Ҷамолиддин Хомӯшов

Узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамолиддин Хомӯшов

Хомӯшов Ҷамолиддин – узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

       Хомӯшов Ҷамолиддин 10-уми марти соли 1960 дар деҳаи Ҷартеппаи ноҳияи Данғара дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Дониши аввалияи диниро дар назди падараш аз худ кардааст. Соли 1967 дар мактаби миёнаи №8-и ба номи С. Айнӣ таҳсилашро оғоз карда, соли 1977 онро хатм мекунад. Солҳои 1979 - 1980 дар сафи артиши шӯравӣ хидмати ҳарбиро ба ҷо овардааст. Аз соли 1981 то соли 1996 дар муассисаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият намудааст. Соли 1994 ба Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ (ҳозира Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам) дохил шуда, соли 1997 онро бомуваффақият хатм мекунад. Аз соли 1996 то кунун дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорад. Ҳамзамон аз соли 2010 то ҳол ба ҳайси сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломиии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа карда истодааст.

Мавсуф дар аксари конфронсҳои илмии динӣ иштирок намуда, ҳамзамон тавассути радио ва телевизион ва дигар васоити ахбори омма дар мавзӯъҳои гуногуни динию сиёсӣ ва ахлоқию фарҳангӣ мусоҳибаҳои судманд анҷом медиҳад ва ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифати динии мардум саъйи худро дареғ намедорад. Мақолаҳои ӯ дар мавзӯъҳои мухталифи рӯзмарра дар матбуоти даврӣ, аз ҷумла дар моҳномаи “Дин ва ҷомеа” ва тариқи сомонаи Маркази исломӣ ба нашр мерасанд. Забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва арабиро медонад. Оиладор ва соҳиби ҳашт фарзанд аст.

Другие

Саидмукаррам  Абдуқодирзода
Саидмукаррам Абдуқодирзода

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳусайн Мўсозода
Ҳусайн Мўсозода

Муовини Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдулбасир Саидзода
Абдулбасир Саидзода

Муовини аввали Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳикматуллоҳ Сиҷоатзода
Ҳикматуллоҳ Сиҷоатзода

Узви Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Время намаза в Душанбе

16.04.2024

Подробнее
Фаджр04:14
Зухр12:40
Аср17:14
Магриб19:13
Иша20:44
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее