Главная Статьи Масъалаи дин ва озодиҳои эътиқодӣ дар Конститутсияи Тоҷикистон ва низоми қонунгузории мамлакат

Масъалаи дин ва озодиҳои эътиқодӣ дар Конститутсияи Тоҷикистон ва низоми қонунгузории мамлакат

Масъалаи дин ва озодиҳои эътиқодӣ дар Конститутсияи Тоҷикистон ва низоми қонунгузории мамлакат
2017-11-04
324

Ба номи Худованди бахшоянда ва меҳрубон

Ҳамду сано Худованди беҳамторо ва дуруду салом бар Расули акрам (с) ва хонадону ёрони ӯ бод.

Масоили дину диндорӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои эътиқодии мардум дар меҳвари қонунгузории миллии ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Тоҷикистон бо назардошти моддаи 1-уми Конститутсияи ҷТ давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ эътироф шуда, заминаҳои ҳуқуқии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ва танзими эътиқодоти динии шаҳрвандонро, қабл аз ҳама, дар Конститутсияи хеш ва баъдан дар асоси он дар қонуни ҷТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (аз соли 2009) матраҳ намудааст. Агар дар маҷмӯъ гирем, дар Конститутсияи ҷТ дар 7 маврид ба масъалаи озодии виҷдон ва эътиқодоти динӣ сухан меравад, ки онҳо дар ҳамбастагӣ сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар соҳаи дин ташаккул медиҳанд.

Дар моддаи 1-уми Конститутсия асосҳои сохтори давлатдории Тоҷикистон – соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқбунёдӣ, демократӣ, ягонагиву дунявӣ будани ҷумҳурии Тоҷикстон зикр мешавад, ки аз ин аслҳо дунявӣ будани ҷумҳурӣ нақши калидӣ дорад. Дахлнопазир будани ҳуқуқҳои фитрии инсон дар моддаи 5-ум ва ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат дар моддаи 8-ум зикр мешавад. Дар моддаи 26-уми Конститутсия таъкид мешавад, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки муносибати худро мустақилона ба дин муайян намояд. Кафолати  давлат ба шаҳрванд дар масъалаи озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор дар моддаи 30-юми Конститутсия дарҷ шудааст. Ниҳоятан, моддаи 100-уми Конститутсияи ҷТ муайян мекунад, ки шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.

ҳамаи ин меъёрҳои конститутсионӣ дар маҷмӯъ сиёсати давлати Тоҷикистонро нисбат ба дин ба расмият дароварда, ба амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ризоият дар ҷомеа, мусоидат ба эҳёи фарҳанг ва худшиносии миллӣ, таъмини ҳамкориҳои васеи давлат бо иттиҳодияҳои динӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, пешгирии падидаҳои ифротгароӣ дар муҳити сиёсӣ ва динӣ равона шудаанд.

Дар ин миёна мафҳуми дунявият яке аз вожаҳои аслии муайянкунандаи муносибати давлат ба дин, иттиҳодияҳои динӣ ва асли озодии виҷдон ба шумор меояд. Асли дунявият маънои муқобил будан бо дин ва маҳдуд сохтани озодиҳои диниро надошта, моҳияти он дар муҳайё намудани шароити озод ва баробари татбиқи озодиҳои динию эътиқодии шаҳрвандон ифода мегардад.

Аз таҷрибаи сиёсӣ ва воқеияти муосири Тоҷикистон чунин андеша ҳосил мешавад, ки ҷудоии ташкилотҳои динӣ аз давлат, ки дар банди чоруми моддаи 8-уми Конститутсияи Тоҷикистон зикр  мешавад, ба маънои қатъан ҷудо будани ташкилотҳои динӣ  аз давлат нест. Зери мафҳуми ҷудоии дин аз давлат аз нигоҳи сохтору идора мудохила накардани ташкилотҳои динӣ ба корҳои давлатро фаҳмидан лозим аст. Ин ҷудоӣ ҳаргиз набояд ба ҳамкориҳои давлат бо ташкилотҳои динӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди ҷомеа ва таъмини манофеи миллӣ монеа шавад. Чунин меъёри конститутсионӣ манфиати худи иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои диниро низ дорад. Дар ин ҳолат ташкилотҳои динӣ дар иҷрои масъулиятҳои ойинномавии худ озод буда, дар айни замон аз ҳамагуна масъулиятҳое озод мешаванд, ки ниҳодҳои давлатӣ дар пешорӯи ҷомеа доранд.

 Тибқи таҳқиқоти олимони Донишгоҳи Гарвард, ки соли 2005-ум анҷом додаанд, 75 кишвар расман дини давлатӣ доранд ва эълон ҳам кардаанд, ки кадом динашон расман дини давлатист. 113 мамлакати дигари дунё, аз ҷумла Федератсияи Россия низ расман дини давлатӣ надоранд. Аз соли 1900-ум то соли 2000-ум дар 63 кишвари олам, масалан, дар Бразилия, ҷопон ва Россия динҳои давлатӣ расман бекор шудаанд. Дар 17 кишвари олам бошад, динҳои давлатӣ расман аз нав эълон карда шудаанд.

  Таърихан агар бигирем, баробари ҷорӣ шудани дини ислом дар сарзамини Осиёи Марказӣ ва махсусан давраи таъсиси мамлакатдории Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён зарурати муайян кардани ҷойгоҳи он дар низоми давлатдорӣ ба вуҷуд омад. Ислом боиси тавлиди фарҳанги комилан нав дар шуури ҷамъиятии тоҷикон гардид ва дар ин давра фазои озодии андеша, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии ҳама пайравони адён ба вуҷуд омад. Яъне аз ҳамон давра озодии андеша ва омили динӣ созгории хешро дар фарҳанги умум исбот намуданд.

қонуни дигар - «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» ҷанбаи қавии динӣ дорад. Ин таҷриба низ дар минтақа назир надорад ва манфиати он кулли манофеи пешрафтҳои мафкуравӣ ва иқтисодии мардуми шарифи Тоҷикистонро дар бар мегирад. Татбиқи босубот ва муътадили ин санади муҳимми ҳуқуқиву сиёсӣ ба шуури динии мардум таъсири ҷиддӣ расонд. Ба ин маънӣ, ки фазои динӣ ва мафкуравии мардум аз бозмондаҳо ва хурофоти дерина тоза шуд ва як муҳити созгори пайванди равобити дину давлат дар шароити дунявият ба вуҷуд оварда шуд.

  Муҳимтарин хислати қонунҳои муосири Тоҷикистон ҳамин аст, ки ба арзишҳои миллии давлатдории дунявӣ бештар арҷ мегузорад. Аз ин нуқтаи назар, миёни арзишҳои динӣ ва арзишҳои давлати миллии дунявии Тоҷикистон айни замон дар қонунгузории миллӣ ихтилофот нест, ҳама фаъолиятҳо дар асоси он қонунгузорие ба роҳ монда мешаванд, ки манфиати умумии давлатро дар мадди назар доранд.

  Ин хулосаҳо ба он маънӣ нест, ки тамоман дар фазои динии кишвар ихтилофот набошад. ҷо-ҷо зуҳур кардани муноқишаҳо ва тазодҳо дар масоили ақидатӣ, инчунин эътирози баъзе рӯҳониён ба равиши диндорӣ ба чашм мерасанд, ки хислати муваққатӣ доранд ва наметавонанд ба сатҳи диндорӣ ва тафаккури динии оммаи васеи мардум таъсир гузошта бошанд.

  Амин тавр, бо назардошти таҳлили қонунгузории Тоҷикистон дар мавриди мушаххас намудани ҷойгоҳи дин дар ҷомеа метавон гуфт, ки  ҳуқуқи одамон ба озодии виҷдонро қонуни махсус ба танзим медарорад, ки муҳтавои он ба арзишҳои умумибашарии ҳуқуқи инсон ва ҳама санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон пурра мувофиқат мекунанд. Ин қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ном дошта, муносибатҳои оид ба ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои диниро танзим менамояд. Мувофиқи ин қонун, дар ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба  дин, аз ҷумла  ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб,  паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна  эътиқоди динӣ  ва эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи онҳо амал кардан кафолат дода мешавад.

Ин қонун ба хотири таҳкими осудагиву субот ва аз байн бурдани мудохила ба корҳои динӣ муқаррароте дорад, ки мақсад аз онҳо пешгирии сар задани ҳар гуна ихтилофот дар пояи дину диндорӣ мебошад, аз ҷумла тибқи қонунҳои Тоҷикистон барангехтани ҳар гуна кинаву адоват ва низои динӣ, таҳқири ҳиссиёти динӣ ва атеистии шаҳрвандон манъ мебошад. Иттиҳодияҳои динӣ тибқи ҳамин қонун бо пешниҳоди санадҳои хеш ва бақайдгирӣ озодона ба фаъолияти таблиғотӣ машғул шуда метавонанд. Айбдор кардани шахс бо сабаби диндорӣ ё бединӣ ва ё тарки дин манъ аст. ҷалб кардани ноболиғон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба ноболиғон додани таълими динӣ бе иҷозати хаттии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда манъ аст. Азбаски иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд, пас онҳо дар интихобот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ иштирок наменамоянд, инчунин дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои сиёсӣ иштирок накарда, ба онҳо кумаки моддӣ ва дигар кумакҳо намерасонанд.

ғайр аз ин, дар Тоҷикистон ҳар кас ба таври ихтиёрӣ ба гирифтани таҳсилоти динӣ дар алоҳидагӣ ва ё ҳамроҳи дигарон ҳуқуқ дорад. Масҷидҳои ҷомеи марказӣ ва масҷидҳои ҷомеъ тибқи оинномаи худ бо роҳи таъсис додани гурӯҳҳои таълимӣ ба омӯзонидани асосҳои дин машғул шуда метавонанд. Таълими динии кӯдакон аз синни 7 то 18-солагӣ бо ризоияти хаттии падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда дар вақтҳои берун аз дарс ва берун аз барномаи таълимии таҳсилоти давлатӣ иҷозат дода мешавад.

ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ комилан масоиле нест, ки мояи ихтилофоти ақидатӣ ва падид омадани зуҳуроти номатлубе, аз қабили терроризму ифротгароӣ бошад. 

Время намаза в Душанбе

17.12.2017

Подробнее
Фаджр05:54
Зухр13:00
Аср15:09
Магриб17:10
Иша18:40
Выступления Президента
Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Подробнее