Главная Новости Иштирок ва суханронии Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ дар Форуми байналмилалӣ дар шаҳри Берлин

Иштирок ва суханронии Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ дар Форуми байналмилалӣ дар шаҳри Берлин

Иштирок ва суханронии Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ дар Форуми байналмилалӣ дар шаҳри Берлин
2019-12-22
4918

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

ҳамду сано ба Парвардигори оламиён, дуруду салом бар Расули акрам ва хонадону ёронаш бод.

Рўзҳои 9-11-уми декабри соли 2019 дар шаҳри Берлини ҷумҳурии Федеролии Олмон Форуми байналмилалӣ дар мавзўи “Гуфтугўи байнидинӣ дар шароити ҷаҳони дунявӣ – дарёфти заминаи ҳамкорӣ” баргузор гардид, ки дар он Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва Сардори Шўъбаи равобити байналмилалӣ ва ҳаҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Юсупов иштирок намуданд. ҳадафи форуми мазкур муколамаи байни динҳо, фарҳангҳо ва тамаддунҳо, фаҳмиши дуруст аз тавсияҳои дин ва  ҳамкорӣ дар ин замина буд. Дар қатори дигар баромадкунандагон Раиси Маркази исломӣ зимни баромади худ қайд намуданд, ки дини мубини Ислом моро ба шиносоӣ ва гуфтугў бо якдигар даъват мекунад, зеро Худованд мефармояд: «Эй мардум, мо шуморо аз як марду зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то ҳамдигарро бишиносед». Дини мубини Ислом дар ташаккули тамаддунҳо саҳми шоиста дорад ва мо, намояндагони масъули ин дини бузург вазифадорем, ки зарфиятҳои онро барои шакл додани фазои бовару эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ, созандагиву бунёдкориҳо истифода барем. Вазифаи ходимони дин обод кардани дунё аст, на хароб кардани дунё ба василаи дин. Яке аз ҳадафҳои асосии дин, ин обод кардани кишвару миллату давлат аст, на хароб кардани онҳо. Чунонки дар ҳадис омадааст: “Дунё киштзори охират аст”. Мо бояд барои эҳтиром ва устувор намудани муносибат байни динҳо саъйу кўшиш намоем, то ки гурўҳҳои ифротӣ ва террористӣ динро барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ истифода набаранд. Чунонки дар таҷриба мо ба чашми сар дидем, ки дар гузаштаи на чандон дур монанди дигар гурўҳҳои тундрав дар ҷумҳурии Тоҷикистон ТЭТ ҳНИ бо истифода аз номи дини Ислом ба амалҳои зиддиинсонӣ ва даҳшатнок даст зад, ки дар натиҷаи он зиёда аз 150 ҳазор нафар ба ҳалокат расид, беш аз якуним миллион нафар шаҳрвандони кишвар гуреза шуда, ба иқтисодиёти кишвар зарари моддӣ ва маънавии зиёде расид. Инчунин қайд намуданд, ки роҳбарони ТЭТ ҳНИ аз хориҷа истода, зидди давлату миллати тоҷикон кор мебаранд, нақша мекашанд ва ба ин восита мехоҳанд бо дастгирии ин ё он гурўҳҳои бадхоҳ, суботу оромӣ ва амнияти Тоҷикистонро халалдор созанд. Ин гурўҳҳои ифротгаро ҳоло ҳам аз нияти бади худ даст накашидаанд, ҳаргиз пушаймон нашудаанд ва ҳазор ҳилаву тадбир меандешанд, ки чӣ тавр бори дигар миллати тоҷикро сарсону саргардон созанд, хунрезӣ ва талаву тороҷ намуда, ба мақсаду ғаразҳои касифи худ ноил шаванд.

Дар идомаи суханронии хеш Раиси Шўрои уламо изҳор дошт, ки мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ фақат кори як давлат ё як дини муайян нест, балки он амали дастаҷамъӣ ва ҳамагониро тақозо менамояд, ки дар сурати амалӣ шудани он натиҷаи мусбатро дар пай хоҳад дошт.

Аз ин хотир, мо бояд дар муқобили терроризм ва идеологияи экстремистӣ муттаҳид шуда, дар мубориза бо он сарҷамъ бошем. Чунонки шоири форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ фармудааст:

Банӣ Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як пайкаранд.

Чу узве ба дард оварад рўзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Время намаза в Душанбе

29.03.2024

Подробнее
Фаджр04:43
Зухр12:40
Аср16:56
Магриб18:55
Иша20:25
Выступления Президента
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Подробнее