Асосӣ Мақолаҳо ФАЗИЛАТИ МОҲИ МУҲАРРАМ

ФАЗИЛАТИ МОҲИ МУҲАРРАМ

ФАЗИЛАТИ МОҲИ МУҲАРРАМ
2019-09-06
2190

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Санову ситоиш Худованди ягонарова дуруду саломи ба Ҳазрати Муҳаммад (с) ва хонадону асҳоби бузургвораш бод.

Муҳаррам аввалин моҳи соли ҳиҷрии қамарӣ аст. Аз он ҷо, ки дар ин моҳ ҷангу хунрезӣ мамнуъ будааст, ба он муҳаррам мегўянд. Дар ин моҳ бисёре аз рўйдодҳои бузурги таърихӣ ва муҳим ба зуҳур пайвастааст. Аз ин рў, ин моҳи бисёр муҳим ва бофазилат аст. Паёмбар (с) фармуданд: "Беҳтарин рўза баъд аз рўзаи Рамазон, рўза гирифтан дар моҳи муҳаррам аст, ин моҳ моҳи Худовандӣ аст". (ривояти Муслим ва Ибни Моҷа).

Фарде аз Ҳазрати Алӣ (р) суол намуд, ки шумо ба рўза гирифтан дар кадом моҳ ба ғайр аз Рамазон маро тавсия менамоед? Ҳазрати Алӣ (р) фармуданд: Ин суолро ба ғайри шумо ё фақат як фарди дигаре, аз ҳеҷ кас ба таври ошкоро нашунидаам. Он шахс хидмати Паёмбар (с) арз намуд, ки шумо ба рўза гирифтан дар кадом моҳ маро тавсия менамоед? Паёмбар (с) фармуд: Ҳар гоҳ хостӣ зиёда бар Рамазон дар рўзҳои дигаре рўза бидорӣ, дар моҳи муҳаррам рўза бидор, зеро ки муҳаррам моҳи (махсуси) Худованд аст». (Ривояти Тирмизӣ)

Рўзҳои 9-ум ва 10-уми моҳи муҳаррам ба «Тосуо» ва «Ошўро» маъруфанд, ки фазилати хоссеро дорост. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар рўзи даҳуми Муҳаррам рўза медоштанд ва мардумро ба рўза гирифтани ин рўз тарғибу ташвиқ менамуданд. Чунки ин рўз, рўзест, ки Худованд дар ин рўз Мусо ва қавми ўро аз Фиръавн наҷот дод ва Фиръавнробо қавмаш ҳалок сохт. Аз Ибни Аббос разияллоҳу анҳумо ривоят аст, ки гуфт: «Ҳангоме ки Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба Мадина омад, яҳудон дар рўзи даҳуми ин моҳ рўза медоштанд. Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз онҳо пурсид: Ин чӣрўзест, ки дар он рўза медоред? Дар ҷавоб гуфтанд: Ин рўз рўзи бузург аст, Худованд дар ин рўз Мусо ва қавми Мусоро аз Фиръавн наҷот дод ва Фиръавн ва қавми ўро ғарқ намуд. Сипас Мусо барои ин неъмат рўза медошт.

Хулоса ин моҳмоҳи некукорӣ аст. Дуогўи якдигар бошем,кинаву кудурату бадбиниро аз дилҳоямон дур созем. Дар ҳаққи тамоми муслиминиҷаҳон дуо кунем, то ки Худованд ҳамаи мусалмонони ҷаҳонро сарбаланду муваффақ гардонад!

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:55
Пешин12:40
Аср17:24
Шом19:23
Хуфтан20:54
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар