Главная Статьи ИНСОНДЎСТӢ, ҲАМДИГАРФАҲМӢ, ДОНИШАНДЎЗӢ

ИНСОНДЎСТӢ, ҲАМДИГАРФАҲМӢ, ДОНИШАНДЎЗӢ

ИНСОНДЎСТӢ, ҲАМДИГАРФАҲМӢ, ДОНИШАНДЎЗӢ
2021-07-10
348

Ба номи Худованди бухшояндаву меҳрубон

Ҳамду сано Худованди ягонаро, дуруду салом бар Расули гиромии Ислом (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.

Тавре ки ҳамаи мову шумо огоҳӣ дорем, пойдорӣ, амнияту осоиштагӣ, файзу баракат ва бақову обурўи ҷовидонаи ҳар як халқу миллат дар инсондустӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳифз намудани маданияту маърифат ва ёд аз гузаштагони бузурги миллати хеш мебошад.

 Баъди ноил шудан ба истиқлолияти давлатӣ ҳаёти халқи тоҷик маҷрои тозае ба худ гирифта, андешаи миллӣ бар пояи асолатҳои таърихӣ ва арзишҳои анъанавӣ рушди фарогир ёфт. Робитаҳои миллати тоҷик бо аҳли ҷаҳон, шиносоӣ ва бархўрдории вай аз арзишҳои умумибашарӣ афзуд. Барои ташаккули дурусти худшиносии динӣ истифодаи мероси ғании динӣ зарур аст. Мероси динӣ, аз ҷумла мероси фиқҳӣ ва каломии Имоми Аъзам, метавонад намунаи равшани муколамаи дин ва тамаддунҳоро арзёбӣ кунад.

Халқи кишвар ба дини мубини Ислом ҳамчун як сарчашмаи поку беолоиши маънавӣ, рўҳонӣ ва ахлоқӣ эҳтиром мегузорад. Таърих гувоҳ аст, ки гузаштагони бузурги миллати мо дар ривоҷу густариш ва рушду нумўи дини Ислом ва арзишҳои исломӣ саҳмгузорӣ намудаанд. Умуман метавон гуфт, ки Ислом имрўз яке аз рукнҳои муҳими ҷаҳонбинӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. 

Дар Ислом бузургдошти инсон ва эҳтироми шахсият на танҳо нисбати муътақидони он, балки нисбати пайравони динҳои дигар низ дида мешавад.

 Худованд дар Қуръони карим мефармояд:

«Ҳамоно, фарзандони Одамро гиромӣ  кардем ва дар биёбону дар дарё онҳоро барнишондем; ва ба онҳо аз покизаҳо рўзӣ додем ва онҳоро бар бисёре аз он чи офаридаем, фазли бисёр додем» (Сураи Исро, ояти 70).

Пайғамбари Худо – Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с) дар ҳадисе мефармоянд: «Он чизҳоеро, ки шумо барои худатон дўст медоред, агар барои дигар бародаронатон раво набинед, мўъмин нестед».

Дар ин ҳадис Пайғамбар (с) инсонҳоро барои дар байни худ пиёда намудани дўстӣ, муҳаббат ва некбинӣ амр менамояд.

Инсон узви ҷамъият ҳисоб ёфта, ба бисёр чизҳо эҳтиёҷманд аст, ки онҳоро як кас ба даст оварда наметавонад ва ҳар фард ба ёрии фарди дигар муҳтоҷ аст.

 Дар ҳадисе омадааст: «Касе, ки дар ёрии бародари худ бошад ва эҳтиёҷоти ўро барорад, Худованд мададгори ў мебошад».

Инсони хайрхоҳ, ки ахлоқи хуб дорад, доимо кўшиш мекунад, ки мақсадаш кори нек бошад. Шахси мусулмон бояд ҳамчун шахси инсонпарвар ба дўстию рафоқат аҳамияти махсус дода, мардумро қатъи назар аз нажоду миллаташон ба ягонагию ваҳдат даъват намояд. Мо бояд дорои ҷамъияте бошем, ки дар он озодӣ, дўстӣ, баробарии умум ва ҳурмату эҳтиром байни одамон пурра тантана дошта бошад.

Роҳи ягонаи барпо намудани чунин ҷамъият кўшидан дар илму дониш ва такмили маърифатнокии одамон мебошад. Мутафаккири бузург - Ибни Сино ҳамеша тарафдори дўстии байни одамон ва халқҳо буд. Ў фақат дар дўстии халқҳо қувваи бузург, қувваи пешрафти ҷамъият, таҳкурсии бахти одамонро медид. Ибни Сино ба дўстию рафоқат аҳамияти махсус дода, мардумро ба сулҳу осоиш, дар ғаму андўҳ ва шодию сурури ҳамдигар ҳамроҳ будани онҳоро таъқид кардааст. Ў тарафдори иттифоқи мардумон, хоҳони барҳам додани низоъҳои миллӣ, динӣ, нажодӣ ва ҷангҳои дохилӣ буд. Осудагӣ ва фаровонӣ орзуи ин олими бузург буд.

Мавқеи дини мубини Ислом нисбати пайравони дигар динҳо дар асоси усули таҳаммулпазирӣ, инсондўстӣ ва гуфтугўи тамаддунҳо ташаккул ёфтааст. Аз ин ҷо, шиносонидани назари воқеии Ислом, хусусан мазҳаби Абўҳанифа, ҳамчун иқдоме барои таҳкими муколамаи Ислом бо дигар дину тамаддунҳо хизмат мекунад.

Дини мубини Ислом тамоми ҳуқуқҳои асосии инсон- мусулмон ва ғайри мусулмонро дар ҳаёт ҳифз менамояд. Ва ҳамеша инсонро барои идора намудани нафси худ аз побанди ҳавою ҳавас нашудан ва оқилона дар он тадбир андешидан, амр менамояд.

 

Эй нафс, ки бастаи ҳавою ҳавасӣ,

Биштоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ.

Дунё маталаб, ҷоҳ маҷў, ришва махўр,

К- аз дўст бароиву ба душман бирасӣ.        

                                                                  (Абўалӣ ибни Сино)

 

Барои ҳар яки мову шумо зарур аст, ки рўҳи замони худро дуруст дарк намуда, барои ягонагии миллат, бартараф намудани ҳар гуна ифрот дар масъалаҳои марбут ба ақида, фиқҳи исломӣ ва ғайра тамоми нерўи ахлоқӣ ва ақлонии худро равона созем.

Афроди ҷомеа бо якдигар мисли бародаранд ва бояд ба сулҳу созиши байни худ бипардозанд ва дар тамоми лаҳзаҳои хуби зиндагӣ, моддию маънавӣ дар кўмаки якдигар бошанд, зеро ҳама нисбат ба ҳам ба манзалаи аъзои як хонавода ҳастанд.

Дар ояти 13 Сураи Ҳуҷурот омадааст:

«Эй мардум, ба дурустӣ ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то ба ягдигар шиносо шавед!».

Инчунин Худованд дар Қуръони карим мефармояд:

«Ва шумо ҳама ба дини Худо чанг бизанед ва пароканда машавед».(Сураи Оли Имрон, ояти 103).

Нисбати дўстию бародарӣ инчунин аз Расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят шудааст, ки гуфтаанд:

«Ба якдигар ҳасад набаред; ва ба якдигар зиён нарасонед; ва ба якдигар кина нагиред; ва ба якдигар душманӣ накунед; ва баъзе аз шумо бар савдои баъзеи дигаре савдо накунад; ва бандаҳои Худоро бародар бошед; мусулмон бародари мусул­мон аст, бар ў зулм накунад, ўро хиёнат накунад, ўро таҳқир накунад. Тақво ана ин ҷост. – Ва ба синаи худ се бор ишорат кард. –«Аз бадӣ ҳамин мардро басанда аст, ки бародари мусулмонашро нописандӣ кунад. (Ҳуқуқи) ҳар як мусулмон назди мусулмони дигар муқаддас аст, хуни ў ва моли ў ва шарафу обрўи ў».

Дар ҳақиқат илму дониш сифате аст, ки ҳар инсони оқил онро меписандад ва дўст медорад. Дини мубини Ислом ба масъалаи илму дониш ва донишомўзӣ таъкиди фаровон дорад ва мақоми илму дониш ва донишмандонро дар ҷойгоҳи бисёр баланде қарор додааст.

Аз ин рў, дуо мекунем, ки Худованд ҷавонони миллати моро дар роҳи илму дониш собитқадам дорад ва дар сояи илму имон уфуқҳои тозае аз пешрафтҳоро насиби онҳо гардонад.

Омин ё Раббал оламин.

Время намаза в Душанбе

21.09.2021

Подробнее
Фаджр04:39
Зухр12:40
Аср16:31
Магриб18:35
Иша20:05
Выступления Президента
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Подробнее