳвора то гӯр дониш омӯз. Аз ин ҳадиси муборак чунин бармеояд, ки Паёмбари Ислом (с) ба мо гуфтанианд, ки танҳо шахсе, ки дорои илму маърифат аст, метавонад ба дурустӣ дини мубини Исломро шиносад. Ва дар ҷои дигар мефармоянд, ки илм агар дар Чин бошад, ҳам биомӯз. Ҳадафи Ҳазрати Пайғамбар (с) илмҳои дунявӣ аст, зеро маркази Ислом ҷои зиндагонии худи паёмабар Макка ва Мадина буд. Ислом ҳанӯз ба Чин нарафта буд. Пас аз чунин далелҳо бармеояд, ки мо ходимони дин ба ҷавонон аз ҳар зовия насиҳатҳо кунем. Беҳуда нагуфтаанд: инсон вақте метавонад, қадри чизеро донад, ки онро аз даст дода бошад. Мо як бор осудагиамонро дар солҳои навадуми асри гузашта аз даст дода будем ва дар орзуи як кишвари ободу зебо, ки дар он ҷо сулҳ танинандоз бошад, будем. Орзуи доштани чунин давлатро дар дил мепарваридем, ки хушбахтона бо ташаббусҳои оқилонаи Пешвои муаззами миллат ба чунин орзуи деринтизори худ расидем. Акнун мо бояд талош намоем, ки ояндагони кишвари азизамон яъне ҷавонон давомдиҳандагони роҳи оқилонаи Пешвои муаззами миллат гарданд ва барои худ ва дигарон як кишвари мутараққӣ ва пешрафтаро ба ҷо гузоранд.

Одилхӯҷа Мӯсоев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи

ба номи Шайх Абулқосими Гургонии

деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ

Время намаза в Душанбе

20.04.2024

Подробнее
Фаджр04:07
Зухр12:40
Аср17:19
Магриб19:17
Иша20:48
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее