Асосӣ Мақолаҳо Таҳаммулпазирӣ - ҷавҳари таълимоти каломӣ-фиқҳии Имоми Аъзам Абуҳанифа

Таҳаммулпазирӣ - ҷавҳари таълимоти каломӣ-фиқҳии Имоми Аъзам Абуҳанифа

Таҳаммулпазирӣ - ҷавҳари таълимоти каломӣ-фиқҳии Имоми Аъзам Абуҳанифа
2019-09-06
76

Афзудани нақши падидаи ҷаҳонишавӣ дар тамаддуни муосир ба амиқ гардидани низоъҳои динӣ-сиёсӣ дар заминаи бархӯрди тамаддунҳо ва хусусияти глобалӣ касб кардани падидаи зиддибашарии экстремистию террористӣ, ки дар он манфиати геополитикии давлатҳои қудратманд ниҳон аст, мусоидат карда, ногузир масъалаи ташаккул ва тарғиби фарҳанги таҳаммулпазириро ҳамчун як ҷузъи фарҳанги умумибашарӣба миён овард. Таҳаммулпазирӣ падидаи иҷтимоӣ-фарҳангиест, ки аз бунёди худ хусусияти умумибашарӣ дошта, дар таърихи инсоният дар танзим намудани муносибатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ мақоми хос доштааст.

Моҳияти таҳаммулпазириро эҳтиром гузоштан ба ақидаю афкори дигар, новобаста аз хусусияти он, худдорӣ кардан аз ҳама гуна амале, ки хилофи қоидаву меъёрҳои ахлоқист, ташкил медиҳад. Ба тарзи дигар гӯем, таҳаммулпазирӣ ин қобилияту имконияти бо фардҳои эътиқоду андешаи мухталифдошта дар як муҳити иҷтимоӣ-сиёсӣ зиндагӣ карда тавонистан, роҳ надодан ба таҳқиру таъқиби дигарон ва дар як вақт ҳифз намудани эътиқоду андеша ва фарҳанги хеш мебошад. Таҳаммулпазирӣ муҳимтарин аслест, ки ҳамзистии қавму халқҳои гуногунрангу гуногунмазҳабро дар тӯли таърих таъмин сохтааст ва ҳамчун як арзиши умумибашарӣ таърихи куҳан дорад. Аз ин нигоҳ таҳаммулпазирӣ як арзиши маънавӣ-ахлоқист дар низоми муносибаҳои фарҳангӣ-мазҳабӣ ва сиёсӣ. Аз ин рӯ, он дар ҳалли масоили сиёсӣ мақоми хос дорад.

Ёдовар бояд шуд, ки таҳаммулпазирӣ, бо вуҷуди ҷузъи фарҳанги умумибашарӣ будан, бештар хоси он фарҳангу тамаддунҳоест, ки ҳомилони онҳо таърихан асосан тарзи ҳаёти муқиминишинию шаҳрнишинӣ, кишоварзию ҳунармандӣ дошта, дорои анъанаҳои куҳани эҷодкорию ободсозӣ буданд. Аз ин нигоҳ, таҳаммулпазирӣ дар фарҳанги мардумони ориёӣ, бахусус тоҷикон, ки таърихан яке аз сокинони муқиминишину кишоварз ва ҳунарманду фарҳангсози сайёра буданд, мақоми хос доштааст. Ҳанӯз аз аҳди бостон хусусияти фалсафӣ-ахлоқӣ доштани фарҳанги онон таҳаммулпазириро ҳамчун андешаи калидии  ин фарҳанг ташаккул додааст. Беҳуда нест, ки донишмандони машҳури аврупоӣ ниёгони мардумони эронтаборро мардуми фарҳангсоз ва фарҳанги онҳоро фарҳанги маънавиасос ҳисобида, онро дар қатори фарҳангҳои “меҳварӣ” [6, 144] ҷой додаанд, ки дар ташаккули фарҳангҳои дигар саҳми бориз касб кардааст.

Мавриди таъқид аст, ки тарзи зиндагиву тафаккур ва дар ин замина фарҳанги мардумони муқиминишину шаҳрнишину кишоварз ва ҳунарманд аз тарзи зиндагиву тафаккур ва фарҳанги мардумони саҳроии бодиянинишин фарқи куллӣ доштааст ва он ба вазъи равонию сифатҳои ахлоқии онҳо таъсиргузор будааст. Бинобарон “мардумони қаламрави маънавият онҳое, ки “халқҳои меҳвар” мебошанд, Чингизхон, амир Темур ва Ҳитлер ба дунё наовардаанд” [5, 352].

Мардумони саҳронишин бо сифатҳои сангдилию бераҳмӣ ва ҷангҷӯёнаи худ аз мардумони деҳқону ҳунарманд фарқ мекардаанд. Ин хусусияти хоси равонию ахлоқии саҳронишинонро донишманди арабзабон Ибни Халдун дар рисолааш “ал-Муқаддима” хеле моҳирона ёдрас кардааст. Ибни Халдун қобилияти ҷангҷӯёнаи арабҳои замони ҷоҳилиятро маҳз аз ҳамин тарзи ҳаёти иҷтимоӣ ва сифатҳои ахлоқии онҳо дарёб кардааст. “Халқҳои ваҳшӣқобилияти аз дигарон бештар забт кардани ҳокимиятро доранд. Бидон: чун ҳаёти бодиянишинӣ сабаби далерӣҳаст,... қабилаи ваҳшӣ нисбат ба дигарон ногузир қобилияти ҷангӣ дорад”, агар халқ ваҳшӣ бошад, ҳокимияти вай васеътар аст. Барои он ки онҳо нисбат аз дигарон дар ғолиб омадану зулм кардан қобилиятноктаранд” [3, 333-334].

Яке аз сабабҳои ба сари халқу ақвоми дигар шамшер накашидани мардуми тоҷик ва таҳаммулпазирӣ зоҳир кардан нисбати дину оин ва афкори бегонагон маҳз дар тарзи зиндагии иҷтимоӣ, тафаккур ва хусусияти таҳаммулгаро доштани дину мазҳаб ва умуман фарҳанги онҳо будааст. Вале бо вуҷуди аз ҷониби бегонагон борҳо истило шудан, ҷабру ситами беадолатона дидан ва парокандаву омезиш ёфтан бо саҳронишинони ғолиб эронтаборон, ба хусус тоҷикон, ба сабаби дорои фарҳанги маънавиасос будан тавонистанд фарҳанги оламшумули худро ҳифзу эҳё карда, то ба имрӯз ҳастии хешро на танҳо таъмин созанд, ҳамчунин саҳронишинони ғолиби ҷоҳилро фарҳангӣ намоянд. Ҳол он ки дар таърих басе халқиятҳое буданд, ки ба сабаби заиф будани пояҳои маънавии фарҳангашон дар натиҷаи тохтутозҳо ва истилои бегонагон ва маҳрум гардидан аз ҳокимияти сиёсӣ аз саҳнаи таърих нопадид шуданд.

Андешаи таҳаммулпазирии мардумони эронтабор ҳанӯз аз фарҳанги  бостонии онҳо сарчашма мегирад. Бунёди ин андешаро ҳамон афкори фалсафӣ-иҷтимоии муборизаи оштинопазири неруҳои Хайру Шар некию бадӣ ташкил медиҳад, ки ҳанӯз дар фарҳангии бостонии эронтаборон, ки хусусияти ахлоқӣ-маънавӣ дошт, ташаккул ёфтааст. Ин фарҳанг на дар пояи идеяи такфир нисбати дину мазҳабҳои ғайр ва ҷиҳод алайҳи пайравони онҳо, балки дар пояи андешаи мубориза (ҷиҳод)-и инсон бар алайҳи қувваи шарру бадӣ, ҷаҳлу торикӣ, ки аслан сифатҳои ботинии инсонӣ аз нигоҳи маънавӣ-ахлоқӣ камолёфта мебошанд, бунёд гардидаанд.

Дар ҷомеае, ки инсонҳояш ҳанӯз ба дараҷаи камолоти маънавӣ нарасидаанд, ин ду нерӯи баҳам муқобил дар ниҳоди чунин ҷомеа низ ҷойгузин аст. Яъне дар ин ҷомеаҳо нобаробарию беадолатӣ ва фасод ҷойгоҳи хос доранд. Мубориза (ҷиҳод) бо неруи бад, ки дар ниҳоди ҷомеаи инсонӣҷой дорад, ҳамчун вазифаи муҳиму меҳварии инсон мавзӯи асосии фарҳанги ниёгони мардумони эронтабор буда, ба таври табиӣ андешаи таҳаммулпазириро ташаккул додааст. Бинобарон андешаи таҳаммулпазирӣ дар фарҳанг, аз ҷумла фарҳанги бостонии эронтаборон, ба хусус тоҷикон, ягон падидаи аз берун интиқолёфта набуда, балки як падидаи бунёдӣ-табии фарҳанги онҳост. Аз ин рӯ, таҳаммулпазирӣ бештар хоси на динҳои сиёсӣ, ки мардумонро аз рӯи аломатҳои диндорӣ ба гурӯҳҳо тақсим менамоянд, балки хоси динҳоеанд, ки хусусияти маънавӣ-ахлоқӣ доранд ва ҳадафи асосии худро аз тарбияи маънавӣ-ахлоқии инсон ва омода сохтани ӯ дар мубориза бар алайҳи бадӣ медонанд. Вале дар баъзе динҳои дигар ба мисли дини яҳудия мардумони олам ба ду гурӯҳ–яҳудиён, ки “халқи баргузидаи Худо” ва “гоиҳо”- душманони яҳудиён тақсим карда мешаванд. Принсипи аз рӯи эътиқод ба ду гурӯҳи этнографию ҷуғрофиёӣ тақсим кардани халқҳо ҳамеша яке аз манбаъҳои афрӯхтани низоъҳои сиёсӣ-мазҳабӣ буд ва он имрӯз дар ҷаҳони ислом аз ҷониби гурӯҳҳои ифротии қудратталабу давлатҳои абарқудрат барои пиёда сохтани ҳадафҳои сиёсиашон истифода мегардад.

 Баъди  паҳн шудани ислом дар Хуросону Мовароуннаҳр низ мардумони эронтабор, аз ҷумла тоҷикон, тавонистанд  фарҳанги таҳаммулпазириро, ки дар маънавиёти онҳо решаи амиқи таърихӣ дошт, ҳифз намоянд.  Донишмандони эронитабор бо истифода аз таҷрибаи ғании фарҳангсозии ниёгони хеш, ба мисли Имоми Аъзам Абўҳанифа ва дигарон, ин анъанаро натанҳо ҳифз карданд, ҳамзамон онро дар фарҳанги исломӣҷойгузин сохтанд.

Мусаллам аст, ки дини ислом дар раванди муттаҳидшавии қабоили араб дар як давлати муттамарказ, ташаккули умумияти этносиёсии араб ва минбаъд дар раванди бунёди хилофат, ки ба муттаҳид кардани кишварҳои гуногун асос ёфта буд, ба як падидаи динӣ–сиёсӣ табдил гардид. Пиёда сохтани барномаи сиёсие, ки аристократия араб назди худ гузошта буд, ногузир дар ислом идеяҳои такфир намудани дину оини тоисломии қабоили араб ва умуман такфири фарҳангҳои мардумони аҷам (ғайриараб) ва ҷиҳодро ҳамчун василаи расидан ба ин ҳадафҳои сиёсӣ дар ислом ҷойгузин намуд буд. Истифодаи идеяҳои такфиру ҷиҳод бахусус дар замони истилои эронзамину империяи Рим аз ҷониби Хилофати Уммавиён ба авҷи аъло расида, дар замони давлатдории Аббосиён низ давом кард. Низоъҳои сиёсие, ки дар мубориза барои ҳокимияти сиёсӣ дар байни мусулмонон дар зери шиорҳои исломӣ ба вуқӯъ мепайвастанд, ба парокандагии уммати ислом мусоидат карда, боиси пайдоиши фирқаву равияҳо дар дохили ислом гардидаанд. Ба ин раванд муборизаҳои озодхоҳонаи мардумони аҷам бар муқобили сиёсати умавиён, ки дар зери фишори сахти иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии ин сулола ба вуҷуд омада буд, сурат мегирифт, низ мусоидат намуд. Аз як тараф, куўшишҳои пахш кардани ошӯбҳои мардумӣ, аз ҷониби дигар, муборизаҳои пайравони фирқаву равияҳои исломӣ барои забти ҳокимият ё ҳифзи манфиатҳои миллӣ бо истифода аз идеяҳои такфиру ҷиҳод акнун на танҳо дар нисбати ғайримусулмонон, ҳамчунин дар нисбати мусулмонони фирқаву равияҳои мухталиф татбиқ мегашт. Кофир хондани як мусулмон аз ҷониби мусулмони дигар баҳукми анъана даромада буд ва мусулмон ба муқобили мусулмон ҷиҳод мекард, чунон ки имрӯз низ мушоҳида мекунем. Яъне гуногунандешие, ки дар ислом дар заминаи ба гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ-динӣ тақсим шудани мусулмонон ба вуҷуд омада буд, боиси ривоҷ ёфтани таассубу ифротгароӣ дар байни мусулмонон ва парешонии онҳо гардида, ба василаи таҳқиру таъқиби онҳо табдил гардид. Ҳамаи ин аз донишмандони исломӣ зарурати пешгирӣ кардан аз низоъҳои динӣ – сиёсӣ дар миёни мусулмонон ва муттаҳид сохтани онҳоро ба миён овард.

Абўҳанифа дар замони пурошўб ва ноороми хилофати Уммавиҳо ва Аббосиҳо, ки низоъҳои динӣ-мазҳабӣ дар бисёр минтақаҳои хилофат хусусияти сиёсӣ касб карда буданд, зиндагӣ кардааст. Ин падида ҳаракатҳои марказгурез ва истиқлолҷӯро ба бор овард, ки на танҳо дар шакли муборизаҳои мусаллаҳона, ба мисли ҳаракати Абумуслими Хуросонӣ, ҳамзамон дар шакли муборизаҳои мазҳабӣ-фирқавӣ ба монанди низоъҳои байни пайравони шиа, суннӣ, хориҷия ё хавориҷ, муътазила, зайдия, алавиён ва ғайра  ба вуқӯъ мепайваст. Ҳарчанд ин муборизаҳо ба ҷойи сулолаи уммавиён, сулолаи аббосиёнро ба сари қудрат овард, вале низоъу муборизаҳо дар хилофат аз байн нарафт, зеро Аббосиён низ ваъдаи ба мардум додаи худро риоя накарда, фишору таҳдидро нисбати онҳо идома медоданд.

Яке аз ҳамин гуна шӯришҳо шӯриши хориҷиҳо буд, ки соли 745 зери роҳбарии Ибни Қайс ба амал омада буд. Хориҷиҳо Куфа ва Мавсилро зери нуфузи худ қарор дода буданд. Онҳо таълимотеро коркард намуданд, ки мувофиқи он мусулмоне, ки гуноҳи кабира содир кардааст, маҳкум ба қатл аст, зеро ӯ кофир шудааст. Хориҷиҳо ҳамаи душманони сиёсии худро чун содиркунандагони гуноҳи кабира кофир эълон мекарданд. Аз байни онҳо гурӯҳи азрақия (асосгузораш Нофеъ ибни Азрақ), ҳатто душманонии сиёсии худро ба ширк гунаҳкор карда, онҳоро бо аҳли хонаводаашон қатл менамуданд. Фирқаҳои дигари хориҷия ба мисли наҷдия (пайравони Наҷд ибни Омири Нахаъӣ), аҷорида (пайравони Абдулкарими Аҷрад) ва дигарҳо низ ҳар мусалмони ба ақидаи онҳо норозиро ба мушрик будану куфр муттаҳам намуда, қатлашро воҷиб медонистанд. Хориҷиҳо бо сабаби мухолифати ошкорашон ба Уммавиҳо ва Аббосиҳо тавонистанд мардуми зиёдро дар атрофи худ ҷамъ оваранд ва ба муборизаи зидди хилофат даст заданд. Албатта, Абӯҳанифа ба ақидаи хориҷиҳо розӣ набуд ва ба онҳо ошкоро зиддият нишон дод. Аз хатари хориҷиҳо Абӯҳанифа ба Мадина сафар карда, он ҷо паноҳ бурд.

Дар давраи Марвони 11-пешвои шииён имконият ба вуҷуд омад, ки Аббосиҳо худро вориси бевоситаи пайғамбар дониста, барои ҳокимият дар хилофат мубориза баранд. Тавассути Абумусилими Хуросонӣ Аббосиҳо аз Уммавиҳо афзалият касб намуда, Абулаббос соли 749 худро халифа эълон кард.

Ҳаракати зайдиҳо низ ҳукумати Уммвиҳоро ба ларза овард. Дар баробари ин ҳаракати алавиён низ вусъат ёфта, роҳро барои ҳаракати Бани Ҳошим ҳамвор сохт. Хулоса Аббосиҳо даъвои аҳли байти пайғамбар буданро карда, диққати шиаҳои Хуросонро ҷалб сохта, оқибат соли 750 ҳокимиятро дар хилофат ғасб намуданд. Халифаи аббосӣ Абулаббос тамоми авлоди уммавиҳоро террор намуда, ҳатто қабрҳои гузаштагони онҳоро нобуд сохт. Вале Аббосиҳо баъди ба сари қудрат омадан ваъдаҳои ба мардум додаашонро иҷро накарданд, аз ҷумла аз байъати худ бо алавиҳо, даст кашиданд. Норозигиҳои мардум аз нав авҷ гирифт, миёни алавиҳо ва аббосиҳо махсусан дар замони халифа Мансури Аббосӣ низоъ аланга зад.Ҳарчанд халифа Мансур шӯришҳои алавиёну зайдиҳоро пахш намуда, онҳоро қатли омм кард, вале вазъи сиёсии хилофат ором наёфт. 

Нооромиҳо зиндагии мардумро боз ҳам мураккаб сохт, бо вуҷуди нооромиҳо дар партави гуногунфарҳангие, ки дар хилофат ҷой дошт, илму фарҳанг рушд мекард, фарҳанги тозабунёди исломӣ ба вуҷуд меомад, ки дар он таъсири ҳикмату илми Юнону мардумони эронитабор нуфузи васеъ дошт ва дар тадвину танзими осори динӣ, фиқҳ, калом ва ҳатто маросиму ойинҳои хилофат таъсири муайян мебахшид. Маҳз дар ҳамин давра гирдоварии ҳадисҳо, тафсири сарчашмаҳои динӣ, равия ва андешаҳои мухталиф дар эътиқод ва равишҳои каломӣ-фиқҳӣ ба миён омаданд, ки муҳимтарин онҳо ҷабария, қадария, мурҷия, муътазила, хориҷия, ботиния, зоҳирия, зайдия, алавия ва ғайраҳо буданд. Мактабҳои фиқҳӣ дар Шом, Ҳиҷоз ва Ироқ ташаккул меёфтанд. 

Ҳамин тариқ, муборизаҳои сиёсӣ барои қудрат дар хилофат мусулмононро ба равияву фирқаҳои мухталиф ҷудо намуда, ба гуногунандешии динӣ овард, ки боиси ривоҷи таасуби динӣ дар байни онҳо гардид. Пайравони фирқаҳо ба таҳқиру қатли ҳамдигар даст мезаданд. Ин ҳолат ба ҷараёни солими тараққиёти ҷомеа ва рушди тамаддуни исломӣ монеъ мегардид. Низои байни равияву фирқаҳо ба ҷое расид, ки ҳатто дар замони халифа Маъмун ғайримуътазилиҳоро ба куфр гунаҳгор карда, ба қатл мерасониданд. Хулоса, ҳодисаи ҳамдигарро ба куфр гунаҳгор ва ба қатл ҳукм кардани пайравони равияву фирқаҳои исломӣ ба ҳукми анъана даромада буд.

Маҳз дар ҳамин давраи мушкили буҳрони сиёсиву маънавии хилофати Аббосиҳо, Абӯҳанифа ба майдон омад ва хатари ногузири такфирро дарк намуда, бо такя ба Қуръону Суннат имонро ба Худои яккаву ягона, пайғамбар, фариштагон, рӯзи охират асос дониста, собит сохт, ки мусалмон бо содир кардани гуноҳ, чӣ кабира ва чӣ сағира кофир намешавад, то замоне ки аз дин хориҷ ва муртад нагардад. Чунон ки дар ҳадиси Пайғамбар (с) омадааст: “Имон он аст, ки ба Худо ва фариштагони Ӯ, ба китобҳоиӮ, ба пайғамбарони Ӯ, ба тақдири некӣ ва бадӣ бовар намоӣ”[4,110]. Аммо  баъзе халифаҳои аббосӣ ба хотири манофеи сиёсии худ ин таълимоти исломро ба фаромўшӣ доданд. “Рӯзе, ки халифа Мансур аз фуқаҳо фатвои қитоли аҳли Мавсилро, ки уҳдадориашонро шикаста буданд, талаб кард, Абӯҳанифа бо қатъият зид баромад ва гуфт, ки онҳо ба чизе қарордод бастаанд, ки ҳаққи онро надоранд, зеро қатли мусулмон дар се ҳолат имкон дорад: дар сурати кофир шудани онон, қассос, ва ғазва, агар дар набарди ҷонибҳо иштирок дошта бошанд. Халифа ноилоҷ аз қитоли аҳли Мавсил худдорӣ кард”[2,20]. 

Ба ақидаи Абӯҳанифа қозиюлқузот Худованд аст, Ӯ аз муъминон касеро хоҳад, мебахшад ва касеро хоҳад, ҷазо медиҳад. Мусалмон гуноҳ карда бошад ҳам, вале касеро ба Худованд шарик надонистааст, доир ба авфи чунин мусалмон дуо бояд кард, зеро ӯ муъмин аст. Агар касе фароизро иҷро накарда бошад, мисли он аст, ки кўдак падару модарашро дӯст медорад, вале нофармонӣ кардааст. Мўъмин низ Худовандро дӯст медорад, вале баъзан ҳукми Ӯро риоя намекунад. Ҳамин тариқ, кас медонад, ки барои гунаҳкориаш ҷазо мебинад, вале бо ду сабаб гуноҳ содир мекунад: Аввалан умед дорад, ки гуноҳаш авф мешавад, сониян умед дорад, ки то марг аз гуноҳҳояш назди Парвардигор тавба мекунад [1,19]. 

Ҳамзамон Абӯҳанифа моҳияти куфрро равшан сохт. Ӯ муайян кард, ки вожаи куфр маънои инкори пурраро дорад, вале агар муъмин ба Худованд ва пайғамбаронаш, ба фариштагону рӯзи охират имон дошта бошаду аҳкомеро иҷро накунад, пас ӯ на кофир, балки гунаҳгор аст. Куфр бошад, аз инкори имон бармеояд. Барои ҳар кадом гуноҳи мусулмон шариати ислом ҷазои мувофиқ муқаррар кардааст.

Дар ҳамин даврони бӯҳрони сиёсӣ дар Хилофат  таълимоти каломию фиқҳиеро, ки Имоми Аъзам коркард намуда, дар мазмуни истилоҳҳои такфиру ҷиҳод хусусияти таҳаммулпазирӣ ҷойгузин карда, фарҳанги исломиро ғанӣ ва ҷомеаи мусулмониро наҷот бахшид.

Ба ҳамин минвол Абӯҳанифа истилоҳи “ҷиҳод”–ро низ тафсир дода, баён дошт, ки мусулмон натанҳо ҳуқуқи бо мусулмони дигар ҷиҳод кардан надорад, ҳатто бесабаб наметавонад бар муқобили ғайримусулмон низ ҷиҳод намояд. Ӯ дар асоси  сачашмаҳои исломӣ, навъҳои мухталифи ҷиҳодро муайян карда, таъкид сохт, ки ҷиҳод бар алайҳи ғайримусулмон ҳамон вақтҷоиз аст, ки агар ғайримусулмон ба мусулмону аҳли оилааш, моликият ва ватану дини ӯ таҷовуз намояд. Бо ҳамин усул Абӯҳанифа ҷиҳодро ба маънои худмуҳофизаткунии мусулмонон аз таҷовузи душманон ва бартараф кардани хатари таҷовузи онҳо фаҳмид, ки натанҳо хусусияти таҳаммулпазирӣ, инчунин маънои ватандӯстиро низ ифода менамояд.

Гузашта аз ин, Имоми Аъзам бо тақозои замон дар коркарди таълимоти каломию фиқҳии худ ба ҷуз Қуръону Суннат аз сарчашмаҳои дигар – иҷтиҳод, қиёс ва урф истифода карда, ақлгароӣ ва навовариро дар фарҳанги исломӣ, ба хусус дар матни қонунгузорӣ, ҷойгузин намуд. Дар ин росто истифодаи урф ҳамчун сарчашмаи фиқҳ барои хусусияти таҳаммулпазарӣ касб кардани ислом нақши бориз дошт. Зеро он ба мардумони ғайриараб, ки побанди урфу одатҳои худ буданд, имконият фароҳам овард, ки дар фарҳанги исломӣ арзишҳои миллии онҳо ҷойгоҳи хос ишғол намояд ва дар эҳё ва ҳифзи фарҳангҳои миллӣ мусоидат кунад. Имоми Аъзам ба забонҳои маҳаллӣ низ эҳтиром мегузошт. Ӯ ба забони тоҷикӣ (форсӣ) нияти намоз ва дуоҳоро ҷоиз дониста, дар ба вуҷуд омадани осори динӣ ба ин забон низ мусоидат кард. Ин ҷанбаи таълимоти каломию фиқҳии ҳанафӣба он халқҳое, ки ин таълимотро пазируфтанд, имкон дод, ки онҳо расму одатҳои миллии худро бе мамоният иҷро намоянд. Яке аз сабабҳои дар байни халқҳои мухталиф бештар паҳн шудани мазҳаби ҳанафӣ, ки имрӯз аксарияти мусулмонониҷаҳонро ташкил медиҳанд, дар хусусияти ақлгароию таҳаммулпазирӣ ва инсонгароӣ касб кардани он буд.

Илова ба ин, Абӯҳанифа дар баробари андешаи ақлгароию таҳаммулпазириро дар дини ислом ривоҷ додан, кӯшиши зиёд ба харҷ дод, ки ин рукнҳои таълимоти худро бо ахлоқи исломӣ низ пайванд созад. Ӯ ахлоқро ҷузъе аз фурӯъи дин дониста, иҷрои қоидаҳои ахлоқиро барои мусулмон аз воҷиботи динӣҳисобид, ки “танзими ботини амали мӯъминро бар ӯҳда дорад” [2, 50]. Ба ҳамин васила Имоми Аъзам ҷанбаи эътиқодӣ доштани ахлоқро такмил дод ва  дар пояи ахлоқ устувор будани исломро асоснок намуд. Аз ин нигоҳ, мазҳаби Ҳанафӣ дар кори  ба ҳайси як падидаи маънавӣ–ахлоқӣ ташаккул ёфтани ислом дар замони бӯҳрони сиёсии хилофатҳои уммавӣ ва аббосиҳо ва авҷ гирифтани муборизаҳои сиёсӣ–динӣ нақши калон бозид. Агар ба масъала фарохтар нигарем, ислом дар гаҳвораи араб арзи вуҷуд карда бошад ҳам, аммо дар домани он мардумони ғайриараб, ки аз қадим соҳибтамаддун буданд, тарбият ёфт ва бузург гашт. 

Бинобарон, аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ исломро дар тарғиби андешаҳои экстремистию террористӣ истифода кардан амали зиддиисломӣ ба ҳисоб меравад ва тақвияту тарғиби он дар кори пешгирӣ кардан аз экстремизму терроризм чӣ дар байни мусулмонон ва чӣ дар нисбати  ғайримусулмонон аҳамияти хос дорад.

 Ҳамин тариқ, аз роҳи хусусияти ақлгароию таҳаммулпазирӣ ва ахлоқӣ касб кардан мазҳаби Ҳанафӣ бо кўшиши  Абӯҳанифа  ва  шогирдонаш ба  мактабе  табдил гардид, ки мусулмонон тавонистанд  дар он таҳаммулпазириро ҳамчун андешаи калидии дини ислом дарёбанд. Имрўз дар ҷаҳони ислом, ки  ба илати аз  ҷониби бегонагон таъсис додани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии ифротӣ низоъҳои сиёсӣ-мазҳабӣ хеле авҷ гирифтааст ва онҳо асосан пиёдасозандагони манофеи геосиёсии қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар ҷаҳони исломанд, таълимоти каломӣ-фиқҳии Абўҳанифа аҳамияти хоси амниятӣ дорад, чуноне ки дар замони хилофати Аббосиҳо дошт. Аз ин рў, бознигарӣ ва ҳифзу тақвияти таълимоти каломӣ-фиқҳии ў, ки аз ҷониби баъзе ҳаракатҳои ифротии ба ном “исломи ноб” инкор мегардад, барои ҳар кадом мусулмоне, ки ба ў дину имон ва ватанаш муқаддас аст, ногузир мебошад.   

 

Нурулҳақов Қамар - сардори шуъбаи пажӯҳиши исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:40
Шом18:41
Хуфтан20:11
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар