Главная Статьи ҲУНАРМАНД ҲАРҶО БУВАД САРФАРОЗ...

ҲУНАРМАНД ҲАРҶО БУВАД САРФАРОЗ...

ҲУНАРМАНД ҲАРҶО БУВАД САРФАРОЗ...
2018-03-23
3534

Бешак ҳунар, қобилияти кордонӣ, касбу пеша аз фазилатҳои наҷиби инсонӣ маҳсуб ёфта, барои сарфарозиву саодатёрӣ ва бахтиёрии инсон замина мегузорад.

Шахси ҳунарманд дар ҳама ҳолат боэҳтирому соҳибмартаба аст, ҳунармандро ҳамагон азизу гиромӣ медоранд ва маҳз хушбахтиву саодатофарӣ, зебоиву шодмонӣ аз маҳсули дастони ҳунарманд сарчашма мегирад. Бузургони илму адаби мо ҳунарро зиннати инсон унвон дода, ҳамеша ҷавонон ва насли ояндаро барои дар рӯҳияи илму ҳунаромӯзӣ ҳидоят менамуданд. Ин аст, ки Абулқосим Фирдавсӣ мефармояд:

Куҷо беҳунар шуд асири ниёз,

Ҳунарманд ҳарҷо бувад сарфароз.

Бесабаб нест, ки Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ ҳунарро чашмаи зоянда ва давлати поянда номида, ҷои соҳибкасбони ҳунармандро дар дилу дидаи мардумон муқаррар кардааст. Ба андешаи Саъдии Шерозӣ:

Айб аст, ки дар ҳунар накӯшӣ,

Сад айб ба як ҳунар напӯшӣ.

Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,

Дар дидаи мардумон азиз аст.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони биҳиштосо бо ибтикор ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди соҳибкасб ва соҳибҳунар ба камол расидани насли шоистаи замон тадбирҳо андешида, маҳз дар рӯҳияи касбу ҳунаромӯзӣ ба камол расидани онҳо дар мадди назари ҳамешагии давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад. Ҳанӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар вохӯрӣ бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 8 апрели соли 2011 оид ба нақши падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва соҳибкасбу соҳибҳунар ба камол расонидани фарзандон ибрози назар намуда, андешаи Имом Муҳаммади Ғаззолии Тӯсиро, ки дар асари безаволи худ “Насиҳат-ул-мулук” фармудааст, баён доштанд, ки “Падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад буд”. Вобаста ба касбу ҳунаромӯзӣ низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр намуда буданд, ки: “Писарону духтароне, ки одобу ахлоқ ва дониши кофӣ доранд, ба илова касбу ҳунаре меомӯзанд, аз ҷумлаи беҳтаринҳоянд”.

Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар дастур доданд, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷиҳати ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ тадбирҳо андешад.

Вобаста ба таҳлили шуғли аъзои ҳар як оилаи кишвар низ Пешвои миллат ба масъулини ниҳодҳои дахлдори кишвар супориш дода, раванди ҷалби онҳоро ба соҳаи кишоварзӣ, корҳои хонагӣ, косибӣ, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, корҳои мавсимӣ ва хизматрасонӣ масъалагузорӣ намуданд.

Ҳамзамон бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ Пешвои муаззами миллат аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу маводро аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод намуданд.

Маҳз заминаи мусоиди фароҳамомада буд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ бо ибтикори наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шуд.

Агар ба масоили ҷалби мардум ба ҳунаромӯзиву меҳнатдӯстӣ аз нигоҳи дини мубини ислом таваҷҷуҳ намоем, маълум мегардад, ки дини мубини ислом низ мардумро ба ҳунармандиву машғулият ба ин ё он амали солеҳ ҳамеша раҳнамун сохта, ҳадафи аслии он ба инсонҳо хушбахтиву саодатмандиро насиб намудан аст.

Ислом ба инсонҳо роҳи шарафёб гардидан ба муваффақияту хушбахтиро дар ҳаёт нишон дода, мардумро мунтазам ба меҳнати софдилонаву садоқатмандона тарғиб менамояд. Худованди мутаол дар ин маврид мефармояд: “Лайса лил инсони илло мосаъо”, яъне “Барои инсон фақат музде ғайри ончи худ кардааст, нест”. Дар ин маврид Пайғамрбар (с) фармудаанд, ки “Беҳтарин ғизо барои инсон ғизоест, ки инсон онро бо меҳнати худ ба даст меоварад”. Яке аз Паёмбарони ислом ҳазрати Довуд (а) ризқу рӯзии худро аз музди меҳнатихуд ба даст меовард. Худованди мутаол дар Қуръони  азиммушшаън мефармояд: “Довудро аз сӯи худ фазилате додем, ки эй куҳҳо ва эй парандагон, бо ӯ ҳамовоз шавед ва оҳанро барояш нарм кардем”. Ба қавле оҳан дар дасти Довуд монанди шамъ нарм мешуд ва онро бе қувваи оташ ба ҳар шакле мехост табдил медод. 

Беҳтарин одамон касонеанд, ки меҳнати дастӣ мекунанд. Инсони меҳнаткаш ҳам барои худ ва ҳам барои оилаи худ ва ҳам барои халқи худ нафърасон аст. Пайғамбар (с) фармудаанд: “Беҳтарин инсонҳо онҳоеанд, ки ба дигарон нафъ мерасонанд”.

Дар китоби “Эҳёи улуми дин” ҷилди 2 саҳифаи 131 ривояте оварда шудааст, ки ҳазрати Исо (а) мардеро дид ва аз вай пурсид, ки ту чи кор мекунӣ? Дар ҷавоб он мард гуфт, ки ибодат мекунам. Фармуд, ки нафақаи туро кӣ медиҳад? Дар ҷавоб гуфт, ки бародарам. Исо (а) гуфтанд: “Бародари ту аз ту обидтар (ибодаткунандатар) аст.

Бузурге фармудааст:

Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест,

Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест.

 

Бо дарки ин нуктаҳои муҳим моро зарур аст, ки рӯзии хешро аз паи меҳнати ҳалол ба даст оварда, барои эҳёи суннат ва анъанаҳои миллии аҷдодӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, рӯзии ҳалоли хешро аз паи меҳнати ҳалол таъмин намоем.

Маҳмадюсуф Қозиев,

имомхатиби масдиҷи ҷомеи

ба номи Имоми Аъзами

шаҳри Бӯстон

Время намаза в Душанбе

19.03.2024

Подробнее
Фаджр04:59
Зухр12:40
Аср16:46
Магриб18:45
Иша20:15
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее