Асосӣ Мақолаҳо ДУВОЗДАҲ СОЛЕ, КИ БА ЗИНДАГИИ МАРДУМ БАРАКАТ ОВАРД!

ДУВОЗДАҲ СОЛЕ, КИ БА ЗИНДАГИИ МАРДУМ БАРАКАТ ОВАРД!

ДУВОЗДАҲ СОЛЕ, КИ БА ЗИНДАГИИ МАРДУМ БАРАКАТ ОВАРД!
2019-10-07
2021

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таърихи қонунгузории на танҳо кишвари мо, балки дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ низ ҳодисаи воқеан ҳам бемислу монанд буда, аз ҷаҳду талоши роҳбарияти давлати тозаистиқлоламон дар ҷодаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил мекунанд, дарак медиҳад. Бо қабули Қонуни мазкур давлати мо ба танзими муҳимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросими миллию динӣ рӯ оварда, барои ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти ичтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона гардидани онҳо амали бениҳоят хайреро анҷом дод.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  хеш таъкид намудаанд: «Зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои халқиву динӣ дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад».

Таҷрибаи солҳои охир исбот намуд, ки риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» на танҳо мушкили молии мардумро осон кард, балки барои дигар мардумони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бо тоҷикон дар доираи анъанаҳои муштарак зиндагӣ мекунанд, намунаи хуби ибрат шуд. Бо амалӣ шудани ҳукми қонуни мазкур мушкилоти қишрҳои гуногуни ҷомеаи мо, алалхусус аҳолии камбизоат, ба андозаи чашмрас осон гардид.

Омӯзиши урфу одатҳо аҳамияти бузурги амалӣ дошта, қисмати зиёди онҳо ба фарҳанг ва ҳуввияти миллии мо тааллуқ доранд ва таҳқиқоти онҳо имконият медиҳанд раванди тараққиёти таърихии миллатро муайян созем. Ба даст овардани андешаҳои дуруст доир ба табиати урфу одатҳо яке аз вазифаҳои муҳиму ҳаётии илми мардумшиноси (этнография)-и тоҷик ба ҳисоб меравад.

Пешравӣ ва ақибмондагӣ, эҳёи нав ва таҳаввулот ва ғайраҳо торҳои пайвандгари тамаддун буда, этнографияи имрӯзаи тоҷик бояд ба таҳқиқи сабабҳое, ки зуҳуроти фарҳанг ва қонунҳое, ки ин зуҳурот ба онҳо итоат мекунанд, машғул гардад ва раванди инкишофи фарҳанги миллиро дар самтҳои гуногуни он таҳқиқ намояд.

Урфу одатҳое, ки дар сайри таърихии фарҳанги миллии мо, ҳамчун нишонаҳои роҳ қарор доранд, дорои маънӣ ва моҳияте ҳастанд, ки метавонанд барои пешрафт ва шукуфоии фарҳанги миллати мо хидмат намоянд, зеро онҳо ёдгориҳои тафаккури давраҳои пешини миллат маҳсуб мегарданд.

Дар таърихи дини ислом далелҳои раднопазир вуҷуд доранд, ки табиат ва моҳияти урфу одатҳо ин ҷузъи зарурии дин буда, дар масири таърихи ташаккули миллати тоҷик то умқи тафаккури имрӯзаи ӯ хона гирифтааст. Робитае, ки дар байни дин ва урфу одатҳо вуҷуд дорад,  дорои пайвасти мантиқӣ буда, барои зиндагии рӯзмарраи ҳар як инсон хеле зарур мебошанд.

Дар бисёре аз кишварҳо инсонҳо бо расму оинҳои гуногун зиндагӣ мекунанд, ки донистани онҳо барои давлатдорӣ аҳамияти калон дорад. Ба ҳамин хотир, дар ҳар давру замон аз тарафи ҳокимон ва давлатмардони ҳушёр ҷиҳати шиносоӣ ва омӯзиши фарҳангу расму оинҳои мардум барномарезиҳои муайяне анҷом мегирифт.

Дар асри XIII дар Арагония (имрӯза сарзамини Испания ва Фаронса) Иакови I фармон дод, ки ҳама хизматгорони вай дар хӯроки нисфирӯзӣ беш аз ду навъи гӯшт дигар навъ истифода нанамоянд. Файласуф ва ҳуқуқшиноси машҳури фаронсавӣ Шарл Луи Монтескё (1689-1755) дар китоби 7-уми асари машҳури худ «Рӯҳу-л-қавонин» фасли махсусеро ба масъалаи муносибати се навъи идора ба исрофкорӣ ва карру фарри зиёдатии инсонҳо бахшидааст. Ба андешаи муаллиф «Карру фарри барзиёд ва исрофкорӣ ҳамеша дар муқобили беадолатӣ қарор дорад, зеро дар тақсими баробари неъматҳо карру фарри зиёдатии иддае пайдо шуда наметавонад. Чунин исрофкорӣ суиистифода аз меҳнати дигарон аст».

Этнографи машҳури англис Эдуард Бернетт Тайлор (1832-1917) менависад, ки ҳолатҳои тамаддуни паст дар Аврупо, эҳтимол, боқимондаҳои қадими тағйирнопазири ҷаҳолатро ифода месозанд. Аз ин нуқтаи назар, шаҳодати он ки дар кадом ҳолат минтақаҳои ақибмондаи Ирландия ду ва ё се аср қабл қарор доштаанд, аҷиб аст. Ҳамон вақт аз ҷониби парлумон чунин санадҳо ба муқобили урфу одатҳои қадима интишор ёфта буд. Дар Франш-Конт (Фаронса) бошад, соли 1573 парлумон қонунро дар бораи несту нобуд кардани  соҳирон ва ҷодугарон ба тасвиб расонд.

Ислоҳоти Пётри Кабир дар Россия ба тариқи зайл буд: дар соли 1699 фармонҳои Петр доир ба ислоҳоти «сару либос», дигаргун сохтани тақвим, соли 1701 бошад, рӯҳияи озоди шоҳигарии нав дар дигар амру фармонҳо баён гардида буд. Тибќи ин фармонњо ба зону истодан ҳангоми пайдо шудани  подшоҳ, бе кулоҳ гаштан дар зимистон ҳангоми аз назди қаср гузаштан, риши дароз доштан манъ шуда буд. Дар соли 1702 навбати ислоҳоти ҳаёти оилавӣ оғоз гардида, соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта буд.

Дар соли 1900 бо супориши Генерал-губернатори Туркистон- генерал С.М.Духовский (1838-1901) «Маҷмӯаи маълумот оид ба мусулмонӣ» таҳия гашта, ба таври муфассал хонандаро бо расму оинҳои мардуми маҳаллӣ шинос ва ӯро дар рӯҳияи эҳтиром гузоштан ба тарзи ҳаёти инсонҳо тарбият мекард. Дар ин маҷмӯа, тамоми ҳолатҳои зиндагӣ дар назар гирифта шуда буд, ки агар инсон рафтори шоиста дар ин ҳолатҳоро надонад, мумкин аст дар назди ҳамватанонаш дар ҳолати ногувор қарор гирад. Бинобар ин, дар ин маҷмӯа барои ҳамаи чунин ҳолатҳо тавсияҳои мушаххас дода шуда буд, ки ҳар як  шаҳрванд чї гуна бояд рафтор намояд.

Масъалаи дигаре, ки бояд ба он ба таври дуруст назар карда шавад, ин масъалаи шакл ва шеваи баргузории маъракаҳо ва хурсандиҳо мебошад. Аз назари шариати ислом баргузории маросими хурсандӣ қоидаҳо ва меъёрҳои хоси худро дорад. Дар баъзе аз рисолаҳои аҳли тасаввуф ҳадиси маъруф аз Пайѓамбар (с) оварда шудааст, ки тибќи он Муҳаммад (с) ба Абӯбакр гуфтаанд, ки маросими ақди никоҳ бояд ҳатман бо навохтани олоти мусиқӣ ҳамроҳ бошад (махсусан доира).

Дар Афғонистон низ соли 1925 (1303њ.) «Низомномаи маросими таъзиядорӣ» мувофиқи аҳкоми шаръи шариф ва мутобиқи мазҳаби ҳанафӣ ва имзои Шӯрои уламои ҳайати олияи тамйизияи мунтахабаи маҷлиси Луи Ҷирга қабул гардида буд. Ҳадафи асосии «Низомномаи маросими азодорӣ» аз байн бурдани хароҷоти зиёдатие буд, ки бар дӯши мусибатдорон таҳмил гашта буд.

Ба ақидаи профессор Поршнев Б.Ф. (1905-1972) эътиқоди динӣ дар давраи палеонтропҳо тахминан 200 ҳазор сол пеш ва забони комил бошад, дар давраи неоантропҳо, тахминан 40 ҳазор сол пеш, пайдо шудааст. Чунин ба назар мерасад, ки на танҳо олатҳои кор, балки расму оинҳои динӣ низ дар пайдоиши худ ба нутқи фаҳмо ниёз надоштаанд.

Бо мақсади тараққӣ додан ва ҷорӣ намудани маросими нав дар замони Шӯравӣ бо қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 1972, Низомномаи «Шӯрои ҷумҳуриявӣ ва комиссияҳои ҷамъиятии назди кумитаҳои иҷроияи Шӯрои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии депутатҳои меҳнаткашон оид ба тартиб додан ва дар маишат ҷорӣ кардани маросими нави шаҳрвандӣ» тасдиқ гардида, дар асоси он фаъолият мекарданд.

Дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон анъанаи нав - туйи комсомолӣ расм шуда, ба таври васеъ паҳн гардида буд. Расму оинҳои нав - қайди рӯзи таваллуд, ба сафи Армияи Шӯравӣ гусел кардани ҷавонон, аз сафи армия баргаштани онҳо, гирифтани номаи камол, супурдани билети комсомолӣ, шиноснома, ақди никоҳ, таваллуди фарзанд, рӯзи аввали мактабравӣ, саршавии фаъолияти меҳнатӣ, ҷашнҳои меҳнатӣ ва оилавӣ, гуселкунӣ ба нафақа, идҳои кӯчаву ҳавлӣ, деҳа, хоҷагӣ, муассисаву корхона, заводу фабрика ва ғайра мақоми арзандаро ишғол менамуданд.

Ҳар аср доираи рӯйдодҳои мушаххасеро фаро мегирад, ки махсуси ҳамон аср мебошанд, ба фарҳангу тамаддуни ҷомеа ва сарнавишти инсонҳо бетаъсир намемонад. Дар робита ба ин, дар доираи ҷаҳонбинию урфу одатҳои миллии халқи тоҷик риояи расму оин зина ба зина барои ҳама ҳукми қатъӣ мегирад.

Солҳои 1990-1992 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мисли ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ марҳалаи хеле паст рафтани сатҳи зиндагӣ ба ҳисоб мерафт.Баъди ҳодисаҳои солҳои 1992  мамлакатамон ба бӯҳрони азими иқтисодӣ гирифтор шуд. Бо саъю талошҳо ва таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар соҳаи кишоварзӣ ислоҳоти азиме ба вуҷуд овардан, солҳои 1995 ва 1997 ба аҳолии мамлакат 75 ҳазор гектар (аввал 50 ҳазор ва баъд 25 ҳазор гектар) замин тақсим карда шуд.

Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷамоатчигӣ (30 октябри соли 1999) зикр намуданд, ки «…масъалаи таъмини истиқлолияти озуқаворӣ моро водор намуд, ки ислоҳоти соҳаи кишоварзиро оғоз кунем. Дар ин давра ба аҳолӣ 75 ҳазор гектар замин тақсим карда шуд. Анҷом додани ин кор, яъне тақсими замин кори чандон осон набуд. Зеро чунон ки медонед, ин масъала ба таври ҷиддӣ тағйир додани психологияи одамон ва муносибат ба заминро талаб мекард. Сарфи назар аз муқовимат дар тамоми зинаҳои роҳбарӣ, мо ин корро анҷом додем ва имрӯз бо эътимоди қавӣ метавонем изҳор кунем, ки ин табаддулоте дар муносибатҳои истеҳсолии аграрӣ буд».

Ба аҳолии деҳот тақсим кардани 75 ҳазор гектар замин аллакай натиҷаҳои мусбат бахшид ва замин файзу баракаташро даҳчанд афзун намуд. Мутаассифона, исрофкорӣ ва афзудани ҳирси ҷамъоварии сарват боиси косташавии сатҳи маънавияту рӯзгори қисми зиёди мардуми камбизоат гардида, монеи пешравии ҷумҳурӣ  ба самти тамаддуни умумибашарӣ, сохтани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ мегардид. Ҳамаи инро ба назар гирифта, 9 июли соли 1999 дар шаҳри Душанбе машварати умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму оинҳои халқӣ бо иштироки Президенти мамлакат ва роҳбарони мақомоти ҷумҳуриявӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу интизомӣ, Шӯрои уламо, раисони ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, маҳалҳо баргузор гардид. Дар маҷлис Сарвари давлат таъкид кард, ки «бунёди ҷомеаи мутамаддин тақозо мекунад, ки расму оинҳоро аз зуҳуроти барои имрӯз ва ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро мутобиқи вазъи кунунии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ танзим намоем. Муҳимтарини онҳоро ҳамчун қисми таркибии тамаддун ва фарҳанги миллӣ ҳамаҷониба инкишоф диҳем. Аммо танзим намудан маънои маҳдуд кардани анъана ва расму оинҳоро надорад, балки яке аз роҳҳои мусоидат намудан ба густариши худшиносӣ ва маданияти халқамон мебошад».

Дар ин замина, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июли соли 1999  «Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» содир шуд. Мақсад ва вазифаҳои танзими ҷашну маросим дар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нутқи ӯ дар маҷлиси умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму оинҳои халқӣ ҳаматарафа муайян шуданд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1999 «Низомномаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросими миллӣ» қабул гардид ва дар ҳайати он 22 нафар аз вазорату идораҳо шомил гардиданд. Дар вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҷумҳурӣ комиссияҳои доимоамалкунандаи танзими анъана ва ҷашну маросим ташкил гардид. Раисии Комиссия ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиби масъули Комиссия дар назди шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар радифи фармони Сарвари давлат ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори раисони вилоятҳо ва раисони шаҳру ноҳияҳо ба тасвиб расида, дар асоси он Комиссияи танзими ҷашну маърака ва расму оинҳои мардумӣ дар назди ҳукуматҳои маҳаллӣ ташкил карда шуд, ки ба он муовинони раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо сарварӣ менамуданд. Ба ҳайати Комиссияҳо намояндагони уламои дин, кор бо занон, кор бо ҷавонон, собиқадорони ҷангу меҳнат, васоити ахбори омма, сохторҳои низомӣ, шуъбаҳои фарҳанг, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шомил гаштанд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2000,  Тавсиянома «Оид ба танзими расму ойинҳо ва ҷашну маросими мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Тавсияномаро Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросими миллӣ чун дастурамал барои комиссияҳои анъана ва маросими миллии маҳалҳо пешниҳод намуд.

Бо кӯшиши пайгиронаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросими миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияҳои маҳаллӣ дар мамлакат ҷашну маросим ва тӯю маъракаҳои миллию мардумӣ то андозае танзим карда шуданд. Комиссияи ҷумҳуриявӣ аз моҳи ноябри соли 1999 то моҳи майи соли 2007 чорабиниҳои зиёдеро ба сомон расонид. Аз ҷумла, 16 конференсияи илмию амалӣ, машваратҳои ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 480 машғулиятҳои омӯзиширо дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба танзими ҷашну маросим ва расму оинҳои мардумӣ доир намуд.

Табиист, ки тӯли асрҳо расму анъанаҳо аз авлод ба авлод гузашта, дар тафаккури мардум ҷой гирифтаанд ва ба танзим даровардани он кори осон ва якрӯзаву яксола нест. Фармони Сарвари давлат аз рӯзи эълон шуданаш ба дастгирии умум сазовор гашт.

Тӯю маросим воқеан ҳам нисбатан камхарҷ шуданд. Масалан, дар шаҳри Хуҷанд маъракаҳои «Тӯйбарон», «Салом» дар маъракаи хонадоршавии ҷавонон ва бо тантана додани тилловорӣ хеле кам шуд. Дар маросими дафну азодорӣ ва маъракаҳои баъди он, ба монанди «Шаби сиёҳ», «Бегоҳи охир», «Бист»-ро худи аҳли маҳаллаҳо кам карданд. Дар ҳудуди шаҳри Исфара зиёфати ёру дӯстони домод ва арӯсшаванда, намоиш додани ҷиҳози арӯсӣ кам гардида, анъанаҳои «Оши очагӣ», «Ҳаққи шир», «Маслиҳатошӣ» кам гардид. Дар шаҳри Конибодом низ маъракаҳои «Оши занон», «Духтарталабон» барҳам хурд. Дар шаҳри Истаравшан гузаронидани «Гаҳворабандон», «Очабинон», «Домодталабон», «Арӯсталабон», «Маҷлиси духтарон», «Салом», «Шармшиканон», «Сари ҳафта» манъ карда шуд.

Дар шаҳри Хуҷанд баргузории маъракаҳо, аз ҷумла тӯйи домодию арӯсӣ ва хатнасур хеле ташвишовар буд. Солҳои 90-ум маъракаҳои тӯй хеле вазнин гардида буд, ки он қабл аз ҳама ба теъдоди зиёди меҳмонон вобаста буд. Кор ба ҷое расид, ки дар шаби тӯйи арӯсӣ, домодталабон то 1000 нафарӣ, дар оши наҳор бошад, то 1500 нафар иштирок мекарданд.

Дар ноҳияи Ванҷ андозаи сарфа ва сариштакорӣ риоя намегардид. Дар деҳаҳои Раванд, Техарв ва Ғумаст бошад, то соли 2007  дар як тӯй то 1100 кг гӯшт сарф мешуд. 

Дар шаҳри Кӯлоб соли 2006 маросими дафну азодориро бо 8 маросим: «оши саритахта», «се», «ҳафт», «бист», «чил», «шашмоҳагӣ», «сол» ва бегоҳи ҷумъагиро дар давоми 52 ҳафта мегузарониданд.

Дар тӯйи домодию арӯсӣ дар ноҳияи Ҳисор маъракаҳои хостгорӣ, сафедгирон, парчабуррон, маслиҳатошӣ, ордбезон, нонбандон, оши тӯй, арӯсбарон, сарҷилав, пойандоз, ҳафтталабон бо хароҷоти зиёд гузаронида мешуд.

Аз соли 1999 дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пешгирии зиёноварӣ ба пешрафти кору меҳнат дар ҳудуди шаҳр дар соатҳои барвақти субҳ ташкил намудани маъракаҳои серхароҷоти оши наҳорро манъ карданд (дар рӯзҳои корӣ низ оши наҳор баргузор мегардид) ва гузаронидани тӯю маъракаҳо дар рӯзҳои корӣ пас аз соати 17:30 то соати 23:00 баргузор карда мешуданд.

Маросими динӣ ба зиёфатҳои бодабдаба табдил ёфта буданд ва дастархони маъракаҳои азодорӣ аз хурсандӣ кам фарқ мекардагӣ шуд. Аксарияти мардум бештар ба худи маросим не, балки ба зиёфатҳо таваҷҷуҳ доштанд. Ба ин нигоҳ накарда дар рӯзҳои истироҳат аз соати 6-и субҳ  зиёфатҳо оғоз карда мешуданд. Ҷашни зодрӯз низ баъди соати корӣ пурдабдаба гузаронида мешуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 апрели соли 2007 оид ба омӯзиш ва ба танзим даровардани расму оин ва маъракаҳои серхароҷоти мардумӣ бо иштироки масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Шӯрои уламои Маркази исломӣ машварати корӣ доир намуд.

Бо фармоиши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2007 бо мақсади иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди омӯхтани вазъи анъана ва маросими миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҷиҳати омодагӣ ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони маҳалҳо ва намояндагони аҳли дини мамлакат гурӯҳҳои кории олимони соҳаи дин, ҳуқуқшиносон, шоирону нависандагон ташкил карда шуд.

Дар таърихи 12 майи соли 2007 бо ҷалби домуллоҳои эътирофгардида, олимони соҳа, шахсони обрӯманди ҷумҳурӣ тамоми расму оинҳо ва маросиму маъракаҳои мардумиро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Гурӯҳи кории ҳуқуқшиносон якҷо бо Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросими миллӣ гузоришҳо ва таклифу дархостҳои аз шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ пешниҳодгардидаро таҳлил намуда, ба Президенти мамлакат пешниҳод намуданд.

Дар таърихи 23 апрели соли 2007 бошад, дар ҳузури Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоришу ҳисоботи роҳбарони гурӯҳҳои корӣ доир ба омӯзиши афкори ҷомеаи ҷумҳурӣ, расму оинҳои мазҳабии мамлакатҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, Арабистони Саудӣ, Миср ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, инчунин, гурӯҳҳои кории олимони соҳаи дин ва ҳуқуқшиносонро, ки бо супориши Президенти Тоҷикистон беш аз 20 рӯз инҷониб бевосита бо мардум вохӯриҳову суҳбатҳо дошта, маросими динии кишварҳои зикршуда ва масъалаҳои танзими ҳуқуқии маросими милливу мазҳабиро мавриди омӯзиш ва таҳқиқоти амиқ қарор додаанд, шунида шуд.

Вобаста ба масъалаҳои омодагӣ ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат ва қабули лоиҳаи қонун оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим, фикру мулоҳизаҳо, эроду дархостҳо ва хоҳишу пешниҳодҳои тамоми қишрҳои ҷомеа ба инобат гирифта шуд. Президенти мамлакат ба роҳбарони гурӯҳҳои корӣ супориш доданд, ки лоиҳаҳои таҳияшавандаи санадҳои танзимкунандаи маросими милливу мазҳабӣ бояд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва Қуръони маҷид ихтилоф надошта бошанд.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» бо ҷалби мутахассисони ҷомеашинос, олимони соҳаи дин, шахсони рӯзгордида барномаҳои алоҳида вобаста ба ҳар як маърака ва анъанаҳои мардумӣ ва микрофони озод дар шаҳру ноҳияҳо ташкил ва намоиш медоданд.

Ҳамин тариқ, лоиҳаи қонун бо дарназардошти зиёда аз 20 ҳазор дархосту пешниҳодоте, ки ба сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳҳои кории Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва тавассути шабакаҳои телевизионӣ ворид шуда буданд ва баррасиву таҳлили қонуниву шариатии маросим ва таҷрибаи кишварҳои мусулмонӣ, инчунин вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистон, бо супориши Сарвари давлат аз ҷониби гурӯҳи ҷомеашиносон, диншиносон ва ҳуқуқшиносони варзидаи мамлакат  таҳия гардид.

24 майи соли 2007 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат оид ба танзими расму оинҳо ва анъанаву маросими миллӣ дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор карда шуд.

Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар мулоқот таъкид намуданд: «Мо бояд ба хотири рӯзгори босаодат, беҳбудии сифати зиндагии мардум ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ арзишҳои беҳтарини расму оинҳои миллӣ ва диниро оқилона ва одилона истифода барем. Бо ин иқдоми хайру савоби худ мо ба ислоҳоти ҷиддии иҷтимоӣ оғоз мебахшем».

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иқтисодии мардум, баланд бардоштани маданияти маъракаороии шаҳрвандон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ 8 июни соли 2007 қабул гардид. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 16 модда иборат аст.

Иҷрои талаботи қонун аз тарафи мақоми ваколатдор - Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ карда мешавад.

Ҷиҳати татбиқи қонуни миллӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти мамлакат 503 комиссияҳои доимӣ ва дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, 7086 комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросим фаъолият доранд.

Таҷрибаи татбиқи қонуни миллӣ исбот намуд, ки вобаста ба рушди ҷомеа ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» такмил дода шавад. Бинобар ин, дар давоми 12 сол ба қонуни мазкур се маротиба (16 июни соли 2008, 21 июли соли 2010 ва 28 августи соли 2017) тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки марҳалаи фаҳмондадиҳӣ бомуваффақият анҷом ёфт ва ягон нафар ҳуқуқи маънавии поймол намудани иҷрои талаботи бандҳои онро надорад.

Давоми 12 сол дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобчаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо теъдоди як миллиону 100 ҳазор ва тафсири он бо теъдоди 60 ҳазор чоп гардида, ба ҳар як оила расонида шудааст.

То қабули қонуни миллӣ ба ҳар оилаи тоҷик тақрибан 70 маъракаву маросим, аз ҷумла 10 маросими азодорӣ ва беш аз 60 маъракаи хурсандӣ рост меомад, ки на ҳамаи онҳо бо арзишҳои милливу мазҳабии мо мутобиқат доштанд.

Мулоқоти минбаъдаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим бо роҳбарони сохторҳои дахлдор ва фаъолони мамлакат 24 майи соли 2007,  4 июли соли 2013 ва 11 июли соли 2017 баргузор карда шуд.

Бо дарки масъулият гуфтан мумкин аст, ки ин мулоқоти Сарвари давлат заминаи фарҳангии ҳастии миллатро мустаҳкам намуда, бо суханҳои хирадмандона ва пандомӯз барои ояндаи дурахшони насли наврас - асос, барои фаъолони мамлакат - дастури коргузорӣ ва барои миллат - созандагиро роҳнамоӣ мекунад.

Президенти мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (22 декабри соли 2016) ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» - ро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад.

Ин пешниҳоди Президенти мамлакат тақозои замон буда, омӯзиши анъанаву ҷашну маросим ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад.

Айни замон омӯзишу риояи қонуни миллӣ тамоми қишрҳои ҷомеаро фаро гирифтааст ва тавассути барномаҳои таълимиву истифодаи усулҳои гуногуни тарбиявӣ хонандагон низ аз урфу одатҳо огоҳ ҳастанд ва расму оинҳоро риоя мекунанд.

Зиндагӣ исбот кард, ки иқдоми Пешвои миллат ҷиҳати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои муҳофизату нигоҳ доштани расму таомул ва анъанаҳои миллӣ саривақтӣ ва зарурӣ буда, шароити зиндагии мардумро беҳтар ва баргузории маъракаҳоро фароҳам овард.

Бидуни шакку тардид ҳақ ба ҷониби  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст ва ҳар яки мо - падару модар, омӯзгор, хидматчии давлативу соҳибкор вазифадорем, ки дар амалӣ намудани қонуни миллӣ намуна ва ҳиссагузор бошем.

Одинашоҳ Вализода,

мудири шуъбаи дин, танзими анъана

ва ҷашну маросими ДИП ҶТ

Бознашр аз сомонаи Кумитаи дин

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар