Асосӣ Мақолаҳо Истиқлолияти Давлатии Тоҷикистон ва хифзи амну субот

Истиқлолияти Давлатии Тоҷикистон ва хифзи амну субот

Истиқлолияти Давлатии Тоҷикистон ва хифзи амну субот
2019-11-01
1811

Дар ҷаҳони муосир тибқи маълумоти этнологҳо 3-4 ҳазор халқият зиндагӣ мекунанд, ки аз ин миқдор танҳо ҳудуди дусад халқият давлати худро дошта, дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун субъекти соҳибихтиёр фаъолият мекунанд. Миёни ин ҷамъияти башарӣ тоҷикон низ аз ҷумлаи умумиятҳои этникие мебошанд, ки тавонистанд то ба сатҳи миллат ташаккул ёфта, ба бузургтарин ҳадафи миллию сиёсӣ, яъне ташкили давлати мустақил мушарраф шаванд.

Тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки дар тӯли ду ҳазор соли сипаригаштаи милодӣ чӣ қадар давлатҳои хурду бузург аз миён рафтанд, чӣ қадар империяҳои тавоно завол ёфтанд, чӣ қадар халқу миллатҳои бонуфуз аз харитаи олам беному нишон гаштанд ва забонҳои машҳуру фарҳангҳои оламгир ба фаромӯшхонаи таърих афтоданд.

Тайи ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон низ сахтиҳои зиёди таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронда, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон рисолати давлатдории тоҷикон номид. Расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, ки ба оғози солҳои 90-ум рост омад, арзиши бузуги давлатдории тоҷикон аст.

Тамоми муборизаҳое, ки дар тӯли таърих аз ҷониби тоҷикон анҷом дода шудааст, ҳадафи озодӣ ва истиқлолхоҳӣ ҳамеша дар меҳвари онҳо қарор дошта, истиқлолият ҳамчун ормони бузурги ҳастии миллӣ ба шумор мерафт. Ҳар насли гузаштаи даврони зулми аҷнабиён бо ормони озодӣ зиндагӣ мекард ва бо ҳамин ормон аз дунё мерафт. Насли имрӯза аз ҷумлаи хушбахттарин тоҷикон дар тамоми давраи таърихии ҳастии миллат мебошанд, зеро онҳо дар ҷамъбасти ормонҳои ҳазорсолаи миллат, яъне расидан ба истиқлолият зиндагӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, доштани ифтихор аз истиқлол ниҳояти кор нест. Дар зинаи кунунии рушду инкишоф ва авҷи рақобатҳои шадиди геополитикӣ, дар баробари ифтихори миллӣ, доштани ибтикори миллӣ барои ҳар як сокини кишвар муҳим мебошад.

Айни замон миллатҳое мавҷуданд, ки аз нигоҳи таърих, фарҳангу оин, забон ва таркиби демографӣ ҳуқуқи табиии ташкили давлати мустақилро соҳиб мебошанд, аз ҷумла, фаластиниҳо, курдҳо, баскҳо, тибетиҳо, сикхҳо ва ғайра, вале бо бовуҷуди муборизаи пайвастаашон тайи асрҳо, ба ин мақсади худ ноил намешаванд. Масъала ба он вобаста аст, ки дар давраи муосир барои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ танҳо иродаи халқ басанда нест, балки кӯшиш ва хоҳиши созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аз ҳама муҳимаш пуштибонии сиёсии қудратҳои бузург зарур мебошад.

Бояд зикр намуд, ки дар баробари бадастории соҳибихтиёрии миллию давлатӣ ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии давлат афзалияти бештар пайдо мекунад. Танҳо дар даҳсолаи охир чандин ҳолатҳое ба вуқӯъ пайвастанд, ки аз мушкилоти рӯзафзуни ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ гувоҳӣ медиҳанд. Минтақаҳо ва сокинони алоҳидаи давлатҳо аз ҳукумати марказӣ рӯй гардонда, худро мустақил эълон намуданд ва бо ҳамин гӯё худро ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ муаррифӣ карданӣ мешаванд. Ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазия, ки таркиби маъмурии Гурҷистон маҳсуб меёбанд, худро соли 2008 мустақил эълон намуданд. Ҳамзамон соли 2014 вилоятҳои Донетск ва Лугански Ҷумҳурии Украина аз вазъияти бӯҳронии давлат истифода карда, мустақилияти хешро эълон доштанд.

Дар ҳолатҳои мазкур ҳарчанд ташаббуси худи халқҳои ин минтақаҳо нишон дода шавад ҳам, ҳатман бо дастгирӣ ва мусоидати қудратҳои алоҳида амалӣ мегардад. Формулаи «тақсим намову ҳукумат рон» аҳамияти бештар пайдо мекунад. Ин стратегияи қудратҳои ҷаҳон, ки тибқи сенарияи «ҳаст кардани чанд миллати хурд ва нобуд сохтани як давлати бузург» анҷом дода мешавад, хатари бузурге барои Истиқлолияти давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои миллӣ, вале имкони хуб барои давлатҳои бузург ҷиҳати тавсеа бахшидани нуфузи худ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сенаряи мазкур ҳанӯз дар солҳои 90-ум мавриди татбиқ қарор дода шуда буд. Минтақаҳоро ба душмани ашадии якдигар табдил дода, кушиши дар ҳудуди як водӣ сохтани давлати алоҳида рӯйи даст гирифта шуд. Муборизаҳои сиёсии қувваҳои гуногун дар бадтарин шакли зоҳиршавии терроризм амалӣ мегардид.  Ҳамаи ин дар якҷоягӣ давлатро ба марҳалаи нестии воқеӣ наздик сохт, аммо бо кушишҳои солим ва бо талошҳои ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо гардида, ҳамаи ин равандҳои ҷудоихоҳӣ зина ба зина аз байн бурда шуд. Аз ин рӯ, ваҳдати миллиро истиқлолияти дубораи Тоҷикистон номидан мумкин мебошад. Дар партави он миллат ба истиқлолияти фикрӣ расид, худро шинохт ва сохт.

Мутаассифона, баъзан ақидаҳое миёни омма ва ҳатто зиёиён мавҷуд аст, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ягон заҳмат ва муфт ба даст омадааст. Бояд таъкид намуд, ки ин зумра инсонҳо фақат парокандашавии ногузири Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳамин тавр ба ҷумҳуриҳои мустақил табдил шудани давлатҳои иттифоқро асос қарор медиҳанду халос, аммо надида мегиранд, ки барои Тоҷикистони шӯравӣ, ки замина барои таъсисёбии Тоҷикистони мустақил шуд, чӣ қадар заҳматҳо паси сар шуда буданд. Заҳматҳо ва талошҳое, ки фарзандони барӯманди тоҷик дар солҳои 20-уми асри XX ба муқобили пантуркизм ва мавқеи яктарафаи роҳбарияти ҳамондавраи Иттиҳоди Шӯравӣ барои ташкили ҷумҳурии мустақил бурданд, аз рӯйи аҳамият на камтар аз он муборизаҳое буд, ки бар зидди лашкари искандариҳову чингизиҳо ва арабҳо анҷом дода шудааст. Бинобар ин, агар мо гӯем, ки Истиқлолияти давлатиро на муфт аз давлати Шӯравӣ, балки аз гузаштаи бофитихори худ мерос гирифтем, мантиқӣ хоҳад буд.

Вобаста ба андешаҳои болозикр аз ҷониби Пешвои миллат дар суханронӣ ба ифтихори 11-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ зикр гардида буд: «Ақидаи ба осонӣ соҳиби мустақилият гардидан, шояд зоҳиран дуруст бошад, вале агар мо ба моҳияти масъала ва ҷавҳари бунёдии он назар андозем, бараъло мебинем, ки истиқлолият ва озодӣ дар давоми садсолаҳо маънии таърихи халқи мо будааст. Яъне расидан ба озодии сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама, соҳибихтиёрӣ дар корҳои давлатдорӣ, аз ҷумлаи талошҳои тӯлонӣ ва ҳамешагии миллати мо дар давоми ҳазорсолаҳо буд».

Дар замони худ Макиавеллӣ зимни таҳлили таҷрибаҳои воқеии давлатдорӣ ду хулосаи муҳимро зикр намуда буд: а) «нигоҳ доштани ҳокимият нисбати бадастории он мушкил аст»; б) «ба даст овардани ҳокимият мушкилтар аз нигоҳ доштани он мебошад». Ин ду андешаи ба ҳам зидди худро ӯ дар асоси далелҳои мушаххас тасдиқ намудааст. Воқеиятҳои низоми сиёсии муосир бошанд, водор месозанд, ки ба андешаҳои мазкур бо диди дигар назар афканем. Низоми сиёсии олами муосир чунон мураккаб шудааст, ки «ҳам ба даст овардани ҳокимият ва ҳам нигоҳ доштани он мушкил гардидааст». Ин ҷиҳат на танҳо хоси ҳокимият, балки ба тамоми арзишҳои сиёсӣ, аз он ҷумла ба Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату якпорчагӣ низ марбут мебошад. Дар таҷрибаи имрӯзаи байналмилалӣ метавон ба тавре возеҳ ин воқеиятро мушоҳида намуд.

Зери таъсири равандҳои ҷаҳонӣ сол то сол масъалаи «нисбият»-и Истиқлолияти давлатӣ рӯзмарра мегардад. Бавуҷудоии созмонҳои байналмилалӣ, ҷаҳонишавӣ ва сар задани хатарҳои глобалӣ дар назди давлатҳо масъалаи «маҳдудсозии ихтиёрӣ ва додани як қисми ҳуқуқҳои соҳибихтиёрӣ»-ро ба субъектони дигари байналхалқӣ эҷод намуданд. Ҳамин тавр, соҳибихтиёрии давлатӣ, ки истиқ­лолияти комили давлат дар муносибатҳои дохилӣ ва хориҷӣ маънидод мешуд, тағйири мазмун менамояд. Бо вуҷуди ин, ҳолати мазкур дар муносибатҳои байналмилалӣ на коҳишёбии соҳибихтиёрии давлатҳо, балки баръакс механизми мустаҳкам намудани Истиқлолияти давлатӣ пазируфта мешавад, зеро давлатҳо ба муқобили хатарҳои бузурги байналхалқӣ (терроризм, экстремизм, сепаратизм ва ғайра) имкони дар алоҳидагӣ бурдани муборизаро соҳиб нестанд. Ин падидаҳо амнияти давлатро зери хатар қарор дода, эҳтимолияти аз байн бурдани якпорчагии давлатро ба вуҷуд меоранд.

Хусусан дар шароити муосир терроризм ва экстремизм яке аз таҳдидҳои асосӣ ба Истиқлолияти давлатҳо ба шумор мераванд. Мутаассифона, терроризм ва экстремизм дар сиёсати байналхалқӣ ҳам “баҳонаи сулҳ” ва ҳам “баҳонаи ҷанг” шудааст. Давлате бо баҳонаи даст доштан ба терроризм маҳкум ва ба сарзамини он тамоми қувваҳои низомӣ кашида шуда, гирифтори оташи ҷангу хунрезӣ карда мешавад. Кишвари дигареро қурбонии терроризм ва экстремизм унвон намуда, ба хоки он неруҳои ҳарбии байналмилиро ворид мекунанд ва вазъи сиёсию амниятӣ, субот ва муҳимтар аз ҳама истиқлолияти онро зери хатари амиқи нобудшавӣ қарор медиҳанд.

Яке аз сабабҳои асосии сар задани терроризм ва экстремизм дахолати бевоситаи қудратҳои ҷаҳон ба корҳои дохилии давлат мебошад. Дахолат ба сиёсат, беэътиноӣ ба арзишҳои миллии он, ки амали ошкорои зери суол бурдани Истиқлолияти давлат аз ҷониби қудратҳои ҷаҳон мебошад, мавҷи эътироз ва муборизаҳои ҷамъиятиро ба вуҷуд меорад.    

Ҷиҳати дигари зоҳиршавии падидаи терроризм ва экстремизм пинҳон намудани ғояҳои ифротӣ зери “чатри озодихоҳӣ” ва таҳти “парчами ҳуқуқу озодиҳои инсон” мубориза бар зидди ҳукуматҳо мебошад. Гурӯҳҳои ғаразнок дар дохили давлат бо истифода аз манипулятсияи сиёсӣ доираи муайяни ҷонибдоронро атрофи худ ҷамъ намуда, зидди фаъолияти ҳукуматҳои миллӣ муборизаро оғоз мекунанд. Тайёранд, ки бо ҳар гуна қиммате, ҳатто баҳои ҷони мардум ва харобиҳои зиёд, ба ҳадафҳои харобкори сиёсии худ мушарраф шаванд.

Мушкилоти дигар дар самти мубориза бо падидаҳои мазкур ба тафовути фаҳмиши терроризм ва экстремизм ва гуногунии шеваи мубориза бо ин таҳдидҳо аз ҷониби субъектони муносибатҳои байналхалқӣ мебошад. Давлатҳо дар ҳар ду маврид нигоҳи ягона надоранд ва ба сиёсати духӯра бештар роҳ медиҳанд.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷиҳатро мавриди назар қарор дода, борҳо дар ҳамоишҳои сатҳи баланд муносибати духӯраи кишварҳоро мавриди эроди ҷиддӣ қарор додаанд. Ҳолати ҷойдошта водор месозад, ки дар тасмимҳои амниятӣ пурра такя намудан ба неруи беруна чандон ба манфиат нест. Зеро мавқеи давлатҳо дар созишнома дигар асту дар тарзи амал дигар.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ зарур аст, ки дар самти таҳкими пояҳои соҳибихтиёрӣ, таъмини амният ва суботи сиёсӣ бештар ба захираҳои дохилӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Бахусус, дар ин самт механизмҳои “нарм”-и ҳифзи якпорчагӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ муҳим мебошанд. Аз ҷумла, дар ояндаи рушди Тоҷикистон чор унсури муҳими давлатдорӣ: ҳуқуқбунёдӣ, дунявият, ягонагӣ ва татбиқи воқеии принсипҳои демократия ҳамчун чор унсури ҳастӣ (об, хок, бод ва оташ) омили ногузир ва боэътимоди ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар самти татбиқи ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ тарғиб намудани унсурҳои мусбати раванди рушди давлатҳо ҳамчун намунаи ояндасозии Тоҷикистон зарур мебошанд. Истифода кардан аз намунаҳои манфӣ дигар хоси давраи кунунии рушд нестанд. Ҳадаф аз намунаи мусбат ва манфӣ чӣ аст? Яъне Тоҷикистонро дигар набояд бо давлатҳои гирифтори ҷанг муқоиса кард. Тоҷикистони имрӯза дигар кишвари ҷангзада нест. Дар мизони муқоиса ва баҳогузории сиёсӣ давлатҳои болозикр дигар бо Тоҷикистон ҳамвазн нестанд. Минбаъд бояд кӯшиш намуд, ки рушду инкишоф ва фазои сиёсии давлат дар оинаи давлатҳои рушдёфта бештар натиҷагирӣ карда шавад. Мувофиқи мақсад аст, ки дар таҳияи механизмҳои тарғиботӣ намунаҳои мусбат бештар мавриди истифода қарор дода шаванд. Яъне ба ҷойи овардани мисол аз давлатҳои ҷангзада, тахайюли насли муосирро бояд бештар баҳри расидан ба сатҳи давлатҳои амнтарин ва мутараққӣ ба монанди Исландия, Австрия, Норвегия, Ҷопон, Шветсария ва ғайра ҷалб намуд.

Зимнан, Истиқлолияти давлатиро ҳамчун фазои расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ ва ғояҳои созанда бояд ҳифз кард, арзишҳои волои давлатдориро аз манфиатҳои фардию оилавӣ ва гурӯҳӣ боло гузошта, пайи татбиқи санадҳои бунёдии давлатдорӣ ва ҳидоятҳои созандаи роҳбарияти олии кишвар саъю талош намуд.

Маъруф Абдуҷабборов,

корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар