Асосӣ Мақолаҳо Масъулияти фарзандон дар баробари падару модар

Масъулияти фарзандон дар баробари падару модар

Масъулияти фарзандон дар баробари падару модар
2019-08-06
2036

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

وَقَضَىٰ رَبُّكَ أَلَّا تَعْبُدُوا إِلَّا إِيَّاهُ وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا ۚ إِمَّا يَبْلُغَنَّ عِندَكَ الْكِبَرَ أَحَدُهُمَا أَوْ كِلَاهُمَا فَلَا تَقُل لَّهُمَا أُفٍّ وَلَا تَنْهَرْهُمَا وَقُل لَّهُمَا قَوْلًا كَرِيمًا  [١٧:٢٣]

«Парвардигори ту муқаррар кард, ки ҷуз ўро напарастед ва ба падару модари худ эҳсон кунед. Агар яке аз он ду ё ҳарду дар канори ту ба солхўрдагӣ расиданд, ба онҳо (ҳатто) «уф» магў ва ба онҳо ҷанҷол макун ва бо онҳо сухане шоиста бигўй. Ва аз сари меҳрубонӣ боли фурўтанӣ бар онҳо бигустар ва бигў: «Парвардигоро! Он дуро раҳмат кун, чунонки маро дар хурдӣ парваронданд»». («Исро»; 23-24).

  1. Ба ҷуз дар гуноҳ ва нофармонии Худованд онҳоро итоат кун!
  2. Бо оромиш ва меҳрубонӣ бо онҳо сухан бигў!
  3. Субҳу шом ва дар рўзҳои ид дастҳояшонро бибўс!
  4. Аз шахсият, сарват ва обрўи онҳо ҳимоят кун!
  5. Эҳтиромашонро ба хубӣ ба ҷо овар ва ҳангоми дохил шудани онҳо бо шавқу такрим бархез! Ҳар чиро мехоҳанд, аз роҳи машрўъ барояшон фароҳам кун!
  6. Дар ҳама умури зиндагӣ бо онҳо машварат кун!
  7. Аз дуои хайр ва талаби бахшиш барои онҳо ғофил мабош!
  8. Ҳар гоҳ меҳмоне доштанд, бо муҳаббату кушодарўйӣ худ ва меҳмонашонро хидмат кун!
  9. Аз ҳар фурсате барои шодию сурурашон истифода кун!
  10. Дар ҳузурашон овозатро баланд макун!
  11. Бидуни иҷозати онҳо аз манзил хориҷ машав!
  12. Ба ҳангоми хобу истироҳат бедорашон макун!
  13. Ҳамсару фарзандонатро бар онҳо муқаддам мадор!
  14. Ҳангоме ки сухан мегўянд, суханашонро қатъ макун!
  15. Агар кори нописандеро анҷом доданд, онҳоро сарзаниш макун!
  16. Бе сабаб дар ҳузури онҳо маханд!
  17. Пеш аз онҳо ғизо хўрданро оғоз макун ва аз пеши дасташон ғизо набардор!
  18. Ҳангоме ки нишастаанд, бидуни иҷозати онҳо дароз макаш ва дар ҳузурашон пойҳоятро дароз макун!
  19. Пеш аз онҳо ворид машав ва аз онҳо пештар роҳ марав!
  20. Ҳар гоҳ туро нидо карданд, бедиранг ҳозир шав!
  21. Дар замони ҳаёт ва пас аз маргашон дўстони онҳоро эҳтиром кун!
  22. Бо афроде, ки бо падару модари худ муносибати бад доранд, рафоқат макун!
  23. Дар ҳолати беморӣ онҳоро назди пизишк бибар!
  24. Агар ниёзманд буданд, либосу маскан ва ғизои муносиб барояшон фароҳам кун!
  25. Гоҳе онҳоро ба гардишу саёҳат бибар!
  26. Ҳеҷ гоҳ бо онҳо дурўғ магў!
  27. Умури зиндагиятро аз онҳо пинҳон макун!
  28. Аз онҳо бихоҳ, то туро бо таҷрибаҳои зиндагии худ ошно намоянд!
  29. Аз онҳо бихоҳ, то аз дуои хайри хеш фаромўшат накунанд!
  30. Ба ҳангоми хитоб онҳоро падару модар бихон ва аз гирифтани номи онҳо парҳез кун!
Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар